ЗАБОНИ МОДАРӢ – УНСУРИ АСОСИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ!

(Бозор Собир)

Оинаи таҷаллии рӯзгору афкор, шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сармояи ифтихори миллат забони ӯст. Забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он вобастааст. Аз рӯзгори қадим забони модарӣ ва асолати миллӣ ба сифати муҳимтарин унсури ҳувиятсоз ва меҳвари фарҳанг барои мардуми мо низ мояи ифтихор буду ҳаст ва барои наслҳои оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

 Рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷикон, асли ориёӣ доштан ва ифтихоркардан аз асолати ориёӣ аст. Вожаи «ориёӣ» ба маънии «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо» ба кор бурда шуда, наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳимми фарҳанги мардуми мо буд ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» донистаанд. Рӯдакии Бузургвор фармуда:

 ...Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к

Модари озодагон кам орад фарзанд.

Ё вожаи «озодазодагон», ба қавли Носири Хусрав:

Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,

Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.

Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро,

Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ!

Аз ин гуфтаҳо метавон тахмин зад, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.

Дар таърихномаи мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ чун шуълаи фурӯзон ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ниёгони мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон – катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва форсии бостон сабт шуда, сарзаминҳои аҷдодии мо тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари 21 кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишӣ ба шумор рафтаанд, забони форсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Сангнабиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работаки наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ба забони бохтарӣ, ки аз забонҳои шарқии эронии давраи миёна ва ба хатти юнонист, сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст.

Мафҳуми «забони ориёӣ»-ро муҳаққиқони забон ба забони «ҳиндуэронӣ» муродиф донистаанд. Ба андешаи Парвиз Нотили Хонларӣ «аз ҷумлаи ин шуъбаҳо, ки дар забони ҳиндуаврупоӣ, ба сабаби муҳоҷирату ҷудоии тавоифи он ба вуҷуд омад, яке забоне буд, ки имрӯз онро «ҳиндуэронӣ» ё «ориёӣ» мехонанд». Аз ин рӯ, мафҳуми «ориёӣ» бо вожаи «тоҷик» ва ба таъриху забону фарҳанги мо пайванди азалию абадӣ дошта, рукни муҳимми ҳувияти миллии моро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ҳадафи олӣ аз ин иқдом на бартариҷӯйии нажодӣ, балки эҳёи ҳофизаи таърихӣ, рушди худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофари мо буд, ки дар рӯзгори нави давлатдории миллӣ моро ба пайванд додани гузаштаву имрӯза ва ояндасозии муваффақона раҳнамун мешавад.

Дар баробари ин мафҳуми ҳувиятсози «забони ориёӣ» дар таърихи куҳани мардуми мо ҳам ба мушоҳида мерасад. Мафҳуми «забони паҳлавӣ» ё «забони паҳлавонӣ» ҳамчунон ба асолату наҷибзодагӣ пайванд мехӯрад ва мояи ифтихор маҳсуб мешавад. Абдурраҳмони Ҷомӣ ибораи «забони паҳлавӣ»-ро ба сифати муродифи забони модарии мо корбаст кардааст:

Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Фирдавсии бузург ҳам ҳақиқати реша дар забони паҳлавӣ доштани корномаи Рустами Дастонро дар «Шоҳнома»-и безавол сареҳан таъкид кардааст:       Суханҳои Рустам ба нойу ба руд

Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар давраи ба истилоҳ нави рушди забонҳои ориёӣ, бо шарофати дигарбора ба сари қудрат омадани хонадонҳои маҳаллии тоҳирию саффорӣ, бахусус, хонадони сомонӣ, забони модарии мо ба сифати василаи ҳувиятсоз ва мояи ифтихор рушду боландагии бештар пайдо кард. Сухани маъруфи амири истиқлолталаби саффорӣ Яъқуби Лайс «чизе, ки ман андарнаёбам, чаро бояд гуфт», хитобан ба шоире, ки дар мадҳи ӯ ба забони арабӣ шеър суруда буд, нахустин тозиёнаи бедорӣ ва паёми ҳувиятсози миллӣ буд, ки пеши густариши забони арабӣ дар сарзаминҳои аҷдодии мо сад гузошт ва барои шукуфоии забони модариямон дар рӯзгори шукӯҳу ҷалоли давлатдории Сомониён заминаи мусоиду созгор фароҳам овард.

Сомониён дар навбати худ, тавассути пешбурди сиёсати фарҳангии оқилона ба пайкари забони модарӣ ва ҳувияти миллии ориёӣ руҳи тоза дамиданд ва бақои забони модарӣ ва руҳи миллии ориёиро барои садсолаҳои баъд таъмин карданд.

Забон воқеан унсури ҳувиятсоз аст ва ифтихор аз аслу асолат ғолибан дар ойинаи забони миллӣ таҷаллӣ меёбад. Шуруъ аз замони давлати Сомониён ва шояд ҳатто пештар аз он, то ба ин рӯзгор бузургони миллати мо забони модариро ҳамчун омили ҳастӣ, ҳувият ва ҳамбастагии миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ, фасоҳату балоғат, арзишмандию гаронмоягӣ ва шукӯҳу ҷалолаш, бо беҳтарин сифатҳо: порсии дарӣ, дурри дарӣ, ганҷи дурри дарӣ, дурри лафзи дарӣ, қанди порсӣ, шакари порсӣ, порсию дарии роҳи рост, паҳлавонизабон, гулбонги паҳлавӣ, тоҷикӣ ва ғ. ситоиш кардаанд.

