Таваҷҷуҳ ба Вашгирди бостонӣ дар илми бостоншиносии шуравӣ баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуруъ шудааст. Соли 1946 Экспедитсияи бостоншиносони шуравӣ барои омӯхтани навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ташкил шуд, ки мақсади асосии онҳо таҳқиқи осори бостонии қисматҳои шимолии Кӯлоб ва Сталинобод буд. Аз ҳама бештар харобаҳои бостонии шаҳри Мунки Кӯлоб ва Вашгирд таваҷҷуҳи экспедитсияро ба худ ҷалб мекунад, ки натиҷаи омӯзишҳои муқаддамотии бостоншиносии онҳо бо унвони “Ҳисоботи отряди Вахш дар соли 1946” ва “Очерки таърихӣ-ҷуғрофии Хуттал аз давраҳои қадим то асри Х” аз тарафи бостоншиноси машҳури рус А. М. Беленицкий навишта шуда, соли 1950 дар китоби “Маълумот ва таҳқиқотҳо доир ба бостоншиносии ИҶШС” (Материалы и исследования по археологии СССР. М.Л. № 15) ба табъ расидааст.
А. М. Беленицкий бо гурӯҳи бостоншиносон, чанд муддат харобаҳои деҳаи Файзобод ва Қалъаи Сангинро таҳқиқ карда, ба хулосае меояд, ки деҳаи Файзобод, ки дар асри XIX ва аввали асри ХХ яке аз марказҳои амлокдории вилояти Ҳисори тобеи Бухоро буд, дар асрҳои охир ба вуҷуд омада, шаҳри қадимаи Вашгирд дар худуди Қалъаи Сангин, дар миёни деҳаҳои Сари Чашма ва Ҷонварсӯз ҷой доштааст. Арзиши асосии таҳқиқи муқаддамотии А. М. Беленицкий ҳам маҳз дар муайян кардани таърихи шаҳри қадими Вашгирд мебошад, зеро ӯ аввалин шахсест, ки тарҳи қадимаи шаҳри Вашгирд ва масоҳати умумии диж (қалъа) ва шаҳристони онро тақрибан 80 гектар муайян кардааст. Маълум мешавад, ки як қисми деҳи ҳозираи Сари Чашма ҳам дар рӯи харобаҳои Вашгирд воқеъ гардидааст.
Аз очерки таърихӣ – ҷуғрофии А. М. Беленицкий равшан мегардад, ки ӯ қабл аз ташкили экспедитсияи мазкур бо баъзе сарчашмаҳои ҷуғрофӣ ва таърихии асримиёнагӣ шинос шуда, дар ҳамин замина тасаввуротҳои ноқиси аҳли таҳқиқро нисбат ба гузаштаи Вашгирд васеътар менамояд.
Экспедитсияи мазкур кори худро пас аз кандани чанд чуқурии 1.5–2 ду метрӣ қать кард. А. М. Беленицкий сафолпораҳои аз ин чуқуриҳо ёфтаашро, мисли бозёфтҳои шаҳри Мунки Ховалинг ба асрҳои X-XII нисбат дода, мушоҳидаҳои худро чунин ҷамъбаст кардааст: “Бар мабнои ҳафриёте, ки то акнун сурат гирифт ирояи ҷанбаи чинашиносии шаҳри бостонӣ феълан имконпазир нест. Зеро умқи чуқуриҳои ҳафршуда аз як ё ду метр таҷовуз намекунад. Ҳафриёти ҷиддии харобаҳои шаҳри бостонӣ анҷоми корҳои зиёдеро тақозо дошта, танҳо баъд аз омодагиҳои лозим иқдом ба он имконпазир хоҳад буд. Дар маҷмуъ, маводи истихроҷшуда ҷолиби таваҷҷӯҳ менамояд. (матни аслии он: “На основании проведённых работ дать графическую характеристику городище пока возможность не представляется. Шурфы смогли быть доведены лишь на глубину, не превышающую 1-2 м. Основательные раскопки на этом городище потребуют большой затраты труда, и приступить к ним станет возможным, когда будет проведена соответствующая подготовка. Тем не менее, материал, извлечённый из шурфов, представляет определённый интерес”).
Вашгирд ҳамчун шаҳри бостонӣ минбаъд ҳам диққати бостоншиносонро ба худ кашида ва хоҳад кашид. Вале душвориҳои ношӣ аз зарурат ба қувваи зиёди корӣ ва хароҷотҳои калон ҳанӯз ҳафриёти онро ба замони номаълум мавқуф гузоштааст. Чунон ки арз кардем, соли гузашта ҳам археологҳои тоҷик ба харобаҳои мазкур таваҷҷӯҳи беандоза бузурге зоҳир намуда, онро аз бузургтарин шаҳрҳои бостонӣ дохил карданд.
Мувофиқи тахмини экспедицияи бостоншиносони тоҷик шаҳри мазкур таҚрибан дар асри I-и милод ба вуҷуд омада, дар асрҳои IX-XII яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва савдо дар Бохтари шимолӣ будааст. Экпедитсияи мазкурро дар болои работ ва харобаҳои бостонӣ сохта шудани хонаю фермаи деҳаи Сари Чашма ва ба қабристон мубаддал гардидани ҳудуди шаҳри қадим, ки барои ковишҳои оянда мамониати зиёде хоҳанд кард, ба ташвиш овардааст.
Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ


