Русуми ҳафтрангии кӯрпаи арӯс
Чоп шуд: 12/09/2024Ҷашни арӯсӣ яке аз пурнишоттарин ҷашнҳоест, ки бо фарогири расму оинҳои анъанавӣ ва дар доираи ақидаву боварҳои суннатӣ то имрӯз дар шакли васеъ миёни мардуми тоҷик таҷлил мегардад. Зеро дар ин ҷашн мақсаду маром ва орзуву ниятҳои неки ду авлод, баҳри бунёди оилаи ҷавон роҳандозӣ мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар як маросим ва ё анъанае, ки дар доираи баргузории ҷашни арӯсӣ созмон дода мешавад, дар такя ба эътиқоду боварҳои мардумӣ ба амал омадаанд.