Масалан, устод Рӯдакӣ муътақид аст, ки сурудаҳои булбули хушнавое чун ӯ дар саросари олам густариш ва маҳбубият пайдо кард, ки бегумон ҳамбастагӣ ба асолат ва ширинию шевоии забони модарӣ дорад:

Бад-он замона надидӣ, ки зӣ чаман рафтӣ,

Сурудгӯён, гӯйӣ ҳазордастон буд…

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Ё ҳаким Фирдавсӣ ифтихор аз он дорад, ки ба ин забони руҳафзову ҷонбахшо «Шоҳнома»-ро ба назм овард ва шукӯҳу ҷалоли сарзамини аҷдодии Аҷамро дубора зинда кард:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Ҳамчунин қавли маъруфи Фирдавсӣ:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр,

далели нахустин хусравони соҳибтоҷ будани ниёгони шарафманди мост, ки бори дигар ҳамон суханони шоҳони ҳахоманишию кушониро дар катибаҳои Бесутун ва Работак ба забони ба истилоҳ «ориёӣ» доир ба шукӯҳу азамати пешиниёни мо таъйид мекунад.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ «дурри лафзи дарӣ»-ро барои худ гаронмоятарин сарвату дороӣ ба шумор меорад ва ба ҳеч ваҷҳ зиллату хорӣ ва ба пойи номардумон рехтани онро қабул надорад:

Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам

Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Унсурии Ғазнавӣ бо таваҷҷуҳ ба латофату назокати забони модарӣ итминони комил дорад, ки дар сурати бо одамӣ ёр шудан парӣ ҳатман ба лафзи ширини модарии мо сухан хоҳад гуфт:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.

Хоқонии Шарвонӣ забони арабиро бо он ҳама қудрату тавон ва густардагии доираи истифода дар баробари забони модарии мо камрангу каммоя мебинад:

Дид маро гирифта лаб, оташи порсӣ зи таб,

Нутқи ман оби тозиён бурда ба нуктаи дарӣ.

Низомии Ганҷавӣ, ки ба қавли худаш «Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст, Дарӣ назм кардан сазовори ӯст», аз асли ориёии худ садои ифтихор баланд намуда, сухани баланди забони модариро шоиставу боиста ба асолати худ медонад:

Туркисифатӣ вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест.

Он к-аз насаби баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки лаззати табъи сурудани сухани баландро аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст, дар сухан гуфтан забони шаккарини модарии моро бар забонҳои дигар тарҷеҳ медиҳад ва бар ин андеша аст, ки ин забон бояд дастраси ҳамагон бошад, то мардумони дигар низ аз лаззату ширинии он бебаҳра намонанд:

Мусулмонон, мусулмонон, забони порсӣ гӯям,

Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки ибораи «қанди порсӣ» сохтаи табъи шакарбори ӯст (…Ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад), ҳамчунин дар байтулғазалҳои оламшумулаш бар сифати забони мо ибораи зебои «гулбонги паҳлавӣ»-ро кор бастааст:

Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,

Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

Пешиниёни мо ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ ва шукӯҳу азамат забони модарии моро забони аҳли биҳишт ва забони малакутӣ ба қалам овардаанд. Дар фарҳанги тафсирии «Бурҳони қотеъ» дар истилоҳи луғавии «дарӣ» чунин омада: «Ва баъзе гӯянд дарӣ забони аҳли биҳишт аст, ва малоики осмони чаҳорум ба луғати дарӣ такаллум мекунанд…».

Устод Садриддин Айнӣ низ дар ибтидои садаи бист дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» бо ҳисси ифтихори беандоза мардуми тоҷикро «қавми муаззам», «қавми бузург»-и мансуб ба «ирқи олӣ» тавсиф намуда, ба ин васила, мардуми моро дар рӯзгори сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ба хештаншиносӣ ва пуштибонӣ аз забону фарҳанги миллӣ фаро мехонд.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи шаҳкитоби «Тоҷикон» дар рӯзгори давлатдории шӯравӣ на танҳо дигарбора шоҳраги худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми моро ба таҳрик овард, балки ба бунёди мактаби илмии тоҷикшиносӣ ва муҳимтар аз ҳама, эътирофи тоҷикон дар доираҳои муътабари илмии ҷаҳон, ба сифати яке аз қадимтарин мардумони тамаддунофар роҳ ҳамвор кард. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расиданаш, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.

Ифтихор аз забон ба сифати унсури ҳувиятсози миллӣ дар рӯзгори имрӯзаи буҳронии ба истилоҳ «ҷаҳонгароӣ» ё «ҷаҳонӣ шудан», ки мавҷудияту амалкарди забонҳои маҳаллиро зери таҳдиди нобудӣ қарор медиҳад, беш аз пеш аҳаммият пайдо кардааст. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҳувияти миллӣ ва бақои давлатдории худро барои наслҳои оянда устувор нигоҳ дорем.

Дар охир пешниҳод менамоям:

Дар Душанбе пайкаре бояд муҷассам кард,

Ҳамшафат бо Қасри миллат,

Ҳамшафат бо Парчами болобаланди ковиёнӣ,

Ҳамшафат бо пайкари Устоди Рудак –

Шоири шеъри ҷаҳонӣ,

Рӯ ба рӯи Шоҳи Тоҷик –

Шоҳ Исмоили Сомонӣ.

 

Пайкаре пур аз ғуруру нанг,

Пайкаре пур аз Ватанхоҳӣ,

Пайкаре монандаи Шаҳнома ҷовид,

Пайкаре чун руҳи поки Ориёӣ,

Пайкари фархундаи Модар – Модари Миллат.

 

Саъдӣ Мирзоев

Ходими калони шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносӣ

 

барчасп: