НАҚШИ «ДОНИШНОМА»-И ИБНИ СИНО ДАР МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ нашри «Донишнома»-и фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ маъруфу машҳур дар Шарқ бо номи Ибни Сино ва лақаби ифтихории Шайхурраис ва дар Ғарб бо номи лотинишудаи Авитсена муборак бошад.

Шайхурраис барои ворисони худ ва аҳли башар мероси илмии азиме боқӣ гузошт, ки дар бартарин қуллаи андешаи илмии асрҳои миёна мавқеъ дорад. Феҳристи осори Ибни Сино бо рангинии майлу завқи илмии аллома касро дар ҳайрат меорад.

Дар миёни асарҳои мутафаккир «Донишнома», аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор буда, ба ҳайси шоҳасари фарҳанги ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Шарқшиноси маъруф Е. Э. Бертелс зимни баёни аҳаммияти «Донишнома» ишора кардааст, ки «осори илмии Ибни Сино асосан ба арабӣ навишта шудаанд. Вале ба назар мерасад, ки ӯ зарурати бозгашт ба забони модариро дарк намуда буд. Аз ин рӯ, ӯ баёни маъмули маҷмуаи бузурги худро, ки «Номаи ҳикмат (барои Алоуддавла), - «Донишномаи Алой» ном гирифт, солҳои 1024-37, яъне дар тули 13 сол ба забони форсӣ-дарӣ нигоштааст. Ин китоб барои омузиши таърихи адабиёти форс-тоҷик ва забони форсӣ аҳаммияти бузург дорад, зеро яке аз нахустин кушишҳои эҷоди истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ аст». «Донишнома», ки дар сарчашмаҳои арабӣ ва форсӣ бо номҳои «ал-Ҳикматул-алоия», «ар-Рисолатул-алоия», «Донишномаи Алой», «Китоби Алой» ва «Ҳикмати Алой» низ ном бурда мешавад, нахустин китоби мукаммали илми-фалсафӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна буда, фаслҳои гуногуни илми замони алломаро дар бар мегирад. Ибни Сино онро бо дастури ҳокими Исфаҳон Алоуддавлаи Дайламӣ ҳангоми иқомати худ дар ин шаҳр навиштааст. Шайхурраис дар оғози «Донишнома» нигошта, ки Алоуддавла ба ӯ фармудааст, «мар ходимони маҷлиси вайро китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ, ки андар вай аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз илмҳои ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор».

«Донишнома» нахустин асари донишномаӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ буда, дар он усули мантиқ, «Мобаъдаттабиати» (фалсафа ва илоҳиёт), табииёт ва риёзиёт баён ёфта, мутобиқан аз 4 бахш иборат аст. Дар бахши нахуст («Мантиқ») мақсад ва моҳияти мантиқ арзёбӣ шуда, назарияҳои мафҳум, ҳукм (қазия) ва қиёс баён ёфтааст; тафовути миёни таъриф ва тавсиф (ҳад ва расм) шарҳ дода, намудҳои қазия ва қиёс, инчунин муқаддимоти пешин ва қисматҳои матолиби илмӣ баррасӣ шудааст. Дар бахши «Илоҳиёт» муҳтавои «илми барин», ки асоси ҳамаи илмҳои дигар аст, арзёбӣ гаштааст. Дар ин бахш ҷои асосиро назарияи имкон ва зарурат ва мафҳуми Воҷибулвуҷуд ишғол мекунад. Дар бахши «Табиат» мафҳумҳои ҳаракат, макон, хало, аносир барасӣ мешавад. Назарияи нафси марбут ба модда омехтаи аносири муназзам, инчунин назарияи хирад, зинаҳои гуногуни он баён мегардад, аҳаммияти ақли фаъол таъкид мешавад. Бахши «Риёзиёт» чанде пас аз таълифи асар гум шуд ва баъдтар аз сӯи Ҷузҷонӣ-шогирди Шайхурраис аз осори арабии ӯ тарҷума ва барқарор карда шуд. Ибни Сино дар «Донишнома» ва дигар навиштаҳои худ ба забони форсӣ-тоҷикӣ шумори зиёди вожаҳои форсӣ-тоҷикиро мавриди корбурд қарор додааст, ки минбаъд ба истилоҳот табдил ёфтанд ва дар расоили марбут ба фалсафа ҷойгузини истилоҳоти арабӣ гаштанд. Чунончи, дар ин китоб мафҳумҳое аз қабили ҳастӣ-вуҷуд, куниш-феъл, ҷунбиш-ҳаракат, гардиш-давр, шумор-адад, равон, ҷон-руҳ, дошт-милк, ҷузуйӣ-ғайрият, андарёфт-идрок, андарёбанда-мудрик, андарёфта-мудрак, ниҳод-вазъ, шинохт-маърифат, чи чизӣ-моҳият, чандӣ-каммият, чигунагӣ-кайфият, куҷоӣ- айна, кайӣ-мато, тавониш-иститоат, дарозо-тул, паҳно-арз, ситабро-умқ, пайваста-муттасил, гусаста-мунфасил, пазиро-қобил, чунбиш-харака (т), оромиш-сукун, сесу-мусаллас, чорсу-мураббаъ ва амсоли инҳо ба назар мерасанд. Вежагии дигари ин китоб корбурди фаровони сабки махсус бо истифода аз чунин воҳидҳои забонии аслан форсӣ тоҷикӣ, аз қабили «мар», «андар», «ҳаме» ва ғайра аст. Забони асар далели равшанест барои исботи ин ки дар асрҳои миёна, сарфи назар аз афзалияти забони арабӣ, ниёгони бузурги тоҷикон илму донишҳоро ба забони модарии худ меомухтанд.

