САҲМИ МИРЗОРАҲМАТ ОЛИМОВ ДАР РУШДИ САНЪАТИ НАҚҚОШИИ ТОҶИК
Чоп шуд: 01/10/2025Рассомӣ яке аз риштаҳои бостонии санъат аст, ки аз замонҳои қадим мардум тавассути он ҳиссиёт ва тахайюлашонро баён мекарданд. Рассом ҳунармандест, ки бо истифодаи эҳсосу илҳом, қалам, мӯқалам, ранг, рангҳои равғанин, акварел, чӯб ва ғайра асарҳои санъат эҷод мекунад. Рассоми ҳирфаӣ бо диди хос ва услуби эҷодии худ маъруф мешавад ва барои ояндагон осори гаронарзишеро мерос мегузорад...