Шахсиятҳои маъруф натанҳо дар зиндагӣ, балки баъди марг ҳам нуфузу этибори худро аз даст намедиҳанд ва дар байни мардум то ҷое қиссаву достон мегарданд. Ҳатто оромгоҳҳои чунин шахсон макони ҳифзкунандаи қиматҳои фарҳангианд. Бештар пас аз марги дар байни халқ он нафароне мавқеъ меёбанд, ки бо дониш, малака, парҳезкорӣ, диндорӣ, нафърасонӣ ба мардум шинохта шуда буданд. чунин ашхос эҳтироми худро баъди фано шудан ҳам аз даст надода, барои ояндагони мо заминаи омӯзишии таъриху маданият, иззату икромро нисбати аҷдодамон фароҳам меоранд. Ин омил фарогири рисолати иҷтимоӣ ва тарбиявӣ буда, дар маданияти мардуми тоҷик нақши бориз дорад.
“Қисмате аз мероси ғайриманқул дар шакли қалъаву кўшкҳо, мақбараву масҷидҳо, қабристонҳоро марқади шахсиятҳои маъруф ташкил медиҳад, ки ба шакли мақбараҳо, сағонаҳо, дахмаҳо ва ғайра то замони мо расидаанд”.
Яке аз чунин оромгоҳ, марқади Эшони Муллоимон аст, ки дар макони сабзу хуррами деҳаи Удоби ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷи вилояти (ВМКБ), дар дохили мазори деҳа ҷойгир шудааст. Ин марқад дар байни мардум бо номи “Марқади Эшони Сӯфӣ” ёд мешавад. Эшони Муллоимон тахаллуси “Сӯфӣ”-ро ба он хотир аз тарафи мардум гирифтааст, ки дар баробари бархӯрдор будан аз илмҳои дунявӣ, инчунин диндору тақводор ва парҳезкор будааст.
“Дар замони мо макони парастиши инсонҳо мазорҳо маҳсуб мешаванд, ки зиёрат ва парастиши онҳо робитаи номаръие бо тотимизм, фетишизм анимизм ва магия дорад”
Ба иттилоӣ директори хонаи фарҳанги ҷамоати Техарв, Ҷоббиршо Калпишоев (с.т 1948) Эшони Муллоимон дар асри 19 зиндагӣ кардааст. Ӯ дар баробари бархӯрдориаш аз илмҳои гуногуни замони хеш, инчунин аз хусусиятҳои табобатии гулу гиёҳҳо низ бохабар будааст. Мардуми деҳа ва ҳоҷатмандони деҳаҳои дуру наздикро бо гиёҳдармонӣ ва ҳам бо дуоҳои раббонӣ табобат менамудааст.
Ривоят мекунанд, ки нуфузу мартабаи Эшони Сӯфӣ нисбат ба дигар шахсиятҳои маъруфи замонаш зиёдтар буда, ӯ на танҳо дар байни мардуми деҳаи худ, балки дар байни мардуми минтақа низ бо каромот ва зеҳну зиракии худ шуҳратёр будааст.
Мардуми калонсоли деҳаи Удов имрӯзҳо ҳам дар бораи маҳорату истеъдоди фитрии вай ба фарзандону набераву аберагони худ нақлҳо мекунанд. Онҳо ба ин васила эҳтирому эътибори Эшони Сӯфиро аз насл ба насл интиқол дода, пойбарҷой нигоҳ медоранд.