«Донишнома» ба анъанаи таълифи ин қабил осори донишномаӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ замина гузошт. Далели қотеъ барои исботи ин гуфтаҳо китоби «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ (асри ХII) ва «Дуррату-т-тоҷ»-и Қутбуддини Шерозӣ (асри ХIII) аст.

Ибни Сино на танҳо расоили илмиву фалсафӣ таълиф кардааст, балки осори манзум ва илмии манзум низ навиштааст. Ӯ ҳамчунин теъдоде қасида ва рубоӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ сурудааст. Аллома аз ҷумлаи нахустин касоне аст, ки пойдевори жанри рубоии фалсафиро гузоштанд. Дар рубоиҳои ӯ унсурҳои ғоявӣ-бадеии ин жанр заминагузорӣ шуданд, ки минбаъд дар эҷодиёти Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар бузургони назми форсӣ-тоҷикӣ ба авҷи рушд расиданд. Ибни Сино дар самти рушди назарияи назм низ хизмати басо шоистаеро анҷом додааст. Рушди минбаъдаи ин риштаи дониш зери таъсири пурсамари назарияи назми ӯ дар китоби «Шифо» сурат гирифтааст.

Чуноне ки дар боло зикр гардид Шайхурраис яке аз аввалинҳост, ки ба жанри рубоии фалсафӣ асос гузоштааст ва ин рубоии машҳури ӯро дар баёни ҳақиқати ҳастӣ ва гузари умр аксари тоҷикон-форсизабонон азёд медонанд:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

 

Аллома дар посух ба иттиҳоми куфр ва дифоъ аз имони худ мегӯяд:

Куфре чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофар,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

 

Дар рубоии дигари хеш оид ба ҳасудон ва ноаҳлони замона бо алам шикоят мекунад:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст кофараш мехонанд.

 

Хушбахтона, асари тарҷумаҳолии аллома «Рисолаи саргузашт», дар аввали китоби «Донишнома» оварда шудааст ва он боз як далели муътамад барои он ашхос ва уламои курботину бесавод аст, ки Шайхурраисро турк мехонанд. Чун забони модарии аллома тоҷикист ва сокинони бумии Самарқанду Бухоро ва манотиқи гирду атрофи ин шаҳрҳои бузурги тоҷикон буданд, табиист, ки Ҳусайн ба забони тоҷикиву арабӣ тамоми илмҳои замонаашро азхуд кард. Дар муқаддимаи китоби «Донишнома» ҳолномаи мухтасари Шайхурраис оварда шудааст, ки онро манзури хонандагони гиромӣ мегардонем.

Ибни Сино 18-уми августи соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро – он   замон пойтахти давлати Сомониён чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Падараш Абдуллоҳ аслан аз Балх ва тоҷики исмоилимазҳаб буд; дар аҳди ҳукмронии амир Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Бухоро омада, ба умури девон машғул шуд. Модараш Ситорабону ҳам тоҷик ва аз аҳли Афшана буд. Аллома дар даҳсолагӣ Қуръонро ҳифз кард, сарфу наҳв ва илми адабро хуб омухт. Сипас ба омузиши риёзиёт, мантиқ ва фиқҳ пардохт. Риёзиётро назди Маҳмуди Массоҳи савдогар, мантиқ ва фиқҳро назди Исмоили Зоҳид аз бар кард. Ҳангоме ки ба Бухоро донишманди шинохта Абуабдуллоҳи Нотилӣ омад (тақрибан соли 991), падари Ҳусайн ӯро дар хонаи худ ҷой дод, то эшон ба писараш таълим бидиҳад. Ҳусайн назди ӯ омузиши илми мантиқро аз рӯи китоби «Исоғуҷи»-и Фарфуриюс (Пифагор) оғоз кард. Ибни Сино назди ӯ нуктаҳои содаи мантиқро аз бар карда, сипас ба мутолиаи мустақилонаи китобҳо ва омузиши шарҳҳо пардохт, то ин ки дониши худро дар мантиқ мустаҳкам кард. Гоҳе зери назари Нотилӣ ва бештар ба сурати мустақил «Усул»-и Уқлидус ва «Алмаҷисти»-и Батлаймусро омухт. Пас аз чанде Нотилӣ пай бурд, ки шогирди ҷавонаш Фарфуриюс, Уқлидус ва Батлаймусро аз устодаш беҳтар мефаҳмад, аз ин рӯ, ба шогирди соҳибистеъдодаш маслиҳат дод, ки ин улумро мустақилона омузад. Баъди ба Хоразм рафтани Нотилӣ (тақрибан соли 993) Ибни Сино ба омузиши мустақилонаи улуми фалсафӣ ва табиӣ машғул шуда, ба матни рисолаҳои марбута ва шарҳҳои онҳо, бавижа, китоби «Метафизика»-и Арасту ва шарҳи Абунасри Форобӣ (тақрибан 870-950) бар он ошноӣ пайдо кард. Ибни Сино дар синни ҳаждаҳсолагӣ даври комили омузиши ҳамаи донишҳои замонаро фаро гирифта, ба ҳайси як донишманд ва ҳакими ҳозиқ машҳур гашт. Ба афзоиши шуҳрати аллома ҳамчун пизишк дар баробари амалияи пизишкӣ ширкати ӯ дар табобати амир Нуҳ ибни Мансури сомонӣ, ки он замон ранҷур шуда буд, мусоидат намуд. Зиндагии ноором, оворагардӣ ва маҳрумиятҳо, дасисаҳои дарборӣ, мушояати ҳокимон дар тохтутозҳои ҷангӣ ва сафарҳои онҳо, бо вуҷуди беморӣ алломаро аз по дарандохт. Ҳарчанд Ибни Сино сахт бемор буд, амир Алоуддавларо дар сафарҳояш ҳамроҳӣ мекард. Дар яке аз чунин сафарҳо 24-уми июни соли 1037 Шайхурраис дар роҳи Ҳамадон ин ҷаҳонро падруд гуфт ва дар Ҳамадон ба хок супурда шуд. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи пур аз моҷароҳо Ибни Сино, дарвоқеъ, барои ворисони худ ва аҳли башар мероси илмии азиме боқӣ гузошт, ки дар бартарин қуллаи андешаи илмии асрҳои миёна мавқеъ дорад.

Бо пешниҳоди Шурои ҷаҳонии сулҳ соли 1952 тибқи гоҳшумории исломӣ ва соли 1980 тибқи гоҳшумории милодӣ ҳазораи зодрӯзи Ибни Сино дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид. Даври бистуми Конференсияи умумии ЮНЕСКО (соли 1980) ба ҳазораи зодрӯзи Шайхурраис бахшида шуд. Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон барои ин ҷашнвора «Осори мунтахаби фалсафӣ»-ро барои нашр дар Маскав омода кард, ки «Донишнома» ба забони русӣ ва рисолаҳои дигари Шайхурраис бахши муҳимми он буд. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҳазораи Ибни Сино 3 ҷилди осори ӯ ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расид. Симпозиуми байналмилалӣ бо тантана доир гардид. Дар баргузории ин ҳамоиши сатҳи олӣ, ки бар он муаррифии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти бузург дошт, саҳми президенти АИ ҶШС Тоҷикистон академик М. С. Осимӣ назаррас аст.

Ҳоло дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази синошиносӣ фаъолият мекунад, ки ба тарҷума ва пажуҳиши мероси илмии Ибни Сино машғул аст. Марказ то ҳол 9 ҷилди осори алломаро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расонид. Бо ташаббуси Марказ соли 2025, бахшида ба 1045-умин солгарди аллома, дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Ба хотири бузургдошти нобиға дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ноҳияи шаҳри Душанбе (Сино), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи илм ва техника, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Китобхонаи илмии тиббӣ, бемористони байналмилалӣ, майдон ва хиёбон, қуллаи кӯҳ, 2 ҳафтанома («Сино» ва «Авитсенна») ва ғайра ба шарафи ӯ номгузорӣ шудаанд. Пули арзишаш 20 сомонии Бонки миллии Тоҷикистонро тасвири Ибни Сино зиннат медиҳад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол 18-уми август рӯзи таваллуди Абуалӣ Ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони риштаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ Ибни Сино дар риштаи тиб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми майи соли 2026 баёнгари пуштибони илм, таҳқиқот ва навоварӣ будани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст. Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти эътирофи саҳми таърихии миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, қадрдонӣ аз як нобиғаи бузург, бузургдошти хотираи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки Шайхурраис ҳамчун бузургтарин донишманд ва ҳакими тоҷик дар рушду пешрафти тамаддуни чаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.

Ҳар асари ӯ муҷассамаест ҷовидон, ки ҳаким барои хеш гузоштааст. Феҳристи осори Ибни Сино бо рангинии майлу завқи илмии аллома касро дар ҳайрат меорад. Аз феҳрист маълум мегардад, ки ӯ дар ҳамаи риштаҳои илми роиҷи замонаш, аз ҷумла, тиб, фалсафа, мантиқ, табииёт, риёзиёт, мусиқӣ, нуҷум ва ахлоқ, дар маҷмуъ беш аз 450 асар (фарогири 29 риштаи дониш) навишта, аз ин теъдод танҳо 274 рисола то замони мо расидааст. Асарҳои ӯ ба рушди илм ва фарҳанг на танҳо дар Шарқи мусулмонӣ, балки дар Ғарби насронӣ низ таъсири бузург расондаанд. Аксари осори худро Шайхурраис ба забони арабӣ ва наздики 30 асарро ба забони форсӣ-тоҷикӣ, ки забони модариаш буд, навиштааст.

Шайхурраис аввалан фарзанди баруманди тоҷик ва сониян мутафаккири бузурги Шарқ ва тамоми олам аст. Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки Ибни Сино оид ба тиб беш аз 60 асар таълиф кардааст, ки дар байни онҳо «Қонуни тиб» ба муаллифаш чун «поягузори тибби муосир» шуҳрати чаҳонӣ овард. Дар ин китоб ҳам дастовардҳои тибби гузаштагон ва ҳам таҷрибаҳои андӯхтаи худи муаллиф ҷамъбаст ва танзим шудаанд. Аз таълифи ин китоб дере нагузашта, он ба лотинӣ тарҷума шуд ва то асри XVIII роҳнамои асосии пизишкони Аврупо буд. Дар тули беш аз шаш садсола табибони ҷаҳон илми пизишкиро аз рӯи «Қонуни тиб» меомухтанд ва аз он ҳамчун сарчашмаи муътамад истифода мебурданд. Ин асар садсолаҳо дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо ҳамчун китоби асосии таълимӣ истифода мешуд.

Дар нашри кунунӣ аз таҳияи матни «Донишнома» ба хатти крилӣ аз сӯи М. Диноршоев ва М. Султонов, аз тарҷумаи он ба забони русӣ аз сӯи А. Баҳоваддинов, инчунин аз тарҷумаи асари шарҳиҳолии Шайхурраис «Рисолаи саргузашт» ба забони тоҷикӣ аз сӯи С. Шаҳобуддинов ва ба забони русӣ аз сӯи М. Диноршоев ва Т. Мардонӣ (нашри «Абуали Ибни Сино. Осори мунтахаб». Чилди 1. Душанбе: Ирфон, 1980 ва «Ибн Сина [Авиценна). Избранные философские произведения». М.: Наука, 1980) истифода шуд. Таҳияи матни асли «Донишнома» ва «Рисолаи саргузашт»-ро ба расмулхатти форсӣ Р. Исроилов анҷом додааст. Тарҷумаи англисии «Рисолаи саргузашт» ва матни «Донишнома» ба қалами Ф. Забеҳ («Мантиқ»), П. Мураввич («Илоҳиёт») ва Муҳаммадӣ Ф. («Табииёт») тааллуқ дорад.

«Донишнома» дар ҳақиқат шиносномаи миллати тоҷик буда, ба онҳое, ки фарҳанги моро дар Осиёи Миёна инкор карданианду мутафаккирони бузурги форс-тоҷикро чун Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Хоразмӣ ва дигаронро турк мепиндоранд, далели муътамад ва ҷавоби муҳкам ва раднопазир аст. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшондан намешавад. «Донишнома» офтобест, ки ба ин баҳси бебунёд нуқтаи таммат гузошт. Яъне, офтоб омад далели офтоб.

Дар робита ба нашри китоби «Донишнома» хуб мешуд, ки онро ҳамаи вазорату кумитаҳо, бахусус, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва тамоми сафорату намояндагиҳои мамлакати мо дар кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байнулмилалӣ, Академияи миллии илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра бо теъдоди зиёд дастрас намоянд ва зимни пазироии меҳмонони гиромиқадр ба онҳо эҳдо намоянд.

Ва дар охир ба кормандони гавҳаршиноси Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо роҳбарии Саидҷалол Ҳусайнӣ дуруду сипоси бепоён мерасонем, ки ин хазинаи гаронмояи ниёамонро ба рӯи ҳамагон кушоданд ва ҳақиқати таърихиро ба забонҳои англисиву русӣ ва тоҷикӣ-форсӣ сабт намуданд.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

  


 

 

барчасп: