РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллат нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.

 

ЛУТФИ ХУДО

Мо, обирони сарҳади асри наву куҳан,

Бар асри нав ба дидаи гирён расидаем.

Ҷӯяндагони кишвари афсонавӣ, дареғ,

То асри нав ба шӯришу исён расидаем.

 

Болои хуни ҳамватанон монда пои худ,

То асри тоза синакашон раҳ сипардаем.

Бидрида синаҳои пур аз меҳри модарон,

Ёде зи асли тоҷикии худ накардаем.

 

Мо шоҳидони тантанаи фанди пур зи фан,

Печида дар фазои риёии бефурӯғ.

Пироҳани сафед намуда чу лола сурх,

Аз хуни бегуноҳию талқини бардурӯғ.

 

Саркардагони мо ҳама аз мо ҷудо шуданд,

То нимараҳ расида, зи мардум раҳо шуданд.

Шерони хонагӣ ҳама аз арса монда дур,

Аз дарди халқ раста, ба хун мубтало шуданд.

 

Мо роғибони ҳикмати Иқболи фалсафӣ,

Бархоста зи бистару гум карда рахти хеш.

Дар лобалои субҳи дуруғин шуда асир,

Бе субҳи навҷавонию бе нақди бахти хеш.

 

Он миллате, ки мазҳаби бегонагӣ надошт,

Бегонагуна теғи маломат зи бар кашид.

Фарзанди худ чу Рустами Дастон ба хун нишонд,

Бечора гашту чодири мотам ба сар кашид...

 

Лутфи Худо ба кишвари бечорагон расид,

Охир дуъои Хизри сухан гашта мустаҷоб.

Дар қалби шаб талиъаи хуршед шуъла зад,

Бонги фиғони аҳриманӣ монда бе ҷавоб.

 

Марде, ки бо шукӯҳу шаҳомат фурӯ расид,

Пешонии кушодаву қалби кушода дошт.

Оғушта карда сина ба дарду ғами Ватан,

Болои дида миллати худро фаро гузошт.

 

Бигзашта з- ин миёна басе рӯзу моҳу сол,

Бар рӯйи пушта яксара анбӯҳи лола руст.

Марди фурӯрасида, ки қалби кушода дошт,

Доғи Ватан ба шабнами гулҳои лола шуст...

 

Мо, обирони сарҳади асри наву куҳан,

Гумкардаи шабоб дар ин зиндагонием.

Мо, шоҳидони мулки тиллоӣ ба асри нав,

«Шармандаи ҷавонӣ аз он зиндагонием».

Саъдӣ Мирзо

ходими калони шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ

барчасп: