Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Азҷумла, дар Пажӯҳишгохи илми тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду санаҳои муҳимми таърихӣ Рӯзи Модар низ қайд мегардад.
Бахшида ба ҳамин сана 6 уми марти соли равон дар муассиса таҳти унвони “Зан-Модар дар меҳвари сиёсати фарҳангии кишвар” бо иштироки васеъи кормандону ходимони илмӣ ва намояндагони ВАО бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз ёфт. Мавсуф иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, таъкид кард ки занон дар ҷомеаи муосир ҳамчун нерӯи созанда ва тарбиятгари насли оянда нақши калидӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ арҷгузорӣ ба зан ва модар яке аз арзишҳои муҳими мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Мисоли олии ин гуфтаҳо мақоми Зан-Модар дар суханрониҳои Пешвои миллат маҳсуб меёбад.
Сипас аз рӯи барнома сухан ба ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ Титова Оксана дода шуд. Мавсуф дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан” дар ҷомеа баромад намуда, аз паёму суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бораи Зан-Модар ёдовар шуда таъкид кард, ки дар фарҳанги тоҷикон модар ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат садоқат ва покизагӣ мақоми баланд дорад. Ба гуфтаи ӯ занон дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва инчунин дар раванди таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд. Зеро модар нахустин мураббӣ ва тарбиятгари фарзанд буда, дар ташаккули ахлоқу маънавиёт ва ҷаҳонбинии насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
Дар идома мудири шуъбаи фаъолияти китобдорӣ Наимҷонзода Нигора дар мавзуи “Инъикоси масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар осори бонувони ПИТФИ” суханронӣ намуд. Н. Наимҷонзода бо мисолҳои гуногун аз фаъолияти занони ПИТФИ саҳми онҳоро дар рушди илму фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ бозтоб кард. Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо имконият медиҳанд ки дастовардҳои бонувон муаррифӣ ва қадр карда шаванд, то нақши онҳо дар ҷомеа бештар эҳсос шавад.
Пасон сухан Саъдӣ Мизоев ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ дода шуд. Ӯ дар мавзуи “Васфи Зан-Модар дар ашъори шоирони муосир” баромад намуда, аз ашъори А. Лоҳутӣ, Л. Шералӣ ва Б. Собир мисолҳо овард, ки дар натиҷа маърузааш рангинтар гардид.
Баъдан ходими калони илмии Маркази мероси фарҳанги тоҷикони ПИТФИ Наслохонова Миҷгона дар мавзуи “Саҳми занони Вахонзамин дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” маъруза ироа намуд. Мавсуф аз маркази ҳунарҳои миллии ин минтақа махсус ёдовар шуда, дар бораи рӯзгор ва фаъолияти ҳунармандон ва соҳибкорзанон мухтасар истода гузашт.
Дар бахши фарҳангии ҳамоиш ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин дар васфи Зан-Модар якчанд суруд пешкаши ҳозирин гардонда шуданд. Бахши мазкур кори ҳамоишро боз ҳам ҷолибтар ва хотирмон гардонд.
Дар мубодилаи афкор бошад аз ҷониби мутахассисони ПИТФИ суханрҳои табрикотӣ ва андешаҳо бобати кори ҳамоиш ва маърузаҳои баромадкунандагон фикру ақидаҳояшонро иброз шуд.
Саидзода Мафтуна,
ходими илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр.



