Activities calendar
13 октября 2026
ЗАБОНИ МОДАРӢ – УНСУРИ АСОСИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ
Чоп шуд: 13/10/2026Оинаи таҷаллии рӯзгору афкор, шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сармояи ифтихори миллат забони ӯст. Забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он вобастааст. Аз рӯзгори қадим забони модарӣ ва асолати миллӣ ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсоз ва меҳвари фарҳанг барои мардуми мо низ мояи ифтихор буду ҳаст ва барои наслҳои оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд...
МАҚОМИ “ФАЛАК” ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Чоп шуд: 13/10/2026Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст, бо таровату нафосаташ аз қадимулаём машҳур буда, дар он шодиву сурур, яъсу ноумедӣ ва баъзан ғаму андуҳи мардум инъикос инъикос гардида. Ин ганҷи ниёгон таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардуми тоҷик буда, тӯли қарнҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳо пойдор мондааст...




