Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар назари аввал чунин менамояд, ки сирк куҷову сиркбозии духтари тоҷик куҷо?! Дуруст аст, ки мо аз байни занон пизишкони машҳур, омӯзгорони маъруф, олимаҳои номдор ва сарварони кордон дорем, бо ному кори онон ифтихор менамоем. Аммо, дар бораи он ки сиркбоздухтарони машҳур доштем ва дорем, кам шунидаем ва ё умуман нашунидаем. Ин аз он аст, ки бо олами сирк ошно нестем. Роҳу пайроҳаи духтарони сиркбоз ба сирк гуногун аст, ҳар кадомашон як олам саргузашт доранд...
Дар шароити муосир омӯзиш ва истифодаи захираҳои табиии шифобахш, аз ҷумла чашмаҳои гарми минералӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ касб намудааст. Бо рушди босуръати илму техника ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеа ба саломатӣ, масъалаи истифодаи манобеи табиии табобатӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтааст. Чашмаҳои гарми минералӣ ҳамчун манбаи нодири табобати табиӣ на танҳо дар тибби халқӣ,..
Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон мебошад, ки ба сохтани табақу кафлезу қошуқи чӯбӣ алоқаманд аст. Барои тарошидани табақ устоҳо бештар аз чӯби зардолу, чормағз, чанор ва тут истифода мекунанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар об муддати тӯлонӣ мепартоянд, ки мағз ба мағзи чӯб дар об тар шавад ва дар вақти тарошидан накафад...
Дар байни мардуми тоҷик истифодаи касбу ҳунар яке аз омилҳои асосии рӯзгузаронӣ буда, тӯли қарнҳо бо василаҳои мухталиф аз насл ба насл интиқол меёбанд. Маҳсулоте, ки ҳунарманд барои истифодаи умум пешкаш мекунад, вобаста ба талабот ва замон дар ҷомеа харидорони худро дошта, ниёзи мардумро дар зиндагӣ бароварда мегардонанд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз замонҳои қадим заҳматкашу меҳнатдӯст буда...
Ноҳияи Лахш тахминан сесад километр дуртар аз пойтахти кишварамон ҷойгир аст. Водии Раштро аз ғарб кӯҳҳои Гулузиндону Вахш, аз шимол Ҳисору Зарафшон, аз ҷануб Дарвоз иҳота кардаанд. Маънои Раштро забоншиносон “сурх” шарҳ додаанд, ки ба сурхзамин будани ин маҳал робита дорад. Беҳуда нест, ки шохоби руди Вахшро ҳам Сурхоб мегӯянд. Сурхоб дар осори таърихӣ рӯди Вахш ном дошта,..
Норак яке аз мавзеъҳои дилрабо ва зебои кишвар буда, бо фарҳангу асолати мардумонаш, бо шеваи хоси гуфтору маишати рӯзгордорӣ, меҳмоннавозию лутфи латифаш вижагиҳои хос дорад. Ин макони дилнишин на танҳо бо табиати зебо, балки бо ҳунарҳои қадимааш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст...
Арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ин нигоҳдории урфу одат ва анъанаҳои ҳамон қавму миллат мебошад. Дар байни мардуми тоҷик як зумра анъанаҳое мавҷуданд, ки таърихи тўлонӣ дошта, имрўзҳо низ аз насл ба насл интиқол ёфта, моҳияти худро аз даст надодаанд. Тўли зиндагии хеш одамон кўшиш мекунанд, ки ...
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фарҳангии худро ба ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ равона намуд. Дар ин замина, театрҳои халқӣ ҳамчун шакли дастраси санъати саҳнавӣ барои омма аҳамияти хос пайдо карданд. Театрҳои халқӣ на танҳо як василаи фароғат, балки унсури муҳими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа гардиданд...

