Дар фарҳанги мардуми тоҷик, табиат на танҳо муҳити зист, балки манбаи маънавият ва арзишҳои ахлоқист. Яке аз унсурҳои муҳим дар табиат дарахт мебошанд, ки аз замонҳои қадим ҳамчун поя ва асоси ҳаёти башарӣ арзи вуҷуд кардааст. Табиат аз бунёди олам сарчашмаи илҳому зиндагӣ ва қувваи устувори руҳияи инсоният буд, ҳаст ва мемонад, ки дар ин миён дарахтҳо ҷузъи ҷудонопазири табиат, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва истифодаи мардум қарор доштанд. Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар ҳар як ҷамоату деҳаҳо дарахтони чормағзи азимҷусса таваҷуҳи мора ҷалб намуд, ки бештарашон аз 300 сола боло умр дошт. Оиди дарахтони чормағз сокини ҷамоати деҳоти Язгулом деҳаи Мотравн Ватаншо Шехов нақл намуд, ки миёни мардуми маҳалии мо махсусан дарахти чормағз дар зиндагӣ ва шуури мардум ҷойгоҳи хос дорад. Дарахти чормағз яке аз дарахтони дерсамари минтақаҳои кӯҳӣ ва водиҳои Тоҷикистон буда, метавонад то 300–500 сол умр бинад. Ин умри дароз ва пойдории решаҳо рамзи ҷовидонии ҳаёт ва идомаи наслҳо мебошад. “Аз ҷиҳати таърихӣ, чормағз дар сарзамини тоҷикон аз водии Рашт то Бадахшон аз қадим парвариш ёфта, на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки арзиши маънавӣ доштааст”. “Дар фарҳанги мардуми тоҷик дарахти чормағз на танҳо як манбаи ғизо ва соя, балки рамзи хирад, устуворӣ ва баракат ба шумор меравад. Дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон дарахти чормағзро “дарахти ҳаёт” ва “меваи хирад” меноманд. Ин номгузорӣ дар тафаккури маънавӣ, ҷаҳонбинии мардуми маҳали ва умри чандинсола доштани дарахти чормағз мебошад. Боғдорон шинонидани дарахтоннро дар зиндагии мардум нишонаи хирад ва орзуи неки наслҳои оянда медонанд. Ба ин гуфтаҳо Аминов А. чунин ишора намудааст, ки барои ба даст овардани ҳосили хуб ба ҳар дарахт нигоҳубини алоҳида лозим аст ва ба ибораи худи боғбонҳо “дарахтро мисли фарзанд бояд дӯст дошт ва парвариш намуд”.
Дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон дарахтон на танҳо ҷузъи муҳими табиат, балки манбаи иқтисодӣ низ мебошад. Инчунин аз дарахти чормағз дар тиби халқи ва мардуми маҳал аз мева ва равғани он маҳсулоти зиёде истеҳсол мекунанд. Аз нигоҳи амалӣ низ, чормағз барои мардум манбаи ризқ ва шифо мебошад. Дони дарахти чормағз ғизои пурқиматест, ки дорои равғанҳои табиӣ, сафедаҳо, витаминҳои гурӯҳи “B ва E”, инчунин моддаҳои минералӣ ба мисли калий, магний, фосфор ва руҳ мебошад, ки барои фаъолияти муътадили организм нақши муҳим мебозад. Витаминҳои гурӯҳи B фаъолияти майна ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар менамоянд ва витамини E организмро аз оксидшавии ҳуҷайраҳо муҳофизат мекунад
Дар таркиби мағзи чормағз тақрибан аз 60-70% равғанҳои табиӣ, 15-20% сафеда ва 10-15% карбогидратҳо буда. Равғанҳо ба саломати инсон, хусусан барои фаъолияти дил, майна ва системаи асаб, аҳамияти хосса доранд, зеро онҳо манбаи муҳими нерӯ, моддаҳои ғизоии зарурӣ ва кислотаҳои равғании ношикастапазиранда мебошанд, ки ба танзими фишори хун, беҳтар шудани хотира ва ҳифзи ҳуҷайраҳои асаб мусоидат мекунанд. Аз барг ва пӯсти чормағз дар тибби халқӣ барои муолиҷаи захм, поксозии хун ва бемориҳои меъда истифода мешавад.
