Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ натанҳо осорҳои сангиву чӯбӣ ё худ харобиҳои қадимӣ мебошанд, балки шоҳидони хомӯши замон ва саҳифаҳои зиндаи таъриханд. Айни замон ёдгориҳои куҳан дастовардҳои наслҳои гузашта буда, пули ноаён байни гузашта, ҳозира ва ояндаро барқарор мекунанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки решаҳои худро дарк кунем ва аз таҷрибаи аҷдодон сабақ гирем.
Дар ноҳияи Шамсидин Шоҳин чун дигар манотиқи кишвар ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ хеле зиёданд. Яке аз ин ёдгориҳо мазори муқаддаси Саидбибӣ Робиямоҳ мебошад, ки он мавзеи таърихӣ буда, ҷойгоҳи зиёратии мардуми минтақа ва саёҳони хориҷист. Ин мавзеъ дар деҳаи Даштиҷуми ноҳия ҷойгир шудааст. Марқади Саидбибӣ Робиямоҳ дар дохили бино мебошад. Тарҳи мақбара дар шакли ҳашткунҷа сохта шуда, болояш бо гумбазм пӯшида шудааст. Деворҳои он аз хишти пухта ва дару тирезаҳояш аз чӯб мебошад, ки марқади Саидбибии Робиямоҳ дар дохили он маҳфуз аст, ки ин мақбара барои зиёраткунандагон на танҳо ҷои қабр, балки маркази рӯҳониест, ки дар он эҳсоси оромӣ, файз ва наздикӣ ба олами илоҳӣ ҳукумфармост.
Мувофиқи ривоятҳои мардуми маҳаллӣ, баъзе ашхос ӯро Саидбибӣ Робиямоҳ ва баъзеҳо Робиямоҳи Чилгазамӯ мегӯянд. Дар бораи тахаллуси “чилгазамӯ” ном гирифтани Робияро чунин шарҳ доданд: “Ӯ бештар ба чиллашинӣ ва давоми 40-рӯз ба тоату ибодат машғул мешудааст. Маънои “чиллашинӣ” – 40 рӯз танҳонишинӣ барои ибодат мебошад”. Ва он як усули қадимии мубориза бо нафс, тақвияти имон ва расидан ба мақомоти олии рӯҳонӣ аст, ки аксаран аз ҷониби орифон ва дарвешон анҷом дода мешуд.
Сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Турахони Суратхон (с. т.1971) дар бораи ин зани отифа чунин ривоят кард:
“Саидбибӣ Робиямоҳ ба зиёрати хонаи Худо ( Қаъба ) меравад. Чун ба онҷо мерасад хонаи Қаъба ба пешвозаш меояд. Ӯ ин хонаро дида мегӯяд: “ман ин хонаро чӣ кунам ба ман соҳибаш даркор”.
Нақли дигари Турахон чунин буд: “Саидбибӣ Робиямоҳ дар ишқи Худованд на шаб хоб буду на рӯз. Ӯ ҳамеша дар ёди Офаридгор буд. Як рӯз ба асари мондагиҳои зиёд ӯро хоб мебарад. Дар вақти хобаш дузде ба хона ворид мешавад. Дузд мебинад, ки дар хона занест, дар сар сарандозе дорад ва рӯи чун моҳи шаби чордаҳ аз талъати нури ин рӯи хона чун рӯз мунаввар аст. Дузд сарандоз аз рӯи он мерабояд ва аз дар берун мешавад. Вале ҳарчанд меҷӯяд роҳе намеёбад, ки берун равад. Дузд сарандозро ба ҷояш мегузорад ин дам роҳаш кушода мегардаду нидое мешунавад:
-Эй нодон, вақте, ки як дӯст хоб аст, дӯсти дигар бедор аст”.
Аз ин ривоятҳо бар меояд, ки Робиямоҳ воқеан ҳам зани ботақво, Худопарасту Худотарс ва назаркардаи Зоти Пок будааст.
Атрофи ин зани поксиришт чуноне ки дар боло гуфтем, ривоятҳо зиёда буда, варианти диграи ривоят чунин мебошад: “Саидбибӣ Робиямоҳ хамир дошт, алови нон сӯхта расида буд. Мехост нон бипазад, аммо намози пешин вақташ мегузашт. Андеша мекард: “нон пазам намоз қазо мешавад, намоз хонам, хамир турш мешавад”. Ниҳоят ба андешае расид, ки аввал намозро хонад, сипас нонро мепазад. Вақте ки намоз мехонд хамир ба ёдаш омад. Ба ин минвол намозро гузошта, баъди зикри Худованд, нонҳояшро пухта корҳои боқимондаро анҷом дод. Шаб хоб мекунад ва хоб мебинад, ки дар биҳишт аст ва дар он ҷо як қалъае мебинаду ба сӯйи он меравад. Зебогии қалъа ӯро ба ҳайрат мегузорад. Мебинад, ки аз осмон як санге афтода, ба рӯйи қалъа мезанад ва ба хок яксон мешавад. Ин дам нидое аз ғайб меояд: - Ин қалъа шумоед ва ин санг дили шумо, ҳамчуноне, ки аёми намоз фикр бошад, намоз шикаста мешавад”. Аз ин ривоят бар меояд, ки ҳангоми тиловати сидқани намоз шахс бештар дар ҳифзи Офаридагор аст.
Аз ривоятҳои дар боло зикргардида бар меояд, ки бояд ҳар як фард нисбати дину оини хеш бо сидқ назар карда амалҳои некӯ шоиста ва корҳои арзанда барои дунёву охират анҷом диҳад.
Мақбараи Робиямоҳ маркази зиёрати мардум буда ҳазорон нафар аз дигар минтақаҳо ва аз кишварҳои ҳамсоя барои зиёрат ба инҷо меоянд. Мақсад аз зиёрати мардум ба ин макон барои талаби дуо, шифои беморон, фарзандталабӣ, ҳалли мушкилот, баракат ва таскини рӯҳӣ мебошад. Онҳо ба каромот ва тавачуҳи рӯҳонии Саидбибӣ Робиямоҳ эътиқод доранд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мисли бисёр дигар минтаъқаҳо аз ҳисоби ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои муқаддас мероси бою ғанӣ ва пурқиммати фарҳангию таърихии зиёд дорад, ки Саидбибии Робиямоҳ яке аз намунаҳои онҳо ва метавон дар маҷмӯъ аз ҳамаи онҳо ҳамчун ғановати таърихиву фарҳангӣ ва маърифатӣ истифода бурд.
Шарифов Муртазо

