Дорбозӣ яке аз навъҳои сирки анъанавии халқи тоҷик ба шумор рафта тақрибан 2,5 ҳазор сол пеш дар Шарқ пайдо гардидааст. Дорбозон бар болои сутунҳои ба замин мустаҳкам кӯфташуда тори симӣ ё арғамчин кашида ҳунарнамоӣ мекарданд. Пажуҳишгари маъруфи тоҷик Дилшод Раҳимӣ дар китобу мақолаҳояш дар бахши дорбозӣ чунин гуфтааст: “Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашну хурсандиҳо ва сайрҳои оммавӣ, намоишҳои сирки халқиро барпо менамудаанд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт. Дастаи дорбозон одатан аз 2-3 дорбоз, 2-масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблаку нағора иборат буда барномаҳои рангин доштаанд”.
Имрӯзҳо дар кишвар ҳунармандони дорбоз хеле кам мондаанд. Зимни сафара хизмати дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо яке аз чеҳраҳои гиромиву шинохта, дорбози мардумӣ Усмон Азаматов ҳамсӯҳбат гаштем, ки панҷову ду баҳори умрашро ба санъати дорбозии мардумӣ бахшидааст. Ӯ дар соли 1955 дар шаҳри Чиптураи ноҳияи Шаҳринав дида ба олам кушода аз соли 1963 то имрӯз сокини кӯчаи Зубайдуллоеви шаҳраки Шаҳритус буда, дороимаълумоти олӣ, Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Ленинградро бо ихтисоси режиссёри сирк ғоибона хатм намудааст. Меҳри беандоза ба ҳунари дорбозӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба дили кӯчаки ӯ лона гузоштааст. Санъати дорбозиро бе обутоби бадан, варзиши тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Хушбахтона дорбозии мардумӣ то имрӯз аз байн нарафта, балки бо шохаҳо тақсим шуда дар натиҷаи синтез шуданашон ба худ тамошобинонро зиёдтар ҷалб мекунанд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб Усмон Азаматов дилбохта ва дӯстдори санъати сирк гардида бо завқу истеъдоди худододаш, заҳмату талошҳояш ҳунари сангбардориро аз худ менамояд.
Соли 1974 сирки айёри вилояти Фарғона Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии дорбози мардумӣ, полвон Турсуналӣ Муҳаммадҷонов барои ҳунарнамоӣ ба ноҳияи Шаҳритус омада бо барномаҳои ҷолиби сирки дармуддати зиёда аз як моҳ хотири ҳаводорони санъати сиркро шод мекарданд.
Усмон Азаматов ҳамчун дилбохтаю дӯстдори ин намуди санъат ҳунарнамоии дорбозон, шаъбадбозон, морбозон, сангбардорон ва масхарабозонро бо шавқ тамошо менамуд. Рӯзе дар рафти ҳунарнамоӣ полвон Т. Муҳаммадҷонов бо дандон мошини сабукрави “Масквич”-ро кашонида дар қафаси синааш санги зиёда аз 100 килограммро шикаста то 20 одамро бардошта, ба тамошобинон муроҷиат менамояд се санги 32 килогиро озод бардоранд. Ин лаҳза Усмон ба саҳна баромада бо навбат сангҳоро мебардорад. Муҳаммадҷонов Т. бо Усмон ҳамсӯҳбат гашта ӯро ба ҳайси вазнбардор ба мактаби сиркиаш даъват менамояд. Усмон бо ҳамроҳии Турсуналӣ барои гирифтани розигӣ ба назди падараш Юсуфхоҷа Азаматов мераванд. Падар ба писараш фотеҳа медиҳад, ки сирру асрори ҳунари дорбозиро аз устоди аввалинаш Т. Муҳаммадҷонов омӯзад.
Оғози кор дар ҳунари дорбозӣ душвориҳоро ба миён оварда, кору заҳмат металабид. Таҳияву саҳнагузории ҳар як барнома масъулият металабид. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод санъати мардумии дорбозиро бо тамоми нозукиҳо пешрӯи тамошобинон гардонад. Зиёда аз 8 сол ҳунари дорбозиро аз устодаш Т. Муҳаммадҷонов ба таври касбӣ омӯхтааст. Хизмати устодаш дар рушду такомули санъати дорбозӣ, созмондиҳии дастаҳои сиркӣ, эҷоду таҳияи барномаҳои саҳнавӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон хеле назаррас мебошад. Солҳои 70-80-уми даври шӯравӣ дорбозони машҳури сирки Тошкентбоевҳо шуҳрати баланд касб карда ва ҳар мавсими намоиш барномаҳои онро мухлисону ҳаводорони ин намуди санъат бесаброна интизорӣ мекашиданд. Азаматов У. нақл намуд, ки дар “Ба ман муяссар гардид, ки бо ин дастаи дорбозӣ дар муддати ҳашт моҳ дар сирки шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ намоям”.
