Дорога, пройденная театром. Творческий путь, пройденный театром

7 ноября 1929 года впервые в истории Таджикистана в городе Душанбе государственный театр открыл свои двери. Поэтому традиционно День театра празднуется именно в этот день. 27 июня в 1936 году театр Бадахшана впервые поднял свой занавес перед зрителями с постановкой Шарифа Бакоева по произведению Джалола Икроми «Дохунда» (по мотивам Садриддина Айни). В новоиспечённый театр были избраны актёры из народа, получившие путёвку в большое искусство...

барчасп: 

ТАЪЛИФИ ПУРСАМАР ВА РОҲНАМОИ НАВОВАР

Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки тамоми соҳаҳои кишвар мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷониба қарор гирифта, рӯ ба рушду тараққӣ ниҳоданд. Аз ҷумла маънавиёти мардум пас аз даҳсолаи аввали истиқлол дубора эҳё гардида, афзоиш ёфт ва бо беҳбуд ёфтани соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт тадриҷан сокинони табиатан китобдӯсту илмпарвар ба китобу мутолиа ва гирифтани ғизои маънавӣ рӯй оварданд. Теъдоди зиёди матбааҳои корношоям аз нав таъмиру тармим гардида...

барчасп: 

БАРДОШТ АЗ ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ

Таърих собит намудааст, ки осорхонаҳо ҳамчун пойгоҳи худшиносӣ таърихи куҳан дошта, дар таълиму тарбияи мардум ва рушди маънавиёт нақши калидӣ доранд. Шинохти таърихи гузашта, осори гаронарзиши ниёгон, шахсиятҳои таърихӣ ва зиндаву ҷовид боқӣ нигоҳ доштани ному кору пайкори онҳо ба осорхонаҳо алоқамандии зич дорад. Аз ҷумла хона-осорхонаҳо, ки аз шахсиятҳои боризу таърихӣ мерос мондаанд, осор ва зикри эшонро поянда нигоҳ дошта, дар тарбияи маънавии мардум нақши муҳим мебозанд...

барчасп: 

ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ КИТОБДОРӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Таҳти чунин унвон 29-уми октябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги ҶТ, н.и.ф., муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазир Шарифзода Манучеҳр, роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг...

барчасп: 

ТАБСИРАЕ БА ДУ РАВИЯИ ЯК РАССОМ

Моҳи июли соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар Осорхонаи миллӣ намоиши асраҳои рассоми навовари тоҷик Зокир Собиров таҳти унвони «Ду равияи як рассом» доир гардид. Ҳазорҳо нафар аз намоишгоҳ дидан карда, ҳам таассуроти зебоиписандӣ бардоштанд ва ҳам итминон ҳосил карданд, ки фазои ҳунарии кишвар холӣ нест, талошу созандагӣ вуҷуд дорад.

барчасп: 

ТАҲҚИҚИ ЧАНДЕ АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ, ТАБИӢ ВА МАВЗЕЪҲОИ МУҚАДДАСИ ШАҲРҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР ВА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Дар аснои экспедитсияи мардумшиносӣ, ки ба шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав сурат гирифт, самтҳои мухталифи мероси фарҳангии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҷараёни пажуҳиш анъанаи шифоҳӣ, ҷойҳои муқаддас, харсангҳои шифобахш, дарахтони таърихи куҳан дошта, чашмаҳои даводиҳанда, мағораҳои қадим ва теппаю манораҳоро, ки ҳар яке таърихи гузаштаи миллатро қисса карда, дар ҳаёти фарҳангии мардум аҳамияти хосса касб кардаанд, дар бар гирифт...

барчасп: 

САҲМИ МАКТАБИ РАССОМИИ БАЧАГОНАИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ТАРБИЯИ МУСАВВИРОНИ НАВРАС

Омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатии таълимӣ-фарҳангии «Мактаби рассомии бачагона»-и шаҳри Хуҷанд (минбаъд Мактаби рассомии бачагона) нишон дод, ки мактаби мазкур дар таълиму тарбияи мусаввирони наврас, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб гузоштааст...

барчасп: 

Осорхонаҳои маҳаллӣ-тарғибгари фарҳанги бумӣ

Сафари навбатии мо баҳри омӯзиши муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки аз 23-уми сентябр то 2-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифт, осорхонаҳо низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар раванди корҳои пажуҳишӣ ва ҷамъоварии маводи илмӣ, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо директори «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ», муҳаққиқи барҷастаи осорхонашиносӣ ва кишваршиносӣ Амирхон Саидзода... 

барчасп: 

Страницы