Марбубияти масҷиди Шаҳринав ба Мавлоно Фатҳуллои Чузӣ

Дар ҳар вилояту шаҳру деҳот барои адо намудани намоз ба мардуми мусалмон ҷои махсус аз ҷониби шахсони мутасадӣ сохта мешавад, ки ин ҷойро масҷид ном мебаранд. Масҷидро ҷойи муқаддас шуморида, танҳо барои ибодат ва ёд кардан аз Худованд истифода мебаранд. Инчунин номи масҷид ба яке аз шахсиятҳои беҳтарини маҳал ё бунёдгузори он гузошта мешавад.

Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Шахринави ноҳияи тобеи марказ ба ҷамоати Чузӣ ворид гардидем. Ҷамоати мазкур дар масофаи 34 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир шудааст. Аз номи ҷамоат маълум мегардад, ки шахсияте аз Чуст омада инҷоро обод кардааст.  Номи ин шахсият Мавлоно Фатҳуллоҳхоҷа будааст, ки мардум аз рӯйи эҳтиром ва мартабаи бузургӣ ба номи вай “Ҳазрат”-ро илова кардаанд.

Аз рӯи хулосаҳои эҳтимолӣ Ҳазрати Мавлоно Фатҳуллохоҷа аз Чуст буда, бо сабабҳои номаълум ба ин ҷо кӯчида омадааст. Баъзе тадқиқотчиён мӯтақид бар онанд, ки Фатҳуллоҳхоҷа бародари пири тариқати нақшбандия Мавлоно Лутфуллоҳи Чустист ва ҳангоми аз дидорбинии Мавлоно Яқуби Чархӣ бемор шуда дар деҳаи Чузӣ  мемонад, баъди шифоёбӣ ҳам чун обу ҳавояш маъқулаш меафтад, боқии умр дар ҳамин ҷо мегузаронад.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Ҳазрати Мавлоно Фатҳуллоҳхоҷа раҳматуллоҳи алайҳ олим, соҳибкитоб, пешво ва арбоби тариқат (нақшбандия), маснаднишини гулзори ҳақиқат ва машъали шамъдони маърифат буда, соли таваллуд ва вафоташ маълум нест.

Дар саршавии деҳот аз ҷониби дасти рост масҷиди Мавлоно Фатҳуллои Чустӣ, ки бо иқдоми худи вай сохта шудааст ва аз ҷониби дасти чап бошад, рӯ ба рӯйи масҷид оромгоҳаш қарор дорад.

Дар ин маврид дар википедия ва дигар асарҳои марбут ба ҷойҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ақидаҳои гуногун оварда шудааст: “Мазори Мавлоно Фатҳуллохоҷаи Чустӣ-яке аз ёдгориҳои таърихӣ буда, он дар дохили қабристони рӯ ба рӯйи масҷиди ҷомеи деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав ҷойгир астИддае мутақиданд, ки ин ҷо манзилгоҳи Фатҳуллоҳхоҷаи Чустӣ- бародари пири тариқати Нақшбандия Мавлоно Лутфуллоҳи Чустист ва ҳангоми аз дидорбинии Мавлоно Яъқуби Чархӣ баргаштан бемор шуда, дар деҳаи Чузӣ мемонад ва боқии умрашро дар ин ҷо мегузаронад. Эҳтимол меравад, ки баъзе эшонзодаҳои деҳа аз авлоди ин шахсият бошанд”.

Ҳангоми вохурӣ бо шахсиятҳои мутассадӣ ва намояндагони ҷамоати деҳоти Чустӣ Неъматов Баракатулло, Ҳабиб Асрорӣ,  Ғаниев Ятим,  Азизов Зиёдулло ва дигар  10 нафараи масҷиди мазкур оид ба чӣ тавр омадани Мавлоно Фатҳуллои Чустӣ  ақидарониҳои гуногун пешниҳод гардид.

Ҳабиб Асрорӣ (собиқ имомхатиби масҷид) ва  Шарипов Абдуқаюм Ҳафизович (1993) имомхатиби феълӣ, чунин гуфт:

  • Оромгоҳи Мавлоно Фатуллоҳи Чустӣ дар Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя  низ мебошад.  Аз консонсои Узбекистон бо духтари Махдуми Азамӣ даҳбеди Самарқандӣ оиладор мешавад.  Ин кас домоди Махдуми Азами даҳбеди Самарқандӣ аст.

Сараввал гуруҳи кории мо аз Масҷиди Мавлоно Фатҳуллои Чустӣ дидан намуда,  ба сохти меъмории он ошно гардид. Масҷиди мазукр бо дарвозаи дуқабатаи пур аз нақшу нигори кандакории дар сатҳи олӣ сохташуда, ки гирдогирди онро  деворҳои баланди аз  барфу борон ҳимояткунанда иҳота кардаанд, сохта шудааст.

 Дар рафти мусоҳиба маълум гардид, ки дарвозаи мазкур бо тарзи интихоби нақшҳо ва хоҳиши Ҳабиб Асрорӣ тарҳрезӣ шудааст.  Даромадгоҳи дарвозаи Масҷид бо навиштаҷотҳои хати арабии шикаста аз ҷониби усто Зоҳир соли 2001 кандакорӣ гардидааст. Он кас айни замон дар қайди ҳаёт набошанд ҳам заҳмат ва ҳунарашон дар дарвозаи масҷид боқӣ мондааст.  Дар болои дарвоза корашонро бо ҷумлаи “Ло илоҳа Иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расуллоҳ, Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим”, оғоз намудаанд. Инчунин Ҳадисеро домуллои масҷид хонда тарҷума намуд:  “шахсе, ки кадоме инсоне ки, муъмине ки дохили масҷид яъне дохили ҷанат мешавад, аз ҷумлаи мунофиқон берун мешавад”.

Дар паҳлуи чап ва рост устодони дигаре, ки барои кандакории эшон дасти ёрии хешро расонда, саҳми хешро гузоштаанд номҳояшон оварда шудааст: Самандар, Самандар, Исломиддин, Сайфиддин, Маҳмадшо. Усто Зоҳир ҳамчун кандакори беҳтарин дар кандакории дарвозаи Кохи-Наврӯз низ иштирок кардааст. 

Ҳангоми ворид шудан ба масҷид дидем, ки аз паҳлуи чап масҷиди куҳна ва дар паҳлуяш масҷиди нав, рӯ ба рӯи бинои дуошёна ва аз ҷониби дасти рост биноҳои якошёна мавҷуд буданд.  Дар назди Масҷиди куҳна дарахти    чанори 500 сола ва дар гирду атрофи биноҳои дигараш дарахти арча ва гулҳои ороишӣ шинонида шуда буд. Масҷиди мазкур панҷвақта буда, барои адои намоз ва маитҳои деҳаро ҷаноза кардан мувофиқат менамояд. Домуллои масҷид ва аъзоёни 10 нафарааш он ақидаҳое ки аз гузаштагон медонистанд, рафти суҳбати якдигарӣ тасдиқ карда, маълумотҳои гуногунро ироа менамуданд. Масҷиди куҳна аз тарзи меъмориаш маълум гардид, ки бинои якошёнаи қадима аст. Дар сутунҳои даҳлезаш бо хати арабӣ 1313 ҳиҷрӣ навишта шуда буд.  Дар сутуни дигар 1374-76 хонда тавонистем, аз баски сутунҳо куҳна (гардида) шуда буданд,  ҳамаи навиштаҷотҳоро пурра хонда намешуд. Яъне ба қиёси эшон кунем, масҷид ба омадани Мавлоно Фатҳуллои Чусти асри 15 то ҷое масҷид мувофиқат менамояд.  Солҳои пешин ба ғайр аз даҳлези масҷид, ҳамаи масҷидҳои қадимаро баробари хонаи каъба месохтанд. Умуман дар Осиёи Миёна ҳамаи масҷидҳо ба  ҳамин тарз сохта мешуданд. Ҳаҷми масҷид бояд баробари хонаи Каъба мешуд. Инчунин мисол оварданд, ки  “Дар  Каъба ҳам 72 нафар меғунҷад дар ҳаминҷо ҳам 72 нафар меғунҷад”.  Дари масҷид бе зулфак буда, аз тахтаҳои кандакорӣ сохта шудааст. Аввал як хонаву даҳлез дошт, баъдтар бо ёрии мардуми маҳал дигар утоқҳои масҷид бо даҳлез сохта шуд. Чунин маълумотҳоро аз забони Ҳабиб Асрорӣ шунидем.

Масҷиди мазкур то соли 1956 масҷиди ҷомеъ ба шумор мерафт. Пас аз нофаҳмоиҳо байни муллоҳо масҷид баста шуд. Аз соли 1989 ин тараф масҷиди маскур масҷиди ҷомеъ гардида, то ҳол фаъолият намуда истодааст.  Дар ин миён пас аз зилзилаи Қаратоғ масҷид аз сари нав тармим гардид. 

Соли 2013 дар паҳлуи масҷиди куҳна масҷиди нави дуошёна яъне ҳозиразамон ба тариқи ҳашар оғоз гардида, соли 2014 ба пуррагӣ сохта шудааст. Дарозиаш 18 метр ва паҳноияш 6 метр мебошад.  Сутунҳояшро ҳунармандони деҳа кандакорӣ намудаанд. 

Соли 1987-1990 масҷиди якошёнаро, ки даҳлезаш 25 ба 10 метрро дар бар мегирад, сохтанд. Барои сохтани биноҳои нави паҳлуи масҷид соҳибкор-Абдуллоев Раҳмонқул ва Ҳакимов Собир саҳми хешро гузоштаанд. Боқимондаи корҳои сохтмонӣ барои омода намуданаш аз ҷониби мардуми деҳа ба тариқи ҳашар ба анҷом расидааст. 

Дар як паҳлуи масҷиди нав як ҳавзи реги дардаҳ барои таҳорат намудани намозгузорон сохта шудааст. Девори дарвозаи масҷидро Муҳибулло Асрорӣ барои сохтанаш дастгирӣ намуданд.

Дарахти бузурги чинор, ки таърихи 500 сола дорад дар паҳлуи бинои масҷиди куҳна дида мешуд. Дарахти мазкур диққати ҳар як сайёҳ ва меҳмони дохилиро ба худ ҷалб мекунад. Аммо баробари сол то сол калон шудани дарахт решаҳояш паҳн гардида, зарари хешро дар иморати назди худбуда мерасонад. Яъне решаҳояш фундаменти таги масҷидро бардошта меистад. Ҳамин тариқ тани деворҳои масҷид рах-рах шуда оҳиста-оҳиста вайрон шуда истодааст, ки ин нигароникунонда аст. Айни замон паҳнои дарахт 7 метру 30 сантриметрро дар бар мегирад.

Мардуми маҳал мехоҳанд, ки барои азнавсозии масҷиди куҳна аз кумитаҳои дахлдор иҷозат гирифта, онро тариқи ҳашар азнавсозӣ намоянд.

  Дар рӯ ба рӯи масҷид оромгоҳи Мавлонои Фатҳуллои Чӯстӣ ҷойгир шудааст. Дар гирду атрофи оромгоҳи алломаи бузург маитҳои мардуми маҳали мазкур гӯронида шудаанд. Аз оромгоҳ ёдгориҳои таърихӣ низ ёфт гардидаанд, ки дар як утоқи масҷид ҷамъ оварда шудааст.

Мардуми маҳал мехоҳанд, ки мазору масҷид муҳофизат ва нигоҳдорӣ карда шавад. Тибқи бовару этиқодҳои мардуми занҳои гирду атроф ва дигар ҷойҳо  рӯзҳои чоршанбе барои шифо ёфтан аз ягон бемории фарзандон ё худ, ба назди оромгоҳи алломаи бузург омада дуову фотиҳа карда аз Худованд шифо талаб менамуданд. Нафари дигаре чунин мисол овард: “Очам мегуфтанд, ки фарзандмуронро фарзандашро оварда дар қабри куҳна гузошта мегирифтанд, баъди ин дигар фарзандонашон вафот намекарданд”. Аммо айни ҳол ин маросимҳо ба пуррагӣ  қатъ карда шудааст. 

Ин мардони рӯзгордида мисоле низ оварданд, ки “модарашон нақл кардаанд, ки солҳои пешин онҳо дар ҳамин ҷо шереро дидаанд, ки омада боз мерафтааст”. 

Барои зиёрати Оромгоҳи Мавлоно Фатҳуллои Чустӣ аз ҷумҳуриҳои Покистон, Эрон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя меоянд. Инчунин муҳақиқон, бостоншиносон ва шахсони баруманди ҷомеаи имрӯза барои зиёрат ва таълифи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ташриф меоранд. Чунки ёдгории мазкур дар феҳристти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаридааст.  Атрофи оромгоҳ дарахтони соафкан шинонида шуда, ҳар шанбе аз ҷониби мардуми маҳал ба тариқи ҳашар тозакорӣ  гузаронида мешавад.

Эҳтиром нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ ин як рукни баланди фарҳангнигории ҳар қавму миллати фарҳангпарвар ба ҳисоб меравад. Мо бояд муҳақиқони соҳа аз натиҷаҳои таҳқиқот ёдгоре ба наслҳои оянда дар шакли мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ гузорем. Нисбати ҷойҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ ҷиддӣ муносибат намуда ба ҳар як сайёҳе, ки аз дигар давлатҳо боздид менамоянд, буклет ва таблои ба забонҳои гуногуни дар сатҳи байналмилалӣ қарордошта, омода созем.

Каримова Гулзира

 

 

 

 

 

барчасп: