БУНЁДГУЗОРИ ИЛМИ САНЪАТШИНОСӢ НИЗОМ НУРҶОНОВ

Асосгузори илми театршиносии тоҷик, ки ҳамчун Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, фаъолияти илмӣ ва педагогии ӯ дар ин китоб иникос ёфтааст.

Мураттиб ва муҳаррири масъули китоби хеш “Низом Нурҷонов ва театри тоҷик”, Муҳаммадулло Табаров саҳми Низом Нурҷоновро дар рушди театри тоҷик ва илмҳои театршиносӣ баҳои баланд медиҳад. 

Гуфта мешавад, ки рушди илми театршиносии тоҷик, ки аз аввали садаи ХХ оғоз меёбад, пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳон, яъне баъди солҳои 1939-1945 рӯ ба ривоҷу равнақ оварда, дар оғози солҳои 50-уми асри ХХ босуръат рушд меёбад. Ин давраро метавон ҷараёни ташаккул номгузорӣ намуд, ки ба ин раванди санъатшиносии тоҷик профессор Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов асос гузоштааст.

Солҳои нахустини фаъолияти илмии хеш муҳаққиқ дар тадвини донишномаҳои мардумшиносӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба маросимҳои тӯй, бозӣ, тамошо ва саргармиҳои театрии мардумӣ, мардуми навоҳии Рашт таҳқиқот мегузаронад. Маводи гирдоваришуда ва таҳлилнамудаи олим дар маҷмӯи сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз” дарҷ ёфтааст.

Соли 1953 бо дастгирии директори Институти таърих, академик А. Семёнов дар пажуҳишгоҳи мазкур аввал бахш ва сонӣ баъдтар дар соли 1957 шуъбаи таърихи санъат таъсис дода мешавад, ки дар ташаккулёбӣ ва равнақи минбаъдаи на танҳо театршиносӣ, балки дар маҷмуъ илми санъатшиносӣ саҳми беҳамто пайдо мекунад. Соли 1956 нахустин маҷмӯаи маводи санъатшиносӣ ба табъ расид, ки аз таҳқиқоти олимони санъатшиноси тоҷик натиҷагирӣ намудааст.

Нашриёти Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1958 асари олимро нашр кард ва ба давраи навини театршииосии тоҷик замина гузошт. Муҳаққиқ бо асари нахустини хеш, ки бори аввал аз театри суннатӣ маводи зиёдеро гирд оварда аз лиҳози илмӣ ҳамаҷониба ба риштаи таҳқиқ кашидааст, худ асосгузори ин раванди нави илмиву фарҳанги дар кишвар гашт. Ҳамин тавр, Н. Ҳ. Нурҷонов ҳамчун бунёдгузори илми санъатшиносӣ шинохта мешавад.

Дар қатори санъатшиносони тоҷик В. А. Мешкерис, Н. А. Белинская, Л. С. Айнӣ, М. А. Рӯзиев, Н. 3. Юнусова, З. М. Тоҷикова, 3. Р. Гейзер, А. Аҳроров, Ҳ. Сабоҳӣ, А. Низомӣ, А. Раҷабзод, Г. Юсуфӣ, С. Мирсаидов, Р. Дадабоев, М. Мамадназаров, Ш. Анорқулова, Т. Мирова, Э. Азизов, театршиносон М. Шарофов, Р. Эркабоев, Л. Ҳасанова, А. Абдураҳмонов, С. Сафаров, М. Ҷӯрабекова, Б. Хуррамова, Л. Н. Винокурова, Л. Ш. Қиёмова ба саҳмдоранд, ки паҳлуҳои гуногуни театри миллиро таҳқиқ намуданд.

Маҳсули кори онҳо дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Санъати халқи тоҷик» гирд оварда шудааст, ки дар баробари назария ва амалияи анвои гуногуни санъат масоили марбут ба театрро матраҳ намудаанд.

Дар академияи илмҳо шуъбаеро таъсис доданд, ки ба таҳқиқоти худ маҳдуд нагашта, дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ мақолаҳои алоҳидаро барои асарҳои бунёди театршиносиву санъатшиносӣ менигоштанд. Худи Низом Нурҷонов бобҳои алоҳидаи ба театр ва ҳунармандони тоҷик тааллуқдоштаро дар асари шашҷилдаи «Таърихи театри драмавии советӣ», «Таърихи мусиқии халқҳои ИҶШС», асари панҷҷилдаи «Таърихи кинои советӣ», қомуси «Балет» нигоштааст.

Охири солҳои панҷоҳум асари дигаре, ки дар ҳамкорӣ бо олими адабиётшинос ба майдон омад, ин “Драматургияи тоҷик ва театр” буд. Саҳми Н. Нурҷонов он аст, ки дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқи драматургияи миллӣ Л. Н. Демидчик ҷараёни ташаккули драматургияи тоҷикро дар раванди равнақи санъати театрӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Дар асари дигар зери унвони “Театри тоҷик” муаллиф мазмуну мундариҷаи ғоявии асарҳои ба барномаи театрҳо воридшударо таҳлил карда эстетикаи санъати саҳнавиро ошкор намудааст.

Аз асарҳои нахустини Н. Ҳ. Нурҷонов бармеояд, ки олим дар рафти баҳодиҳӣ ба ҳунари иҷрои актёрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дақиқкорона барқарор шудану тасвир гаштани ҳар нақши алоҳида ба мунаққид имкон дод, ки дар рисолаҳои алоҳидаи ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони театр бахшидааш махсусияти ҳунарии ҳар яки онҳоро ба таври нишонрас ба муъҷаз нишон диҳад. Ба ин гуфтаҳо асарҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти эҷодии М. Қосимов, А. Бурҳонов, С. Тӯйбоева, Х. Назарова, М. Собирова, Т. Фозилова, Ҳ. Раҳматуллоев, Ҳ. Гадоев, Ф. Қосимов ва Г. Бақоева офаридаи муаллим мисоли равшан шуда метавонад. Асарҳо тамоми фаъолияти ҳунарварони бузурги саҳнаи тоҷик: аз қадамҳои нахустин дар рӯи саҳна то тимсолҳои ҷолиб – қуллаи баланди эҷодии онҳо ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, тамоми маводи библиографӣ доир ба фаъолияти онҳо таҳлил гаштаанд, - гуфта мешавад дар ин китоб.

Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ, доктори илмҳои филология дар яке аз мақолаҳои худ бо унвони “Низом Нурҷонов ва пажӯҳиши “Драмаи гуфторӣ”, овардааст: - Ҳам дар театри суннатӣ ва ҳам дар театри касбӣ асарҳои драмавӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Дар бораи матнҳои намоиши театри касбӣ, ки онро драма (дром, песа) ва ҳоло намоишнома мегӯянд, адабиётшиносон ва театршиносон назари худро баён менамоянд. Аммо дар бораи намоишномаҳои суннатии мардумӣ, ки аслан онҳоро шахсони бесавод иҷрогарони мардумӣ пешкаши тамошобинон мекунанд, сухан гуфтан мушкил аст. Чунки аввал намунаҳои онро аз байни мардум сабт бояд кард ва баъд мавриди пажуҳиш қарор дод.

Хушбахтона, ин навъ матнҳои гуфториро пажуҳандаи заҳматкаш, пуркор ва пурбори тоҷик профессор Н. Нурҷонов (1923-2017) дар давоми беш аз 60 сол аз манотиқи тоҷикнишини Осёи Миёна сабт намуда, намунаҳои онро дар маҷмуаи “Драмаи халқии тоҷик” ба нашр расонидааст.

Дар ҷойи дигар овардааст, ки тибқи мутолиаҳо ва мушоҳидаҳо матнҳои гуфтории намоишӣ аз ҷиҳати шакл ва мазмун вижагии худро доранд. Ин навъ матнҳо гуногун буда, дар гузаштаҳо, асосан, дар ҷашнҳо (аз  ҷумла Наврӯз), майдонҳои назди бозорҳо, маъракаҳо, тӯйи арӯсӣ, хатнасурон ва дигар лаҳзаҳои шодмонӣ пешкаши тамошобинон мешуданд. Масалан, баробари наздик шудани Наврӯз ба пешвози он оинҳои гуногуне пешкаши мардум мешаванд, ки онҳо аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд. Нахустин нишонаҳои намоишҳои наврӯзиро метавон дар бозмондаҳои “Тахти Ҷамшед” (наздики шаҳри Шероз) мушоҳида кард, - мегӯяд Равшан Раҳмонӣ дар асари худ.

Дилшод Раҳимӣ, номзади илмҳои филология дар мақолаи худ “Саҳми Низом Нурҷонов дар омӯзиш ва муаррифии ҷашнҳои миллӣ” чунин менависад: - Дар арсаи илми тоҷик ва шуравӣ устод Низом Нурҷонов ҳамчун мунаққид, этнограф, санъатшинос ва муҳаққиқи забардасти театр маъруф мебошад. Дар асарҳои ӯ масъалаҳои гуногуни мардумшиносӣ, театри анъанавии халқӣ ва касбӣ, мусиқии мардумӣ ва рақсҳои суннатӣ таҳқиқ шудаанд. Зимни хондани китобҳои – устод Низом Нурҷонов, шоҳиди он мегардем, ки бахшҳои гуногуни фарҳангӣ суннатии тоҷикон бо ҷузъиёташ инъикос шудаанд. Чунончӣ, театри суннатӣ, театри касбӣ, кино, сирки анъанавӣ, масхарабозӣ, рақсҳои мардумӣ, рақсҳои пантомимӣ ё тақлидии ҷонварон, суруду мусиқии суннатӣ, созҳои мусиқӣ, ҷашнҳои миллии мавсимӣ, ҷашни арусӣ ва русуми он, бозиҳои бачагона ва соҳаҳои фарҳанги анъанавии тоҷикон аз ҷониби ин донишманди миллатдӯсту фидокор гирдоварӣ, таҳқиқ ва дар шаклҳои гуногун интишор шудаанд.

Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,

мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносии ПИТФИ

 

барчасп: