Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,
Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд.
Гирдбоди зиндагиро сахт бо дасташ фишурда,..
Ҷавонӣ - фасли беҳтарин ва дилпазиртарини зиндагии мо бо шунидани сурудҳои дилнишину муассири як қатор ҳунармандон чун Ҷӯрабек Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Нуқра Раҳматова, Махфират Ҳамроқулова, Тоҷиддин Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Лайло Фуруҳар, Мӯин, Саттор ва дигарҳо сипарӣ шуд ва дар дилу хотираҳо монд. Аксари онҳо имрӯз дар ҳаёт нестанд ва ба абадият пайвастанд...
Ҳамкорони арҷманд!
Дар соли 2023 рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон ба амал омаданд, ки муҳимтаринашон 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимони пажӯҳишгоҳ, ки таҳти раёсати Раиси шуро, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов доир гардид, фаъолияти он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои он барои соли 2024 муайян гардид.
Аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд. Дар ин ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинатсионӣ, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд.
Баръакси замони Истиқлол, дар замони шуравӣ кинои тоҷик хеле тараққӣ карда, бо тавлиди як қатор филмҳои таърихию бадеӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Сенариянависони он замон кӯшиш мекарданд, чизи наве эҷод намоянд, чизе, ки ба дарди мардум хурад ва дар баробари фароғати онҳо эҳсоси шинохти худу худогоҳиро дар вуҷудашон тавлид созад.