ҲУНАРҲОИ СИРКӢ ДАР “БАДОЕЪ-УЛ-ВАҚОЕЪ”-и ВОСИФӢ
Чоп шуд: 03/06/2026Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз суханварони мумтози садаи XV аст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ фарҳангномаи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании замони ӯст. Дар он базму размҳои шоҳон, ихтилофҳои сиёсиву мазҳабӣ, рӯзгори мардумони табақаҳои гуногун, зиндагии бузургмардони илму адаб, урфу одат, ободонии шаҳру рустоҳо, бӯстону боғистонҳои сарсабз, ба як сухан авзои сиёсиву маданиву фарҳангии замон акс ёфтаанд...



