Пажуҳишгоҳ – ҳамзоди Истиқлолият
Чоп шуд: 23/04/2026Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқоқотии фарҳанг ва иттилоотро метавон ҳамзоди Истиқлолияти давлатии кишвар номид. Он соли 1997, дар соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва оғоз гардидани марҳилаи созандагӣ, дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин даврае буд, ки муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар пайи шикасти низоми Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати рукуд қарор доштанд ва ҳукумати ҷумҳурӣ эҳёи дубора ва рушди онҳоро пеш гирифта буд...

