ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ БУНЁДКОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПУБЛИТСИСТИКАИ МУОСИР

Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дорои аҳаммияти сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин рӯз бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 иртибот дошта, барои омӯзиши равандҳои барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими асосҳои давлатдории соҳибистиқлол заминаи муҳим фароҳам меорад.  Ба ҳамин муносибат 13-уми ноябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҷассуми сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир» мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоиш дар доираи лоиҳаи илмии «Рушди публитсистикаи тоҷик дар замони истиқлол» доир шуда, ба баррасии масъалаҳои инъикоси фаъолияти созандагӣ, ташаббусҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар дар осори публитсистии муосир бахшида шуд.

Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз Шодӣ ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти омӯзиши инъикоси равандҳои давлатдорӣ ва бунёдкорӣ дар публитсистикаи замони истиқлол сухан гуфт. Дар ин замина, масъалаи нақши осори публитсистӣ дар сабти рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, муаррифии фаъолияти шахсиятҳои сиёсӣ ва таҳлили дигаргуниҳои ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Мавсуф зикр кард, ки аз нигоҳи таърихӣ, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигаргуниҳои сохторӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат ва татбиқи барномаҳои бунёдкорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ алоқаманд аст. Аз ҷиҳати фарҳангӣ бошад, ин давра бо густариши фаъолияти муассисаҳои илмию фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию маънавӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсиф меёбад.

Баъдан сухан ба роҳбари дастгоҳи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Усмонов Маҳмадмурод дода шуд. М. Усмонов зимни суханронии худ ба корномаи беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумлаи хизматҳои барҷастаи ӯ саҳмгузорӣ дар раванди барқарорсозии сулҳу субот, расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлолро арзёбӣ кард. Дар ин замина, ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 ишора гардид. Дар баробари ин, масъалаҳои эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва муаррифии мероси маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ аз самтҳои фаъолияти давлатии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуданд.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи «Тасвири корномаи Пешвои миллат дар осори публитсистӣ» маъруза намуд. М. Муродӣ ба масъалаҳои инъикоси ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осори публитсистӣ, тарзи тасвири рӯйдодҳои таърихӣ ва бозтоби воқеияти иҷтимоию сиёсӣ иртибот дошт. Дар ин замина, хусусиятҳои публитсистика ҳамчун воситаи таҳлилу арзёбии воқеияти замон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Меҳроб Ҷумъазода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони ВАО» суханронӣ кард. Дар доираи мавзуъ масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ, саҳми Пешвои миллат дар ин самт, фаъолияти воситаҳои ахбори омма, риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавӣ ва ҷойгоҳи забони матбуот дар фазои иттилоотии кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар идомаи ҳамоиш ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Насруддин Охунзода дар мавзуи «Иродаи созандагии Пешвои миллат дар публитсистика (дар мисоли осори марбут ба НБО-и «Роғун»)» маъруза намуд. Дар маркази ин мавзуъ масъалаи бозтоби сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар осори публитсистӣ қарор дошт. Аз ҷумла, тасвири фаъолияти бунёдкорон, инъикоси ҷараёни сохтмон ва хусусиятҳои баёни воқеияти меҳнатӣ аз масъалаҳое буданд, ки мавзуи мазкур фаро мегирифт.

Мудири шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳ Ифтихор Юсуфӣ дар мавзуи «Бозтоби ташаббусҳои созандагӣ дар публитсистикаи адибон» суханронӣ намуд. Мавзуи маъруза ба инъикоси ташаббусҳои бунёдкорӣ дар эҷодиёти адибони публитсист, хусусиятҳои тасвири дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва муносибати воқеияти ҳуҷҷатӣ бо унсурҳои бадеӣ дар осори онҳо бахшида шуда буд. Дар ин замина, масъалаи нақши публитсистикаи адибон дар инъикосу тасвири корномаҳои созандагӣ ва пайкори Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҳамчунин, ходими пешбари илмӣ Эшонқул Эшонқулов дар мавзуи «Шаклҳои нави иртиботи омма бо ҳукумат» маъруза кард. Мавзуи мазкур масъалаҳои тағйирёбии воситаҳои иртиботи ҷамъиятӣ, имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва роҳҳои муосири мубодилаи иттилоот байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро дар бар мегирифт.

Дар бахши мубодилаи афкор ходимон пешбари илмии ПИТФИ Хоҷаев Қурбон, Мунаввари Сафар ва дигарон бархе масъалаҳои марбут ба ҳамоишро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар охир шоири ширинкалом Саъдӣ Мирзо дар бораи Пешвои миллат аз эҷодиёташ шеъреро таҳти унвони “Ваҳдатсарои халқ” қироат намуд, ки ба кори ҳамоиш ҳусни тоза бахшид.

Ифтихор Юсуфӣ,

мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ

барчасп: