Ёдгориҳои таърихӣ яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои омузиши таърихи гузашта, шинохти ҳувияти миллӣ ва дарки роҳи тайкардаи ҳар як халқу миллат ба шумор мераванд. Онҳо на танҳо бозгӯкунандаи рӯйдодҳои таърихӣ, балки таҷассумгари фарҳанг, анъана, ҷаҳонбинӣ, ҳунар ва дастовардҳои маънавию моддии ниёгони мо мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ин замина, ворид намудани ёдгориҳо ва унсурҳои арзишманди фарҳанги миллӣ ба феҳристҳои байналмилалӣ, аз ҷумла феҳристҳои ЮНЕСКО, барои баланд бардоштани нуфузи фарҳангии Тоҷикистон ва муаррифии саҳми тамаддунофари тоҷикон аҳаммияти калон дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва муаррифии чунин мероси таърихӣ аҳаммияти бештар касб менамояд. Зеро ҳифзи ёдгориҳо танҳо нигоҳ доштани иншооту мавзеъҳои қадима нест, балки ҳимояи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои фарҳангие мебошад, ки дар тули садсолаҳо ташаккул ёфтаанд. Дар ин самт сиёсати фарҳангии давлат, фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва саҳми ҷомеа дар шиносоӣ, омузиш, барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ нақши муҳим доранд.
Ноҳияи Лахш дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, бо табиати нотакрор, манзараҳои кӯҳистон ва анъанаҳои қадимаи фарҳангии худ аз дигар минтақаҳои Ҷумҳуриямон фарқ мекунад. Ин минтақа на танҳо бо захираҳои табиӣ ва урфу одатҳои мардумӣ, балки бо мавзеъҳои бостонӣ, сангнигораҳо, катибаҳо ва зиёратгоҳҳои қадимаи худ низ таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ҷалб менамояд.
Дар байни мавзеъҳои таърихии ноҳия Чоргул низ мавқеи хос дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар баъзе ашёи дарёфтгардида нақшҳои гулмонанд, аз ҷумла тасвири чор гул мушоҳида шудааст. Ин хусусияти нақшу нигор бо номи маҳаллии мавзеъ пайванд дода мешавад. Чунин номгузориҳо аксаран дар натиҷаи мушоҳидаҳои мардум, хусусиятҳои табиӣ ё бозёфтҳои таърихии минтақа ташаккул меёбанд.
Яке аз шаклҳои муҳимми мероси таърихии Лахш сангнигораҳо ва нақшҳои рӯйи санг мебошанд, ки дар баъзе маҳалҳои ноҳия ба назар мерасанд. Тибқи маълумоти муътамад дар деҳаҳои Ғулама, Тандиқул, Шилбилӣ ва мавзеи Шӯхи Нахчирони деҳаи Қушағба мавҷуд будани нақшҳо ва аломатҳои рӯйи санг исбот мегардад.
Дар баробари ёдгориҳои бостонӣ ва сангнигораҳо, дар ноҳияи Лахш қадамҷойҳо ва зиёратгоҳҳои зиёде мавҷуданд, ки дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии аҳолии маҳаллӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Аз ҷумла, марқади Ҳазрати Шоҳтолиб дар деҳаи Оқсой, Ҳазрати Султон дар деҳаи Хоҷа Таоф, инчунин қадамҷойҳои Хоҷа Аҳмади Валӣ ва Хоҷа Ниёз дар деҳаи Мук аз ҷумлаи мавзеъҳое мебошанд, ки дар эътиқодоти мардуми маҳал мавқеи хос касб кардаанд.
Ин гуна маконҳо дар марҳилаҳои таърихӣ ҳамчун маконҳои муқаддас шинохта шуда, ҳамеша мавриди эҳтирому икром ва мояи ибрати дигарон будаанд. Онҳо на танҳо дорои аҳаммияти маънавӣ, балки арзиши иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ доранд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сокинони ноҳияи Лахш марқади Ҳазрати Шоҳтолибро, ки дар деҳаи Оқсой ҷойгир аст, мавриди эҳтиром қарор дода, нисбати он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, ки ин омил баёнгари эътибор ва бузургии шахсияи мазкур аст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ин мақбара дар солҳои 90-уми асри XX бо ташаббус ва маблағгузории сокинони хайрхоҳи деҳа таъмиру тармим гардидааст. Ҳангоми корҳои ободонӣ ба мақбара дари дутабақаи кандакоришуда насб карда шудааст, ки дар сохтан ва ороиши он ҳунари анъанавии кандакорӣ истифода гардидааст.
Ёдгориҳои таърихӣ қисми ҷудонашавандаи мероси фарҳангии ҷомеа буда, ҳифзу истифодаи оқилонаи онҳо бояд дар асоси қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ гардад. Дар ноҳияи Лахш низ зарурати омузиши мунтазами ёдгориҳо, сангнигораҳо, мавзеъҳои бостонӣ ва қадамҷойҳои таърихӣ эҳсос мешавад.
Ҳамзамон, муаррифии дурусти ёдгориҳои ноҳияи Лахш тавассути китобҳо, мақолаҳои илмӣ, намоишгоҳҳо ва захираҳои рақамӣ метавонад таваҷҷуҳи ҷомеа ва муҳаққиқонро ба ин минтақа бештар намояд. Дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ, чунин мавзеъҳо метавонанд барои рушди сайёҳии фарҳангӣ низ мусоидат кунанд.
Умуман аз таҳқиқот ва мушоҳидаҳо метаовн чунин хулоса баровард, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Лахш бахши муҳимми мероси моддӣ ва маънавии минтақа буда, барои омузиши гузаштаи таърихӣ, шинохти анъанаҳои мардумӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти калон доранд. Мавзеъҳои бостонӣ, сангнигораҳо, бозёфтҳои археологӣ, мақбараҳо ва зиёратгоҳҳо ҳар кадом паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги наслҳои гузаштаро инъикос менамоянд.
Файзигул Насрудинова
ходими калони ММФТ