Марқади Эшони Сӯфӣ дар байни чаҳордевори сангин ҷойгир шудааст. Паҳлӯи он марқади хурди дигаре ҳам ҳаст, ки он ба яке аз фарзандони фавтидаи вай тааллуқ доштааст. Мо вориди чаҳордеворӣ шуда, дидем, ки он аз пешдолони хӯрд ва ҳавличае иборат аст. Пешдолон ҳафт сутун, ду сутуни кунградори қадима ва панҷ сутуни баъдтар насбшуда, ду сутуни болоӣ ва ёздаҳ рав дорад. Баландии девори сангини гирди марқад 5 метр, бараш бошад 7 метрро дар бар мегирад. Даричаи оҳанини марқад бараш 80 см буда, дарозиаш 1 метро ташкил медиҳад. Дар қисмати поёнии марқад ду дарахти бушол (пушол), ки баландии якеаш 1метру 20 сантиметр ва дигаре 1метру 15 сантиметрро ташкил медиҳад, паҳлӯ ба паҳлӯ рӯйдаанд, дида шуд. Аз чунин дарахт дар қисмати болоии мақбара якто рӯидааст, ки 70 см қад дорад. Ба гуфтаи сокини ҳамин деҳа Ниматов Меҳрон Дилшодович (с.т 1987), ин дарахтон худрӯй буда, гумоне бо изни Кирдугор барои соя афкандан ба марқади Эшони Сӯфӣ сабзидаанд.
Меҳрон нақл кард, ки дар ҳамин деҳаи Удоб аз аввал то инҷониб ҳафт-насли (пӯшт)-и Эшони Сӯфӣ зиндагӣ мекунанд, ки вай намояндаи насли ҳафтум аст.
- Бобокалонам баъди марг ҳам аз худ ба андешаи мардум каромотҳо нишон медиҳад. Касоне, ки аз бемориҳои безурётӣ ранҷ мекашанд, касоне, ки кӯдакони носолим доранд, ба аёдати марқади вай меоянду бо изни Кирдугор нафъ мебинанд,-иброз дошт, Меҳрон.
Инчунин аз забони Меҳрон фаҳмидем, ки мардум ба марқади Эшони Сӯфӣ, ҳамчун рамзи ихлосу эҳтиром назрҳо низ дар мисоли маблағ, нону орд ва мевагиҳо меоварданд.
Гӯристони деҳаи Удоб, ки марқади Эшони Сӯфӣ дар байни онҳост дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст. Кӯҳҳои сарбафалаки атроф ва дарахтони зиёди гирду гӯша, то андозае онро манзаравӣ нишон медиҳанд. Ин аст, ки он дар ҳақиқат ҳам пурҷозиба менамояд. Ҷаззобияти он диққати мардум, аз ҷумла сайёҳони аз беруни кишвар ба инҷо омадаро низ ҷалб менамояд.
- Ҳамасола, бештар дар фасли тобистон аз саросари кишвар ва аз хориҷ сайёҳон ба инҷо меоянд. Онҳо аз марқади Эшони Сӯфӣ дидан мекунанд. Ба ду сутуни қадимаи кунгурадор мароқ зоҳир мекунанд. Дар назди марқад расмҳои хотиравӣ мегиранд. Дар дафтарҳои киссагии худ қайдҳо мекунанд. Чӣ қайд мекунанд, маълумоте надорам,-хабар дод, Меҳрон.
Марқади Эшони Сӯфӣ дар байни мардум макони муқаддас ба шумор рафта, зиёраткунандагони зиёде дорад. Вале он то ҳол аз тарафи пажӯҳишгарон пурра омӯхта нашудааст. Айни ҳол он дар ҳолати хуб қарор дорад. Аммо гумон меравад, ки дар ояндаҳои наздик ба он хавфи ба хок яксон шудан таҳдид хоҳад кард. Зеро худи марқад дар ҳавлии рӯкушода ҷойгир буда, болояш ба чизе пӯшонида нашудааст. Маҳз ҳамин ҳолат метавонад, ки сабабгори аз боду борон эмин намондани макони муқаддас гардад.
Чӣ тавре, ки дар боло иттилоъ рафт, мардуми деҳаи Удоб бештарашон насли ин марди мубораканд. Месазад, ки онҳо бо ҳамдастии соҳибкорону фаъолони деҳаи худ барои ободтару побарҷойтар нигоҳ доштани марқад азм кунанд. Бо ин амали неки худ, оромгоҳи аҷдоди боиззаташонро барои ояндагон ҳифз намоянд.
Ҳалимова Бибинаргис

