Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактаби мусиқии бачагонаи №2-и ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд яке аз муссисаҳои таълимие ба шумор меравад, ки дар даврони истиқлолият фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши басо бориз мегузорад. Ин дар ҳолест, ки сол то сол Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти бунёд ва рушди мактабҳои мусиқии бачагона ва пурзӯр намудани фаъолияти онҳо чораҳои таъхирнопазир меандешад...
Ироаи паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ, идомадиҳандаи паёмҳои солҳои қаблӣ, баёнгари тараққиёт, пешравиҳо, бурду бохт, мушкилот ва ҳалли онҳо буда, барои соли нав пешниҳодҳои судмандро пешкаш менамояд, ки аз он пешниҳодот барномаҳои мукаммали стратегӣ тарҳрезӣ мегарданд...
Дар соли сипаригашта дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишварамон, аз ҷумла дар фаъолияти илмию таҳқиқотии ходимони илмии ПИТФИ рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмони зиёде ба вуқуъ пайвастанд...
Рушд ва таҳаввули осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз дар ин ноҳия 5 осорхонаи давлативу хусусӣ фаъолият мекунад. Гарчанде осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ соли 1982, осорхонаи ба номи Восеъ соли 1988, осорхона-ҳунаристони хусусии Усто Ғулом Қодиров соли 1979 дар замони Шӯравӣ таъсис ёфтаанд, аммо биноҳои онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав бунёд карда шудаанд...
Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, таҳаввул ёфтанд ва ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд ва ҳамагон медонем, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст. Сиёсати фарҳанг-парваронаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид...
Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих бо вуҷуди фарҳангу маданияти воло ва дониши оламшумул доштан хеле чизҳои арзишманди дигарро аз даст додааст. Аммо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки ин ва дигар арзишҳоро мо ҳадди ақкал ҳифз ва он чиро, ки дорем, ҳифзу қадр кунем. Дар ин замина хизматҳо ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо боризу мондагор аст...
Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои муҳими таълимии фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Бо таърихи таъсиси худ дар соли 1952, мактаб барои рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз ин мактаб на танҳо ҳамчун маркази таълими мусиқӣ, балки ҳамчун макони ҳифз ва рушди фарҳангӣ амал мекунад...
Кулолӣ яке аз касбҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Онро як навъ санъат номидан мумкин аст, ки ба воситаи пухтани лой ва маҳлулҳои дигари лозима ба даст оварда мешавад. Тибқи ривоятҳо хок ва сафол дар ҳаёт мавқеи махсус дорад ва аз нигоҳи таърихӣ гилро инсоният бештар истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, кулолӣ ҳамчун пешаи қадимтарин амал карда, то замони мо омада расидааст...