САҲМИ МИРЗОРАҲМАТ ОЛИМОВ ДАР РУШДИ САНЪАТИ НАҚҚОШИИ ТОҶИК

Рассомӣ яке аз риштаҳои бостонии санъат аст, ки аз замонҳои қадим мардум тавассути он ҳиссиёт ва тахайюлашонро баён мекарданд. Рассом ҳунармандест, ки бо истифодаи эҳсосу илҳом, қалам, мӯқалам, ранг, рангҳои равғанин, акварел, чӯб ва ғайра асарҳои санъат эҷод мекунад.  Рассоми ҳирфаӣ бо диди хос ва услуби эҷодии худ маъруф мешавад ва барои ояндагон осори гаронарзишеро мерос мегузорад.

Таърих рассмони бузургеро дар ёд дорад, ки мардум то имрӯз дӯсташон медоранд, асарҳояшонро бо милёнҳо доллар харидорӣ мекунанд. Масалан, Леонардо да Винчи, Микеланджело, Рембрандт ва дигарон бо рассомии худ дунёи санъатро ба ҳайрат овардаанд. Дар таърихи фарҳанги мо Монӣ, Камолиддини Беҳзод ва монанди инҳо ҳанӯз  ҳам маъруф ва боиси ифтихоранд.

Дар садаи  ХХ низ санъати рассомии тоҷик дубора шукуфо гардид ва ҳунармандону наққошони зиёд арзи вуҷуд карданд. Яке аз чунин наққошони барҷаста Наққоши халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзораҳмат Олимов мебошад.

Мирзораҳмат Олимов (22.12.1980 / 3.01.1891) дар шаҳри Хучанд дар  оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз айёми кӯдакӣ ба  нақшу нигор ва ранг шавқу ҳавас дошт. Ӯ ҳунари наққоширо сараввал аз падар ва устодони маҳаллӣ омухтааст. М. Олимов яке аз аввалин нафароне буд, ки техникаи қадимии кундалро эҳё намуданд ва ба он ҷилои нав бахшида, дар ороиши бисёр биноҳои бошукӯҳи пойтахти Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Ба ин гуруҳи наққошиҳо метавон “Чойхонаи роҳат”, “Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ”, “Толори  Шурои Олӣ”, “Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ” ва ғайраҳоро метавон дохил намуд. Ин асарҳо на фақат зебогии ҳунари тоҷикро нишон медиҳанд, балки инъикосгари тамаддуну фарҳанг ва таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд.

Асари Мирзораҳмат Олимов “Чойхонаи роҳат” наққошиест, ки муҳити чойхонаро ба таври зинда нишон медиҳад. Ин асар эҳтимолан як тасвири фарҳангии чойхонаҳои тоҷикӣ мебошад. Ба итминони комил метавон гуфт ки ҳар сайёҳе бо дидани ин наққошӣ бобати ҳунару санъат ва фарҳанги чойхонадории на фақат тоҷику ориёӣ, балки Шарқ таассурот ҳосил менамояд.

Асари “Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аз берун бо усули хоси меъморӣ сохта шуда, ороиши дохилиаш ба шарофати нақшу нигори Олимов нақши миллӣ ва рӯҳи тоҷикӣ гирифт. Нақшу нигорҳо асосан анъанавии тоҷикӣ мебошад. Асари “Толори  Шӯрои Олӣ, асосан нақшу нигори анъанавӣ ва миллӣ мебошад шаклҳои геометрӣ, гӯлдӯзӣ ва ороишоти рангоранг. Ҳангоми ворид шудан ба толор, тамошобин метавонад ҳамзамон ҳусни ҳунар, расм ва фарҳанги тоҷикӣ –ро эҳсос кунад. Дар асари “Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ”, Мирзораҳмат Олимов дар нақшу нигори дохилӣ ва ороиши бино саҳм гузоштааст. Ӯ девору ҳуҷраҳои китобхонаро бо нақшҳои миллӣ ва анъанавии тоҷикӣ зебо гардондааст. Дар нақшҳо бештар гулҳои шарқӣ, нақшу нигори геометрӣ истифода шудааст. Асарҳое, ки барои театр ва чойхонаҳо офарида шудаанд, бештар дӯстӣ, меҳнат, якдилӣ ва шодии мардумро инъикос мекунанд. Ҳар як асари Олимов маънои амиқи иҷтимоӣ ва тарбиявӣ дорад.