Дар фасли сармо, мағзи чормағз ғизои асосии мардуми маҳали ба ҳисоб рафта. Аз замонҳои пеш аз дони чормағз дар бисёре аз ҷашну маросимҳо яъне иди Қурбон, Рамазон дар рӯзҳои Наврӯз ва тӯйҳои мардумӣ, чормағз рамзи баракат ва хушбахтӣ ҳисобида мешуд. Дар баъзе маҳалҳо ҳангоми хостгорӣ тӯшаи арӯсро бо чормағз оро медиҳанд, ки рамзи фаровонӣ ва оромии хонаводагӣ аст.
Дар фолклори тоҷик чормағз ҳамчун дарахти муқаддас тасаввур мешавад. Бовар бар он аст, ки шабона зери чормағз нишастан хуб нест, зеро “рӯҳи дарахт бедор мешавад”. Ин эътиқод аз ҷаҳонбинии қадимаи анимистӣ сарчашма мегирад, ки табиат ва дарахтҳо рӯҳ доранд ва бояд эҳтиром шаванд. Дар бисёре аз маноиқ дарахти чормағз гӯё аз ашки зани покдоман сабзидааст инчунин рамзи муҳаббат ва сабр мебошад. Сайфиддинов А. чунин қайд намудааст, ки «Дар Панҷакент, мисолан, чунин қисса роиҷ аст: духтари зебое пас аз марги бародараш дар қабри ӯ ниҳоли чормағз шинонд ва гуфт: «Бигузор решаҳои он бо рӯҳи бародарам як шавад». Ин ривоят чормағзро ба дараҷаи дарахти пайванди инсон бо табиат ва хотираи абадӣ мебардорад».
Дар бисёре аз манотиқҳои ҷумҳуриямон миёни мардум мақолҳое мебошад: “Чормағзро барои фарзанд мешинонанд, на барои худ”. Чормағз дерсамар аст, вале умри тӯлонӣ дорад; аз ин рӯ, онро рамзи “умри дароз” ва “осоиш” медонанд. Ин гуфта манбаи тафаккури мардумиро нишон медиҳад, ки дар он устуворӣ ва бунёдкорӣ арзиши олӣ дорад, ки шинонидани чормағз амали хайри наслҳо аст, зеро меваи он танҳо баъд аз чанд даҳсола ҳосил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, чормағз дар тафаккури мардум рамзи ҳаёт, идомаи вақт ва садоқати инсон ба оянда мебошад.
Мақоли дигар; “Ақл мисли дони чормағз аст – сахтӣ дорад, вале пур аз хирад аст”. Ё ин ки “Мағзи чормағз дар зери пуст пинҳон аст – дониши инсон ҳам дар ботин”. Дони чормағз аз ҷиҳати зоҳирӣ ба мағзи сари инсон монанд аст. Аз ин рӯ, дар фарҳангҳои бостонӣ ва дар тафаккури мардуми тоҷик он ба рамзи хирад, зеҳн ва дониш табдил ёфтааст. Ин монандӣ нишон медиҳад, ки дони чормағз ҳамчун маводи рамзии хирад пазируфта шудааст: барои ёфтани хирад бояд пӯсти сахти зоҳирро шикаст ва ба ботини пурганҷи он расид. Аз ин метавон гуфт, ки одамони хирадманд мисли чормағз дар зоҳир хомӯш ва пӯшида, вале дар ботин пурмаънианд. Шинонидани дарахти чормағз нишонаи зиндагии осуда, меҳнатдӯстӣ ва баракат дониста мешавад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дарахти чормағз дар фарҳанги мардумии тоҷик рамзи хирад, сабр, баракат ва пайванди инсон бо табиат мебошад. Боварҳо, ривоятҳо ва шеъру мақолҳои мардумӣ собит месозанд, ки тоҷикон табиатро на танҳо манбаи зиндагӣ, балки ҷузъи маънавии ҳастии худ мешуморанд. Эҳтироми чормағз ҳамчун дарахти муқаддас далели он аст, ки фарҳанги тоҷик дорои ҷаҳонбинии амиқи экологӣ ва маънавӣ мебошад.