Омӯзиши пажуҳиш ва шиносоӣ бо мутахассисони варзидаи соҳаи санъати сиркӣ, таълим дар Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Ленингради кишвари Руссия имконият фароҳам овард, ки соли 1985 дар ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи дорбозонро созмон диҳад. Бо саъю кӯшиш ва часпу талошҳои бевоситаи Усмон Азаматов ба ҳайси муассис, роҳбари бадеӣ, режиссёр ба гурӯҳи ҳунарии дорбозон ҳунарпешагони боистеъдод даъват карда шуданд, ки ҳайати гурӯҳ аз ҳафт нафар ҳунарманд иборат буд. Тошпӯлод Норов барномаашро аз аскияву латифаҳо пантомимаву лавҳаҳои ҳаҷвӣ, чӯббозӣ чун як намуди мукаммали сирки халқии тоҷикӣ, ҳазлу шӯхӣ ва писханди обдор тартиб додааст.
Дорбозон Комилҷон Аминов, Тоштемур Ҳамроев дар болои дор рақсида ба пойҳояшон лаъличаҳои мисин баста, чашмонашонро бо рӯймолча пӯшонида ҳунарҳои мураккабу аҷоиб намоиш медиҳанд. Жанри паҳлавонӣ (сангбардорӣ) дар барнома дар иҷрои Усмон Азаматов ҷои махсусро ишғол менамуд. Ӯ сангҳои вазнинро бозӣ карда ба пушт дар болои шишапораҳо мехобид ва гурӯҳи тамошобинон ба болояшон мебароянд. Ҳунарнамоии ҳайвоноти ромшуда, товус, уқоб, мор таҳти роҳбарии ромгар Зулфия Қурбонова оилаи Усмон Азаматов барномаи гарӯҳи ҳунарии дилчасп ва пуробуранг менамуд. Навозиши оҳангҳои шӯху мутантан бо нағора, сурнаю карнай ба барнома шукуҳи идона мебахшанд.
Барномаи аввалин ва мустақили гурӯҳи дорбозони Усмон Азаматов таърихи 4 ноябри соли 1985 дар боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи дорбозон тариқи шартнома бо шӯъбаи фарҳанг ба роҳ монда шуда, ҳунармандон ба сафарҳои ҳунарӣ дар гӯшаю канор ва деҳаҳои вилоят ва берун аз он дар кишварҳои Узбекистон ва Руссия бо барномаҳои дилошӯб хотири дӯстдорони сиркро шод гардониданд.
Солҳои 1997-2000 Усмон бо аҳли оилааш Зулфия Қурбонова, духтаронаш Манзура, Нодира, Рамина намоишномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия намуда онро манзури сокинони Оренбурги кишвари Руссия пешниҳод гардонид.
Ба фаро расидани даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа санъати сирк дар Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳод. Гурӯҳи дорбозони навтаъсиси сирки тоҷик бародарон Сафиалло, Бахтиёр, Ваҳоб Иззатуллоевҳо барои таҳия ва ба саҳна гузоштани барномаи дорбозӣ Усмон Азаматовро даъват намуданд. Ҳоло ин гурӯҳи дорбозон бо шогирдони ҷавонашон сирки миллии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Усмон Азаматов ба синни мубораки ҳафтоду як расида бошад ҳам ӯ ҳаёти пурсамари хешро бе касби дорбозӣ тасаввур карда наметавонанд. Дар ин муддат ӯ як қатор шогирдонашро ҳамчун мутахассисони санъати сирк, созмондиҳандаҳои гурӯҳҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳиягари намоишҳои сирки ба камол расонидааст, ки дар ҷумҳури ва берун аз он фаъолият менамояд. Дар ноҳияи Шаҳритус набераҳояшон Оятулло Қурбонов дар касби дорбозӣ, Фахриддин Гадоев дар касби сангбардорӣ идомадиҳандаи касби бобогии хеш мебошанд.
Ғуломов Фазлиддин
Насрудинова Файзигул
Ходимони калони илмӣ Маркази
мероси фарҳангии тоҷикон ПИТФИ