Мирзораҳмат Олимов на танҳо рассом, балки устоди барҷаста низ буд. Ӯ дар муассисаҳои таълимии рассомӣ фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро ба камол расонд. Бисёр рассомони тоҷик, ки баъдан ном бароварданд, худро шогирд ва дастпарвари мактаби М. Олимов медонанд. Имрӯз шогирдону пайравони ӯ осорашро чун сарчашмаи илҳом ва омӯзиш истифода мебаранд. Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ, ки ба номи ӯ гузошта шудааст, ҳам соҳибистеъдодҳоро тарбия мекунад ва ҳам бо ин тариқ ҷавонон аз хизматҳои ӯ воқиф мешаванд ва аз осораш илҳом мегиранд.

Чунон ки омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроҷиддини Низомиддин дар яке аз мақолаҳояш доир ба ҳаёту фаъолияти М. Олимов хосатан таъкид мекунад: “Мирзораҳмат Олимов яке аз аввалин наққошонест, ки усулҳои қадимтарини кундалкорӣ ва нақшбандиро аз нав зинда намуд. Асарҳои ӯ бо нозукиҳои хос ва зебоии рамзҳои миллӣ фарқ мекунанд. Рассом дар эҷодиёти худ гулҳо, ҳайвонот, нақшҳои ислимӣ ва унсурҳои меъмории анъанавиро бо маҳорати баланд таҷассум кардааст”. Ӯ ҳамчунин қайд намудааст, ки як қисми асарҳои Олимов дар осорхонаи маданияти Шарқ дар шаҳри Москва ҳифз шудаанд.

М. Олимов бештар дар жанрҳои наққошӣ ва графика кор мекард. Панноҳои бузурги ӯ, ки барои муассисаҳои фарҳангӣ офарида шудаанд, то имрӯз ба биноҳо ҳусни хоса, ба мардум ва аҳли санъат ҳувияту ифтихори миллӣ мебахшанд. Дар давоми фаъолияти эҷодии худ Олимов якчанд асарҳои дигари илҳомбахши тасвирӣ низ офаридааст, ки “Санъат аз они халқ”, “Умари Хайём”, “Ҷашни Тоҷикистон”, “50 солагии Ҳукумати Шӯравӣ”, “Сарвати Тоҷикистон” аз ин қабиланд.

 Мирзораҳмат Олимов барои хизматҳои арзандааш соли 1959 бо унвони “Рассоми халқии Тоҷикистон” ва соли 1966 бо мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Барои хизматҳои арзандааш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1975 муассисаи омӯзиши санъат ба номи Мирзораҳмат Олимов гузошта шуд. Баъдтар бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли  соли 2003 ин муассиса ба Коллеҷи ҷумҳурявии рассомӣ табдил ёфт.

Мирзораҳмат Олимов бо эҷодиёти худ роҳи наверо дар ҳунари наққошии тоҷик кушод. Ӯ бо асарҳояш фарҳанги миллиро зинда кард, бо тарбияи дурусту касбии шогирдонаш мактаби нави рассомиро бунёд гузошт. Ӯ на танҳо рассоми моҳир, балки як инсони фарҳангӣ буд, ки бо асарҳояш номи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Мероси ӯ на танҳо зебоӣ, балки таърих, анъана ва ҳунари ҳазорсолаи тоҷиконро нишон медиҳад. Бо заҳмати ӯ бисёр ёдгориҳои меъморӣ, мадрасаҳо, осорхонаҳо ба биноҳо симои тоза гирифтанд ва то ҳол ин ёдгориҳо аҳамияти худро гум накардаанд. Асарҳои ӯ дар осорхонаҳои дохиливу хориҷӣ, хонаҳои фарҳангӣ ва амсоли ин нигоҳ дошта мешаванд ва мероси бузурги санъати расомии на фақат ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ маҳсуб меёбанд.

 Рассомии Мирзораҳмат Олимов махсус ва нодир аст, зеро вай мактаби миллии “Кундал”- ро рушд кунонда, дар асарҳои худ рамзҳои фарҳангиро истифода мебурд ва рангҳои равшанро интихоб намуда, аз зиндагии муосир ва ганҷинаи таърих барои ҳамзамонон ва ояндагон асар меофарид. Ин вежагиҳо ӯро аз дагар рассомон ташхис медиҳанд ва асарҳояш то ба имрӯз арзиши худро на фақат дар доираи ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байнамилалӣ ҳифз кардаанд.

Баҳодурова Озарбону,

ходими илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.

барчасп: