Аз силсилаи тасвири ҳунарҳои сиркӣ дар осори ниёгон
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз суханварони мумтози садаи XV аст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ фарҳангномаи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании замони ӯст. Дар он базму размҳои шоҳон, ихтилофҳои сиёсиву мазҳабӣ, рӯзгори мардумони табақаҳои гуногун, зиндагии бузургмардони илму адаб, урфу одат, ободонии шаҳру рустоҳо, бӯстону боғистонҳои сарсабз, ба як сухан авзои сиёсиву маданиву фарҳангии замон акс ёфтаанд. Восифиро бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҷашну маҷлисҳои “базлагӯёну маҷлисороён ва хуштабъону зарифон” шоҳиди ҳол бошад ва он ҳама дидаву шунидаҳояшро зебову зарифона зиннат бандад. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар бобати омӯзиши фарҳанг ва санъату ҳунари он замон, аз ҷумла санъати сиркӣ низ аз беҳтарин ва нодиртарин сарчашмаҳост. Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ҳунарҳои сиркӣ бо рангу бӯи тоза, ҷолибу аҷиб, ҳатто ҳайратангез ба силки тасвир кашида шудаанд, ӯ дар бораи аҳли адабу ҳунар, ҳунармандони халқӣ, ромгарони ҳайвонот, гӯштигирон бо лутфу муҳаббату утуфат сухан мегӯяд. Ҳикоёти Восифӣ дар бораи санъату маҳорати ромгарони ҳайвонот, гӯштигирон ва базму хурсандиҳо ҷамъан як силсилаи мураттабу комиланд, ки арзиши баланди адабиву фарҳангӣ доранд.
Дар ҳикояте маймун ёру ёвар, дастёри содиқу беғаразу беминнати боғбон аст. Ин маймун он қадар донову суханфаҳму моҳиру кордону чолоку ҳушёру зариф аст, ки як ишорат бас аст, то ҳар чӣ бифармоӣ, ба навъи аҳсан иҷро намояд: шабҳо шамъ медорад, то боғбон обдорӣ кунад, ба таҳи дег оташ мемонад, то ғизое пазад. Дар ҳикояти дигар маймун шатранҷ мебозад ва “шатранҷро бағоят хуб мебозад ва устодони ин санъатро ба водии ҳайрат меандозад”, то ҷое ки овозаи ҳунари вай ба гӯши Алишери Навоӣ мерасад ва “Мавлоно Соҳибдороро, ки шатранҷро мисли ӯ касе ҳозирона ва ғоибона намебохт, фармуд, ки бо он маймун шатранҷ бозад. Маймун Мавлонои мазкурро ду навбат мот гардонид ва ин турфатар, ки ҳар бозӣ, ки Мавлоно Соҳиб мекард, он ба ҷониби Бобоҷамол нигоҳе мекард ва чашмак мезад, ки яъне «нигар, ки ҳариф чӣ бад бозӣ кард». Навбати сеюм, ки бозӣ мекарданд, Мавлоно Соҳиб аз рӯи зарофат аспро фил ворӣ (фил барин) бозӣ кард. Маймун чунон таппончае (шаппотӣ, торсакӣ) ба рӯи Мавлоно зад, ки нишонаи панҷаи ӯ қариб як моҳ ба чеҳрааш зоҳир буд”.
Ин маймун, чунонки аз ҳикоят дарк мегардад, “дастпарвари” Бобоҷамоли Бузбоз аст. Бобоҷамоли Бузбоз шутуру бузу хар ҳам дошт ва бо «санъату ҳунар»-и онҳо низ аҳли тамошоро “ба водии ҳайрат меандохт”. Саҳнаҳои бо ин ҳайвонот офаридаи Бобоҷамол дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ҷолибу шавқангез тасвир шудаанд. “Вай шутурро омӯхта буд, ки ба болои сепоя бармеомад ва халқи азим бар гирди маъракаи вай ҷамъ меомаданд ва тааҷҷуб менамуданд” ва “шутур сару гардан меафшонду овози ҳазине мекард, ки гӯё чизе мехонд”.
Бузи кабуди ӯ аҷаб сурате дошт, ришаш қариб ба замин мерасид, зираку донову суханфаҳм буд ва аз хушфаҳмии он хосу ом дар ҳайрат мемонданд. Дар издиҳоме, ки беш аз ҳазор нафар ҷамъ меомад, Бобоҷамол аввал бузро аз маърака берун меовард, баъд аз аҳли маърака хоҳиш мекард, ки яке ангуштариашро ба дигаре диҳад ва ончунон пинҳон кунанд, ки касе надонад.
“Бобоҷамол он бузро дар маърака дармеоварду раҳо мекард ва он буз мегардиду як-якро бӯй мекард. Ногоҳ даст бар яке мезад; тафаҳҳус (тафтиш) мекарданд, ангуштарин аз вай зоҳир мешуд. Агар филмасал сад навбат ин кор мекарданд, тахаллуф (иштибоҳ) намекард”. Дар мавриди дигар ба буз амр мекард, ки: “Эй буз, ба ишқи Муҳаммад, дар ин маърака Муҳаммад ном шахсро пайдо намо. Буз гирди маърака мегардид ва даст бар Муҳаммад ном мезад ва Алиро низ пайдо мекард”.
Бобоҷамол дар тасхири ҳайвонот маҳорати фавқулода ва ҳайратангез дошт. Харе дошт, ки онро “Чамандор” ном карда буд ва ҳар узви вайро ба чизе ташбеҳ сохта ва хар дар оҳанги “Чоргоҳ” ба ғижак ончунон мерақсид, ки “ақли оқилон ҳайрон мешуд”. Дар саҳнаи дигар ӯ ба хар муроҷиат карда мегӯяд: “Эй Чамандор, зани аҷузе (пиразан), гандапире ошиқи ту шудаву шефтаи ту гардида, ба ҷойи об гулоб ва ба ҷои ҷав мағзи пиставу бодоми қандӣ ба ту медиҳад ва туро дар сояи дарахте нигоҳ медорад, ки аз Тубо (дарахти серсояи афсонавӣ дар ҷанат) хабар медиҳад аз сақирлот (матои нафис, матои зардӯзӣ) барои ту ҷулле месозаду ҳаргиз туро бор намекунад ва ҳамин орзу дорад, ки бар ту савор шаваду ба ҳаммом равад”. Бо шунидани ин суханон хар ба ларза медаромад, дасту по дароз мекарду аз нафас кашидан боз мемонд. Бобоҷамол ба сари вай нишаста ончунон “навҳа оғоз мекард, ки фиғон аз халқ бармеомад” ва дар поёни навҳааш боз ба Чамандор рӯ оварда мегуфт: “зебое, раъное, болобаланде, абрӯкаманде, лабҳо чу қанде, пистадаҳоне, мӯрмиёне, роҳати ҷоне туро талаб мекунад, ки аз кӯҳи Мухтор туро санг бор кунаду ба ҷуволдӯзе пушту паҳлуи ту фигор кунад ва ҳар ҷафое, ки аз он бадтар набошад, ба ту кунад, чун аст, қабул дорӣ? Бо муҷҷаради гуфтани ин сухан аз ҷой меҷасту ар-ар мекашиду ба гирди маърака мегардид... ва корҳое мекард, ки мардум аз ханда беҳуш мешуданд”.
Мухтасаре буд аз ром кардани ҳайвонот дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”, ҳама ҳикоёт асоси воқеӣ доранд. Восифӣ чун суханвари беназир дар нақли воқеаҳо аз тавсифҳои дилкаш, муболиғаҳои қобили фаҳм дурӣ намеҷӯяд, маҳз ҳамин тавсифу муболиғаҳо хондани ҳикоётро гуворо намудаанд. Дар бештарини ҳикоёт Бобоҷамоли Бузбоз бо санъату ҳунари ромкунандагиаш дурахшида меистад, аммо нуктае, ки дар ин бобат зеҳни моро ба худ мекашад, бо кадом роҳу василаҳо ром намудан ҳайвонот дар он айём аст, яъне сароҳатан гуфта наметавонем, ки ӯ ҳунари ром кардани ҳайвонотро чӣ гуна дарёфтааст ва дар ин ҳунари хеш аз кадом шева истифода мекард? Дар ҳар ҳол Восифӣ дар бораи Бобоҷамол бо лутфу самимият сухан меронад, дар тасвири ӯ Бобоҷамол дар касби худ нодираи замон аст: “Вай (Бобоҷамол) усули тамом ва қабули локалом дошт ва ба ҳаракоти ширин ва ҳикоёти рангин нақши муҳаббати худ бар саҳифаи дили хосу авом менигошт”.
Пайдост, ки Бобоҷамол аз қобилияти фитрӣ бебаҳра набуд, ӯ дар назар ҳамчун шахси зирак, боҳуш, суханфаҳму сухандону хушовозу маъракаоро, дорои истеъдоди беҳамтои суханварӣ, донандаи кайфият ва рӯҳияи мардум ҷилвагар мегардад, роҳҳои ба зеҳну фаҳми тамошобин таъсир расониданро борҳо санҷидаву таҷриба кардааст, он қадар сухандон ва ба таъбири театршиносон он қадар аз истеъдоду маҳорати актёрӣ баҳраманд аст, ки ҳангоме “навҳа оғоз мекард, фиғон аз халқ бармеомад”; дар истифодаи созҳои мусиқӣ низ бенасиб нест, дар навохтани ғижак маҳорати тамом дорад, ки гуфтем таҳти оҳанги “Чоргоҳ” харро ба рақс меовард ва хар ончунон мерақсид, ки “ақли оқилон ҳайрон мешуд”. Дар симои Бобоҷамол ва санъату ҳунари ӯ ақлу заковат, истеъдоди беназир ва неруи беинтиҳои инсон ҷилвагар шуда меистад.
Тавсифи аҳли илму адабу ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони халқӣ, ба мисли Бобоҷамол ва дареғ надоштани волотарин суханон дар ситоиши онон нишони ҳусни таваҷҷуҳи Восифӣ ба ин табақаи мардум аст ва ин ҳусни ният аз он низ маншаъ мегирад, ки Восифӣ худ аз аҳли фазлу камол буд ва ба ҳунару ҳунарманд аз ҳамин зовия менигарист. Нуктаи ҷолиби диққат аз ин ҳикоёти ба ҳайвонот тахсисшуда феълан барои мо он аст, ки ром намудани ҳайвонот ва умуман саҳнаҳои мушобеҳ ба намоиши сиркӣ дар он айём, ҳароина, дар сатҳи ҳамон давру замон, рушду равнақ ёфта будааст, ҳунармандони мардумӣ дар эҷоди саҳнаҳои сиркӣ ҳунару маҳорати тамом доштаанд.
Фармон ҶӮРАҚУЛОВ,
ходими пешбари илмии
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

