АСРОРИ ҶОМАДӮЗИИ РУХМАНОЙ БОҚИЕВА

Шаҳри бостонии Истаравшан (собиқ Уротеппа) бо таърихи беш аз 2500-солаи худ яке аз гаҳвораҳои асосии тамаддун ва афзори косибии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Мавқеи ҷуғрофии шаҳр дар масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим замина гузошт, ки дар ин ҷо мактабҳои беназири ҳунармандӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, кулолгарӣ, кордсозӣ ва ҷомадӯзӣ ташаккул ёбанд. Ин шаҳри куҳанбунёд дар давоми асрҳо ҳамчун маркази муҳимми тиҷоратӣ ва фарҳангӣ хизмат карда, косибони он бо маҳсулоти дастии худ на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар бозорҳои беруна низ шуҳрат ёфтаанд. Ҳар як кӯча ва растаи Истаравшан аз таърихи бой ва фарҳанги баланди шаҳрдорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Саҳми ин шаҳр дар ҳифзи мероси маънавии миллат боис гардид, ки Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ Истаравшанро расман мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» эълон намояд. Дар ин замина, ҳунари ҷомадӯзӣ ҳамчун рамзи ҳувияти милливу фарҳангӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Ҷомадӯзӣ дар Истаравшан на танҳо як шуғли оддии рӯзмарра, балки санъатест, ки дар он орзуву омол, ҷаҳонбинӣ ва завқи эстетикии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Ин мақом уфуқҳои навро барои муаррифии санъати ниёгон дар арсаи байналмилалӣ боз намуд ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин гӯшаи қадимаи Тоҷикистон бештар ҷалб кард.

Зимни сафари хидматӣ ба шаҳри бостонии Истаравшан дар растаи ҷомафурушони бозори шаҳрӣ бо фарзанди ҳунарманди моҳир ҷомадӯз Рухманой Боқиева-Таборак Ҳафизова мусоҳиба доир кардем. Дар рафти суҳбат Т. Ҳафизова нақл намуд, ки «сирру асрори ин касб тавассути анъанаи “устод-шогирд” ва аз авлод ба авлод интиқол ёфтааст». Ин раванди таълимӣ ва тарбияи ҳунарӣ имкон медиҳад, ки нозукиҳои дӯхт, интихоби нақш ва сифати маҳсулот дар тӯли асрҳо бетағйир ва устувор боқӣ монанд. Ҳар як шогирд пеш аз он ки ҳамчун устои мустақил шинохта шавад, солҳои зиёд таҳти назорати устодони ботаҷриба заҳмат мекашад ва тамоми паҳлуҳои ин ҳунари мураккабро аз худ мекунад.

Ҷома на танҳо ҳамчун либоси гармкунанда, балки нишондиҳандаи мақоми иҷтимоӣ, синну сол ва мавқеи фарди ҷомеа хидмат мекунад. Дар фарҳанги суннатии тоҷикон, аз рӯи намуди ҷома, сифати матоъ ва ороишоти он мардум имкон пайдо мекард, то ба таври рамзӣ дар бораи ҷойгоҳи шахс, оиладор ва ё муҷаррад будани ӯ, инчунин касбу кораш маълумот пайдо кунад. Ҷомаҳо дар маросими муҳим, аз қабили хатнасур ва тӯйи домодӣ то маросими дафну азодорӣ ва қадрдонии калонсолону меҳмонон истифода мешаванд. Ин хусусият нишон медиҳад, ки ҷомадӯзӣ ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии халқ алоқамандии зич дорад.

Ҷомадӯзони Истаравшан дар интихоби матоъ ва ороиши он соҳиби завқи баланд ва дониши дақиқи этнографӣ мебошанд. Барои омода намудани ҷомаҳо, вобаста ба таъйинот ва ҷинсияти шахси истифодабаранда, матоъҳои махсус ва фарқкунанда истифода мешаванд. Интихоби матоъ марҳилаи аввал ва муҳимми раванди тиҷоративу эҷодии ҳунарманд ба шумор меравад, зеро матои дуруст интихобшуда устувории либос ва зебоии нақшро таъмин менамояд. Ҷомадӯзон ба сохтор ва таркиби риштаҳо аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Барои ҷомаҳои мардона бисёр вақт матоъҳои нисбатан устувор, вазнин ва дорои нақшҳои расмӣ истифода мешаванд. Намудҳои асосии матоъҳои мардона беқасаб, алоча, сатин, бахмал мебошанд.

Ҷомаҳои занона бо нафисӣ, дурахши рангҳо ва нақшҳои мураккаби худ аз ҷомаҳои мардона фарқ мекунанд. Онҳо зебоии зани тоҷикро инъикос намуда, бо рангҳои дурахшон ва ҷолиби худ диққати ҳар як бинандаро ҷалб месозанд. Дар ҷомаҳои занона матоъҳои асосии зерин атлас, адрас истифода карда мешавад.

Илова бар матоъҳои берунӣ, абра барои астари дарунии ҷомаҳо матоъҳои Чит ва Суф истифода мешаванд. Интихоби ин матоъҳо ба он хотир аст, ки онҳо бояд барои бадан мулоим бошанд, гигиенаи баданро таъмин кунанд ва дар фасли сармо гармиро хуб нигоҳ доранд. Ҷомадӯзони касбӣ мегӯянд, ки сифати астар баробари матои рӯйи ҷома муҳим аст, зеро он сохтори умумии либосро нигоҳ медорад ва ба он шакли зебо медиҳад.

Раванди технологӣ ва сохтори дӯхтани ҷома дар Истаравшан ниҳоят мураккаб буда, дақиқкорӣ ва таҳаммулро талаб мекунад. Хусусияти фарқкунандаи ҷомаи суннатии истаравшаниҳо дар усули хосси қабатгузорӣ ва дӯхти дастӣ мебошад, ки онро дар илми этнография «Лагандакунӣ» ё «Рӯйдӯзӣ» меноманд.

Дар умум метавон гуфт, ки ҷомадӯзии шаҳри Истаравшан на танҳо як навъи машғулияти косибӣ, балки унсури муҳимми ҳифзи мероси таърихии халқи тоҷик мебошад. Дар шароити кунунӣ ҳунари ҷомадӯзӣ дар Истаравшан на танҳо ҳамчун як унсури осорхонавӣ ҳифз мешавад, балки уфуқҳои нави рушди иқтисодиву тиҷоратиро соҳиб гаштааст. Бо дастгирии бевоситаи давлат ва барномаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷомадӯзон ба соҳибкории хурду миёна ҷалб карда шудаанд. Имрӯзҳо дар шаҳр корхонаҳои хурд ва сехҳои хонагии ҷомадӯзӣ фаъолият мекунанд, ки садҳо занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва даромади устувор таъмин менамоянд.

Ғафуров Ҷамшед

барчасп: