НАЗАРЕ БА ВОЖАИ “ФАЛАК” ДАР АШЪОРИ ШОИРОН

Фалак дар истилоҳи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон як сабки асили суннатӣ ва мардумӣ аз мусиқӣ ва овозхонӣ аст, ки аз дардҳо, ранҷҳо умедҳо ва гирудори зиндагии мардуми кӯҳистон бархостааст.

Ашъори фалак маъмулан баргирифта аз рубоиёт ва дубайтиҳои мардумӣ аст ва мавзуъоте чун шикоят аз рӯзгор, ҷудоӣ, дарди ҳиҷрон, ишқ, ғурбат ва сахтиҳои зиндагиро баён мекунад.Тӯли асрҳо мардуми мо  аз нобасомониҳои рӯзгор ба як ҷойи дури беодам  чун кӯҳсори баланд   ё дашти паҳновар омада, аз таҳти дил бо садои баланд дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. Ба қавле бо ҳамин васила “заҳри худро мерехт” ва худро сабук эҳсос мекард.

Фарёд ба ин маъно дар байти шоири маъруфи классик Амир Хусрави Деҳлавӣ омадааст:

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун.

Нахустин нишонаҳои суруди Фалак дар  адабиёти суфия, бахусус дар  дар эҷодиёти Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён ва дигарон мушоҳада мешаванд. Ҷ. Темурзода  дар мақолаи хеш дар “Донишнома фарҳанги мардуми тоҷик”як нуктаи хеле муҳимро овардааст, ки хеле ҷолиб аст. Мутафаккири охири асри 10 ва ибтидои асри 11 Марвӣ дар асари хеш «Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ» овардааст, ки «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештари вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳе аз шунидани бархе аз гунаи он сурудаҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон меоварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистони Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нолаи хокиён», «Фарёди ҷудоиҳо» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимондаанд». Фалак дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Фалак калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъаш афлок аст. Он дар забони арабӣ ба маънои чарх, осмон, мадори гардиш, ситорагон ва сайёрот аст. Дар истилоҳи гузаштагон маҷмӯае аз осмонҳои нуҳгона чун Қамар, Аторуд, Зуҳра, Шамс, Муштарӣ, Зуҳал, Албуруҷ ва Атлас шомиланд, ки дар он ситорагон ҳаракат мекунанд. Дар адаб ва киноя ба маънои бахт, иқбол, рӯзгор ва сарнавишт  ба монанди”чархи фалак”, “баргаштани фалак” ба кор меравад.

Дар Қуръон  дар сураи Ёсин ба маънои “мадоре” омадааст: “ва куллу фи фалаки йасбаҳун”. Яъне ҳар кадом дар дар мадоре шиноваранд. Дар адабиёт “фалак”, “чарх”, “осмон” ё “рӯзгор” дар аксар мавридҳо ба унвони киноя ё маҷоз  аз тақдир машияти илоҳӣ ва хости Худованд ба кор рафтааст.. гоҳе барои риояи адаб ва тавҳид ё бо далели ҷаҳонбинии хоси худ афъол ё сифотеро, ки хоси Худованд аст чун бахшидан, гирифтан, тадбир кардан ё ситам кардан ба маънои имтиҳони илоҳӣ ба фалак нисбат медиҳанд.

Чунончи Ҳофизи Шерозӣ дар байти зерин мегӯяд:

Бори дарахти илм надонам ба ҷуз амал,

Мандеш аз ин муомила к-он ҷо фалак хуш аст.

Дар ин ҷо фалак мазҳари подошдиҳӣ ва ҳисобрасии охират аст, ки танҳо дар дасти Худост.

Ҳамчунин дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омада:

Якеро барорад ба чархи баланд,

Якеро кунад зору хору нажанд.

На бо онаш меҳру на бо инаш кин,

Ҷаҳонро чунин аст ойину дин.

