Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дорои аҳаммияти сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин рӯз бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 иртибот дошта,..
Ёдгориҳои таърихӣ яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои омузиши таърихи гузашта, шинохти ҳувияти миллӣ ва дарки роҳи тайкардаи ҳар як халқу миллат ба шумор мераванд. Онҳо на танҳо бозгӯкунандаи рӯйдодҳои таърихӣ, балки таҷассумгари фарҳанг, анъана, ҷаҳонбинӣ, ҳунар ва дастовардҳои маънавию моддии ниёгони мо мебошанд...
Шаҳри бостонии Истаравшан яке аз қадимтарин минтақаҳои таърихию фарҳангии кишвар ба шумор рафта, эҳёгари навъҳои ҳунари суннатии ниёгони мо мебошад. Ин шаҳри куҳан имрӯз ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” шинохта шуда, он ҳамчун осорхонаи таърихи зиндаи халқи тоҷик унвон мегардад...
Ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ нашри «Донишнома»-и фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ маъруфу машҳур дар Шарқ бо номи Ибни Сино ва лақаби ифтихории Шайхурраис ва дар Ғарб бо номи лотинишудаи Авитсена муборак бошад...
Китобхона оинаи маънавии ҷомеа ва ганҷинаи бебаҳои хираду маърифати инсоният ба шумор меравад. Зеро дар саҳифаҳои китоб таърихи халқҳо, таҷрибаи наслҳо, дастовардҳои илмӣ ва арзишҳои волои фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд. Мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа хеле муҳим буда, он ҳамчун маркази маърифат...
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат дар таърихи ҳар як давлат нақши бузург дорад. Он на танҳо асоси ҳуқуқии давлатдорӣ, балки таҷассумгари орзуву ормонҳо, мақсаду маром, арзишҳои миллӣ ва иродаи халқи соҳибихтиёр мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва кафили зиндагии осоиштаи ҷомеа ба шумор меравад...
Фарҳанг яке аз рукнҳои муҳимми ҳастии миллат, омили таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ аҳаммияти бештар касб менамоянд...
Мақоми театру синамо новобаста ба давру замон дар ҷомеа ҷойгоҳи баландро соҳиб гардида, тавонистааст, ки дар ташаккули маънавиёт ва тарбияи ахлоқиву эстетикии насли наврас ба ҳайси як муассисаи фарҳангӣ фаъолият намояд...

