Шаҳри Истаравшан яке аз марказҳои ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар миёни беш аз 160 ҳунарҳои дастӣ, тоқидӯзӣ мақоми хосса дорад. Тоқӣ на танҳо як ҷузъи муҳимми либоси миллӣ, балки нишонаи ҳувият, мақоми иҷтимоӣ, минтақаи зист, ҷаҳонбинӣ ва зебоипарастии мардуми тоҷик мебошад.
Сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ собит месозанд, ки сарпӯшҳои гулдӯзишуда дар сарзамини Суғди бостон ва Ӯструшана ҳанӯз дар асрҳои миёна маълум буданд. Бо рушди роҳҳои тиҷоратӣ, бахусус Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, дар Истаравшан истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва пахтагин тавсеа ёфт, ки ин омил ба пешрафти санъати гулдӯзӣ ва тоқидӯзӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар асрҳои XIX ва ибтидои асри XX мактаби тоқидӯзии Истаравшан бо сабки хосси худ аз дигар минтақаҳо ба монанди Хатлон, Бадахшон, Рашт тафовут пайдо кард. Ин тафовут пеш аз ҳама дар шакли чоркунҷа, барҷастагии қисми болоӣ ва истифодаи васеи ранги сиёҳу сафед зоҳир мегардад.
Зимни сафари хизматӣ дар растаи ҳунармандони бозори марказӣ бо тоқидӯзи моҳир Зебо Солеҳоваи 69 сола вохӯрда огоҳ гардидем, ки мавсуф ҳунари суннатии тоқидӯзиро ҳанӯз дар синни 13 солагиаш аз модараш омухтааст. Раванди омодасозии тоқии истаравшанӣ аз якчанд марҳилаи дақиқ иборат буда, маҳорати баланди касбиро тақозо мекунад, мегӯяд ӯ. Аз ҷумла барои қисмати болоии тоқӣ матоъҳои устувор ва хушсифат, аз қабили бахмал, сатин, шоҳӣ ва яктаҳ интихоб мешаванд. Барои астар матои пахтагини сафед ё рангин (карбос, чит) ва барои мустаҳкам нигоҳ доштани шакли тоқӣ қоғази ғафс ва пахта истифода мегардад. Тоқии суннатии Истаравшан аз чор қисми секунҷашакл (тарк) ва як ҳошияи гирди поёнӣ (кизак) иборат аст. Қисми болоии он нисбат ба тоқиҳои дигар минтақаҳо баландтар ва гунбазшакл дӯхта мешавад. Дар санъати тоқидӯзии Истаравшан ҳар як нақш ва ранг санъати рамзии худро дорад, ки аз боварҳо ва фалсафаи қадимаи мардум сарчашма мегирад. Бодомча ва қаланфур ин ду нақш асоси тоқии машҳури “Чоргул” – ро ташкил медиҳад. Дар фарҳанги мардумӣ бодом рамзи баракат фаровонӣ ва ҷовидонагӣ буда, қаланфур ҳамчун тилисми муҳофизатӣ барои дафъи чашми бад ва нерӯҳои нопок тасвир мешавад. Тоқии “Чоргул” маъмултарин сарпӯши мардона дар шимоли Тоҷикистон буда, ҳам рӯзҳои оддӣ ва ҳам дар маросими диннию миллӣ пӯшида мешавад. Тоқидӯз Дилором Аҳророва, ки 32 соли ҳаёташро ба ин касби суннатӣ бахшидааст иброз намуд, ки имрӯз дар аксар маҳаллаҳо ва деҳоти атрофи Истаравшан тқидӯзӣ ҳамчун фаъолияти асосии соҳибкории хонагӣ боқӣ мондааст. Бонувон ва духтарони маҳаллӣ дар хона ба дӯхти тоқиҳои чоргул, ироқӣ ва зардӯзӣ машғул шуда, ба буҷаи оила саҳм мегузоранд. Ба ғайр аз анъанаи сулолавии “устод – шогирд” дар хонадонҳо ҳоло ин ҳунар дар коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан омузонида мешавад. Донишҷуён дар ин муассиса нозукиҳои тарҳрезӣ, нақшпардозӣ ва дӯхти суннатиро аз устодони соҳибтаҷриба меомузанд.
Умуман ҳунари тоқидӯзии шаҳри Истаравшан як падидаи нодири фарҳангӣ ва бадеӣ буда, бинобар сифати баланд, устуворӣ ва арзиши бадеияшон мавқеи худро дар бозор нигоҳ дошта, дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ ҳамчун арғумони асили миллӣ харидорони зиёд доранд.
Фазлиддин Ғуломов
Ходими калони илмии ММФТ ПИТФИ