Дар ин байт баланд кардану хор кардани инсонҳо, ки кори Худованд аст ба чарху ҷаҳон нисбат додааст.

Вожаи “фалак” дар дубайтиҳо ва осори Бобо Тоҳири Урён ба маънои осмон, чархи гардун ва сипеҳр омили ноадолатӣ, тақдир ва сахтиҳои рӯзгор ба кор рафтааст. Бобо Тоҳир дар шеъри худ фалакро мавҷуде ситамгар, бераҳм, озордиҳанда ба тасвир мекашад, ки бори ғамро ба души шоир мегузорад.

Фалак! Дар қасди озорам чароӣ?

Гулам гар нестӣ хорам чароӣ?

Ту ки борам зи душам барнадорӣ,

Миюни бор сарборам чароӣ?

Фалак дар ашъори ӯ муҷиби асорат, дардмандӣ ва ғамгинии инсон аст:

Ғарибӣ бас маро дилгир дорад,

Фалак бар гарданам занҷир дорад.

Фалак аз гарданам занҷир бардор,

Ки ғурбат хоки домангир дорад.

 

Шоир гардиши фалак ва осмонро бо нобаробариҳои зиндагии инсонӣ муқоиса мекунад ва аз тафовут миёни аҳволи одамҳо мепурсад:

Агар дастам расад бар чархи гардун,

Аз он пурсам, ки ин чун аст он чун.

Якеро медиҳӣ сад нозу неъмат,

Якеро нони ҷав олуда дар хун.

Ин маъно дар рубоии зерини Умари Хайём ҳадро убур карда:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Чархи фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Хайём дар ин рубоӣ мегӯяд, ки агар ман чу Худованд бар сохтани фалак даст медоштам, онро  мебардоштам ва фалаки дигаре месохтам, ки кас ба осонӣ ба муроди хеш расад.

Ҳаким Умари Хайём дар рубоии дигари хеш ёдовар мешавад, ки ҳеҷ кас натавонистааст бар чархи фалак пирӯз шавад ва аз чанги гардиши рӯзгор бигурезад:

Бар чархи фалак ҳеҷ касе чиз нашуд,

В-аз хӯрдани одамӣ замин сер нашуд,

Танзилу қиёмат аз чӣ мепурсӣ, хез,

К-ин ҷо бихӯрему он чӣ хоҳад нашуд.

Дар баъзе абёт гардиши чарх ва фалак киноя аз бесуботӣ, носозгорӣ ва нопойдории дунё ва гардиши айём аст.

Дар дубайтиҳои халқии фалакӣ дарди дил, шиква аз қисмат, ҷудоӣ, эҳсоси хатар, умед, дурӣ аз ватан ва ёру диёр, ғарибӣ, бевафоии дунё, марг ва ғайра инъикос меёбад.

Чунончи дар ин дубайтӣ навҷавоне  зимни эҳсоси хатари марг ба фалак, ки дар ин ҷо муродифи Офаридгор аст, муроҷиат карда мегӯяд:

Фалак моро макуш, мо навҷавонем,

На шодӣ дидаву на шодмонем.

Бирав аз кӯчаи пирон назар кун,

Ки навбат чун расад мо ҳам равонем.

Дар дубайтии дигар шикоят аз ҷудоист:

Фалакро бин, ба мо беҳад ҷафо кард,

Маро аз ту туро аз ман ҷудо кард.

Ғами олам ҳама реги биёбон,

Фалак барчиду бар домони мо кард.

Аз мисолҳои дар боло оварда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар аксари ашъори фалак мухотаб Худованд аст, ки  одамон ба ҳар лаҳне ба Ӯ яъне Офаридгори замину осмонҳо ва он чи дар байни онҳост, муноҷот мекунанд. Зеро фалаку дунёву чархи гардун, замину осмонҳо, тақдиру қисмат ва ҳама чиз офаридаи Худованд аст.

Мунаввари Сафар,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

 

барчасп: