ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-ДАСТУРИ РОҲНАМО

16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ, пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудан ва васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш, инчунин ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки сиёсати иҷтимоии давлат бояд пеш аз ҳама ба қадршиносии меҳнати шаҳрвандон ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои асосии ҷомеа равона гардад. Дар ин замина, бо дарназардошти вазъи иқтисодӣ ва зарурати дастгирии қишрҳои калидии ҷомеа, пешниҳод гардид, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, инчунин дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад”.

Ин иқдомҳо нишон медиҳад, ки давлат рушди соҳаҳои иҷтимоиро ҳамеша авлавияти сиёсати худ мешиносад. Дар баробари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Паём дорои муҳтавои амиқи маънавӣ ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Дар ин замина, бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни бузурги миллӣ, пешниҳод гардид, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин дар паёмашон таъкид карданд, ки “Ҳар як шаҳрванду оила бояд бо дарки ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад”.

Ин иқдомҳо мардуми бонангу номус ва кормандони тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаро ба амалҳои созанда, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа сафарбар менамояд. Ҳар як фарди ҷомеа аз ин суханҳо илҳом гирифта дар кору фаъолияти хеш боз ҳам бештару беҳтар амал мекунанд.

Сарвари давлат ҳамчунин дар паёмашон таъкид карданд, ки “дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем.

Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа - Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад”.

Фикр мекунем, ки пас аз ба истифода додани театри миллӣ ҳусни таваҷҷуҳи шаҳрвандони пойтахт ба театр зиёд мешавад. Омаду рафти ҷавонону сокинони пойтахт низ ба театр ба маротиб беҳтар хоҳад гашт.

Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Сарвари давлат дар паёмашон қайд гашт, ки “Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд”.

Воқеъан ҳам, тақдими китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон шаҳодати ин гуфтаҳо аст. Ба хусус қайд карда шуд, ки ин китобҳо на барои нигоҳ доштан дар рафи китобҳо, балки барои хондану худшиносиву ҷаҳонбиниро баланд бардоштан аст. Ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, мардуми кишварро ба китобу китобхонӣ бениҳоят дилгарм сохтааст. Ташкили озмунҳои шоҳномахонӣ, маснавихонӣ ва дигар озмунҳо дар ояндаи наздик, метавонад шавқу завқи мардуми сарбаланди кишварро  боз ҳам бештар гардонад.

Ба ғайр аз ин, дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат қайд гашт, ки “соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 - 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”.

Дар ин замина инро қайд кардан лозим аст, ки аксарияти сайёҳони дохиливу хориҷӣ маҳз аз маконҳои таърихиву фарҳангӣ дидан мекунанд. Ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ нишонаи тамаддуни ғании ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Омаду рафти сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик ба хусус дар мавсими баргузории ҷашнҳои давлативу миллӣ зиёд мегарданд. Ба хусус дар айёми Наврӯзи оламафрӯз. Ба ин хотир, сарвари давлат дар ин замина қайд намуданд, ки “Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.

Дар давоми чанд соли охир дар мавзӯи “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ”, конфронсу ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гашта истодаанд. Мувофиқи маълумоти омории Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар соли 2024, як миллиону чорсад ҳазор ва  дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба Тоҷикистон 925 ҳазору 700 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид, ки аз ин шумора 762,3 ҳазорро сайёҳон ташкил медиҳанд. Бештар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, Эрон, Узбекистон ва ғайра, ба кишварамон ташриф овардаанд. Аксари сайёҳон аз сатҳу сифати баргузории ҷашни Наврӯз ба ҳайрат омада, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таассуроти хешро ба ҷаҳониён баён намудаанд.

Ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар айёми Наврӯз ҳангоми гулгулшукуфии дарахтони мевадор, ба хусус гелосу зардолу бениҳоят хуб аст. Дар фасли баҳор, агар мушоҳида карда бошед, боғҳои гелосу зардолу чунон зебо ба назар мерасад, ки ҳар як шахс аз бую накҳати баҳор ва дидани боғҳо ҳаловат мебарад. Тамошои ин чунин манзараи нотакрор ба ҳар як фард рӯҳу равон ва илҳом мебахшад. Ва ҳисси зебоипарастии одамонро баланд мебардорад. Ташкил кардани карнавали Наврӯзӣ, зинда кардани расму оинҳои миллӣ, муаррифии маҳсули дастии касбу ҳунарҳои миллии аҷдодӣ, имкон фароҳам меорад, ки рамзу суннатҳо ва фарҳанги Наврӯзи ниёкон ба сайёҳону меҳмонон талқин карда шавад ва ҷашнгирии якҷояи Наврӯз  мардумони гуногуни рӯи оламро ба ҳам меорад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории ҷашни Наврӯз ҳам барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо дигар шаҳрҳои кишварҳои гуногуни  ҷаҳон ва ҳам баҳри ободонию гул-гулшукуфии пойтахти кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Бояд, қайд кард, ки ин ҳама дастур ва ҳидоятҳо аз ҳусни таваҷҷӯҳи беандозаи сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар шаҳодат медиҳад.

Хуллас, Паёми Пешвои миллат як ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои миллат барои солҳои оянда мебошад. Ин Паём нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат бо қадамҳои устувор ба сӯи давлати муосир, иҷтимоӣ ва рақобатпазир ҳаракат дорад. Боварии комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус аз ҳар як сухану пешниҳодоти арзишманди сарвари маҳбуби кишвар илҳом гирифта, дар фаъолиятҳои кории хеш софдилона меҳнат мекунанд ва он ҳама тавсияву пешниҳодҳоро сармашқи кору зиндагии хеш қарор медиҳанд.

Ашуралиев Муродали ходими 

пешбари илмии шуъбаи  фаъолияти

 иҷтимоӣ фарҳангии Пажуҳишгоҳи

 илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

 

барчасп: