Чанде қабл дар кохи “Суруш”-и пойтахт намоиши филми Муҳиддин Музаффар “Моҳӣ дар шаст”, ки нахустин лоиҳаи муштараки “Довфилм” байни кишварҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Эрон аст, баргузор гардид. Толор пур аз тамошобин буд. Қабл аз оғози намоиш коргардони маъруф Муҳиддин Музаффар дар бораи филм маълумот дод ва сипосу таманниёти худро ба тамошобинон баён намуд. Аз ҷумла гилаомез иброз дошт, ки филми “Дов” соли 2022 ба навор гирифта шуда, дар хориҷи кишвар 28 ҷоиза гирифт, вале дар дохили мамлакат онро кам касон тамошо кардаанд. Мо метавонем духтур, милиса ё муҳандисеро муаррифӣ кунем, ки ба халқу Ватан содиқона хидмат мекунанд. Филми “Моҳӣ дар шаст” бошад, дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, дар Эрон монтажу садогузорӣ шудааст. Дар филм нақши асосиро Далери 10-сола мебозад. Ба гуфти Музаффар Муҳиддин қаҳрамони филм хонандаи мактаб интернати шаҳри Душанбе Абдулло Абдураҳимзода буда, аз байни беш аз ҳазор хонандаи мактаб интернатҳои ҷумҳурӣ интихоб шудааст. Сенарияи филми мазкур аз ҳаёти воқеии бачаҳои мактаб-интернати кишвар гирифта шудааст. Як нуктаро бояд қайд кард, ки аксари тарбиягирифтагони мактаб – чи дар замони Шӯравӣ ва чи дар замони соҳибистиқлолӣ таълиму тарбияи хуб гирифта, дар ҳама гуна вазифаҳо содиқона ва бо виҷдони пок кор кардаанд ва фаъолият доранд. Зеро таълиму тарбияи хонандагон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Чуноне ки дар филм ба мушоҳида мерасад, одатҳои бад аз қабили дуздӣ, хабаркашӣ дар байни хонандагон маҳкум мегардад. Дар филм Далери даҳсола тарбиятгирандаи мактаб интернат бо Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, ба ҷутуҷӯи модараш Хуршеда мебарояд. Самадро ба ин кор ҳамсараш Нигора – омӯзгори мактаб интернат, ки ба хонандагон, бахусус ба Далер ҳамчун модар муносибат менамояд, талқин мекунад. Нигора мехост, ки Далерро ба фарзандӣ қабул намояд, вале ӯ мехост модарашро, ки бо кадом гуноҳе чанд сол маҳбус буду баъди адои ҷазо бо марде аз ноҳияи дурдасти ҷануби кишвар ба шавҳар баромада буд, ёбад. Роҳи онҳо аз шимол то ҷануби кишвар тавассути мошини “Москвичи фургон”-и Самад сурат мегирад. Дар ин сафари пурмоҷаро онҳо ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ниҳоят Далер модарашро мебинад. Вале модараш ба ӯ эътиное намедиҳад. Далер дар ин сафар дарк мекунад, ки Самаду Нигора назар ба модараш нисбат ба ӯ дилсӯзтаранд. Дар филм нақши Хуршеда ва мӯйсафеде, ки ба зиёрати қабри модараш меравад, норӯшан мемонанд. Дар умум филм аҳамияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, манозири зебои табиати кишвар бинандаро мафтуну маҷзуб мекунад. Дар нақши Самад-Хуршед Мустафоев, Нигора-Сайёра Сафарӣ, Далер-Абдулло Абдураҳимзода хеле хуб ва ба таври воқеӣ бозӣ кардаанд.
Ҳамин ҷо метавон ёдрас шуд, ки яке аз филмҳои маъруфи Муҳиддин Музаффар, ки тавонист таваҷҷуҳи тамошобинонро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба худ ҷалб созад, филми ҳунарии “Аз миллион яке” буд. Он ба ҳаёт ва фаъолияти мураббии маъруфи соҳибкорӣ, соҳибкор, доктори илмҳои равоншиносӣ, асосгузор ва президенти Маркази байналмилалии ташаккули инсон “САМО” Саидмурод Давлатов бахшида шудааст. Саидмурод низ дар аввал дар қатори садҳо муҳоҷирони меҳнатӣ чанд муддат азобу азияти муҳоҷириро аз сар гузарондааст. Роҳи халосиро аз чунин вазъият дар хондану илм омӯхтан дид ва дар ин роҳ устувор монд. Гурӯҳи эҷодии Муҳиддин Музаффар ҳанӯз соли 2019 дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Футура магнум” филми мазкурро истеҳсол намуданд. Филм дар кишварҳои Тоҷикистон, Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Амрико бо ҳамкории ҳунармандони он кишварҳо сабт гардид. Дар ин лоиҳа тими “Суғдсинамо” ҳамчун пудратчӣ баромад намуда, филми мазкурро ба маркази продюсерии "Футура магнум" сабт карда дод. Тавассути ин филм метавон гуфт, ки гурӯҳи эҷодии "Суғдсинамо" дар кишварҳои болозикр муаррифӣ шудаву ба бозорӣ ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Яъне кору ҳунари гурӯҳ берун аз Тоҷикистон баромад ва эътироф гардид. Филмро дар Руссияву Қазоқистону Ӯзбекистон хеле хуб пазируфтанд. Гуфтан мумкин аст, ки филми “Аз миллион яке” ва қисмати сериалии он “Пайраҳаи мураббӣ” оғози парвози бренди “Суғдсинамо” дар бозорҳои хориҷ ба хусус Осиёи Марказӣ аст. Филми мазкур ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қирғизӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ дубляж шудаву дар чандин платформаҳои онлайнӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин лоиҳа, ки берун аз кишвар дар ҳамкорӣ бо филмсозонӣ ботаҷриба сабт гардид, гурӯҳи эҷодӣ низ таҷрибаи хуб андӯхт.
Чуноне ки зикр гардид, филми дигари Муҳиддин Музаффар бо номи “Дов” аввалин лоиҳаи муштараки «Суғдсинамо» бо «Тоҷикфилм» буда, давомнокиаш 117 дақиқа аст ва соли 2022 ба навор гирифта шудааст. Дар филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта инъикос ёфта, фарогири зиндагии пурҳаводиси ду дӯсти музофотӣ ва ҳаёти одамони боистеъдодро дар бар мегирад. Ва дар охир ҳирси молу сарват онҳоро аз ҳам ҷудо месозад ва риштаи рафоқат байни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад. Ин филм дар Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дарвозаи ғарб», «Московская премьера», «Дакка» «Авруосиё», «Северный характер», «Оянда аз имрӯз-Осиёи Марказӣ» иштирок намуда, ҷоизаҳои «Беҳтарин филми ҳунарӣ» «Беҳтарин нақши мардона» «Беҳтарин филмнома», «Беҳтарин коргардон» ва «Беҳтарин филм»-ро ба даст овардааст.
Муҳиддин Музаффар 24 апрели соли 1987 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод дар хонаводаи коргар ба дунё омада, соли 2004 мактаб-гимназияи №1 ба номи Э. Бозоровро хатм намудааст.Соли 2009 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро аз рӯи ихтисоси ҳунарпешаи театр ва синамо бо дипломи аъло хатм кардааст. Ҳамзамон, бо роҳбарии Саъдулло Раҳимов соли 2008 курси “Мактаби синамо»-и назди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва соли 2013 курси коргардонии мактаби САУНДРАМА-и А. Панков дар театри «Илҳом»-и шаҳри Тошканд, ҳамчунин соли 2021 таҳти роҳбари Валерий Аҳадов ВГИК-ро хатм кардааст. Муҳиддин фаъолияти кориашро соли 2009 дар Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба ҳайси ҳунарпеша оғоз карда, дар солҳои 2013-2016 вазифаи саркоргардони театрро бар уҳда дошт. Аз соли 2015 то соли 2025 муассис ва директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ва ҳоло роҳбарии “Довфилм”-ро ба уҳда дорад.
Ӯ ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ ба фаъолияти коргардонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тими ҳунарӣ таъсис дод. Нахустин маҳсули эҷодии ин дастаи ҳунарӣ таҳияи филми мустанади «Разве это жизнь» дар соли 2008 мебошад, ки аз рӯзгори бесарпаноҳони рустабори шаҳри Душанбе ҳикоят мекунад.
Муҳиддин Музаффар коргардони чандин намоиши театрӣ чун «Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманишӣ дар кӯшки гардон» (аз рӯи романи «Достони писари Худо»-и Сорбон соли 2007), «Модар-Ватан» (аз рӯи асарҳои Фирдавсӣ, М. Горкий, Сорбон, Р. Масов, А. Азиз, соли 2009, «Инопланетянинҳо дар замин» (асари С. Алферова соли 2013), «Модар ман зан мегирам» (асари А. Ривкин), «Хонуми боистеъдод» (асари М. Ҷӯраев соли 2014), «Қорӣ-ишкамба» (аз рӯи повести Айнӣ соли 2014-2017) мебошад.
Муҳиддин Музаффар коргардони филмҳои ҳунарии «Ормонҳо» (2010), Паймон» (2014), «Коса» (2015), «12 соли интизорӣ» (2016), «Тангно» (2017), “Сайёра ранг иваз мекунад» (2018), «Аз миллион яке» (2020), «Пайроҳаи мураббӣ» (сериал, 5 қисмат, 2021), «Дов» (2022) буда, дар таҳия ва филмномаҳояш ду филми ҳуҷҷатӣ: «Духтари Сайҳун» (2017), «Кӯчаи Умед-612» (2019) ва филми ҳунари «Саргузашти Алишер» (2019) ба навор гирифта шудааст.
Мавсуф тӯли солҳо, ҳамчунин, дар театр нақшҳои Шоҳзода Охдар намоишномаи «Куштори 114 шоҳзодаи Ҳахоманишӣ дар кӯшки гардон», таҳияи Қурбон Собир, Чеишвилӣ дар намоишномаи «Айбнома», таҳияи Тағоймурод Розиқов, Шайх Низомиддин дар намоишномаи «Зебуннисо», таҳияи Тағоймурод Розиқов, Содиқ дар намоишномаи «Мизон», таҳияи Давлат Убайдуллоев, Тур ва Сатрак дар намоишномаи «Модар-Ватан», таҳияи Муҳиддин Музаффар, Шоҳ Пенфей дар намоишномаи «Ваҳваҳабонувон», таҳияи А. Хоҷақулӣ, Шоҳ Лир дар намоишномаи «Суди девонагон» таҳияи А. Хоҷақулӣ, Қобилро дар намоишномаи «Қобил», таҳияи А. Хоҷақулӣ бозидааст. Дар филмҳои «Духтари Сайҳун» ва «Соҳибватан» ба ҳайси мушовир фаъолият дошт.
Муҳиддини Музаффар ҳоло ҷавон аст ва дар авҷи камолоти фаъолияти эҷодист. Мавсуф бо ҳунари баланд ва афломи ҷаззобу диданиаш кайҳо боз дар дохил ва хориҷи кишвар маъруф гардидааст. Ба ӯ дар ин ҷодаи ҳунар муваффақиятҳои аз ин бештар таманно дорем.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари
илмии ПИТФИ

