Пажуҳишгоҳ – ҳамзоди Истиқлолият

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқоқотии фарҳанг ва иттилоотро метавон ҳамзоди Истиқлолияти давлатии кишвар номид. Он соли 1997, дар соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва  ризояти миллӣ ва оғоз гардидани марҳилаи созандагӣ, дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин даврае буд,  ки муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар пайи шикасти низоми Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати рукуд қарор доштанд ва ҳукумати ҷумҳурӣ эҳёи дубора ва рушди онҳоро пеш гирифта буд. Ниҳоде мебоист, ки  вазъи ин муассисаҳоро омӯхта, фаъолияти ояндаи онҳоро аз нуқтаи назари имлӣ аоснок кунад. Ҳамин зурурат  сабаби таъсиси  Пажӯҳишгоҳ гардид.

Ҳоло бо қатъият метавон гуфт, ки Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқоқотии фарҳанг ва иттилоот миёни ниҳодҳои илмии гуманитарӣ дар ҷумҳурӣ бештар аз ҳама бо истеҳсолот вобастагӣ дорад. Объекти таҳқиқоти он муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва мероси фарҳангии моддию ғайримоддӣ мебошад. Мутахассисони Пажӯҳишгоҳ пайваста дар сафарҳои хидматӣ ва чамъовариву таҳқиқи иттилооти илмӣ мебошанд ва тадқиқоти фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, сиркшиносӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, осорхонашиносӣ бостоншиносӣ, бойгонишиносӣ, мардумшиносӣ, ва монанди инҳоро анҷом медиҳанд. Ба ин манзур дар пажӯҳишгоҳ шуъбаҳои фарҳанг ва санъатшиносӣ, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, фаъолияти китобдорӣ, воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, илмӣ-методӣ фаъолият доранд.

Аз замони таъсиси Пажуҳишгоҳ то ба имрӯз баҳри татбиќи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниёзҳои воќеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат тибқи 16 лоиҳа ходимони муассиса таҳқиқот анҷом доданд. 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ходимони илмии пажўҳишгоҳ таҳия ва пешниҳоди намунаҳои мероси фарҳанги ѓайримоддии кишвар ба  Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО мебошад. Дар замони Истиқлолият 13 номинатсияи мероси фарҳанги ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шудааст, ки 12-тои он бевосита бо ҳамкории олимони ПИТФИ   таҳия гардидаанд.

Пажӯҳишгоҳ маҷаллаи илмии худро дорад, ки бо номаи «Паёмномаи фарҳанг» аз натиҷаҳои таҳқиқотҳо мақолаҳои илмии муқаққиқони худӣ ва берунарорӯ пайваста интишор медиҳад. Дар баробари маҷаллаи илмии “Паёмномаи фарҳанг”  ҳамасола  дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимони Пажӯҳишгоҳро бо номи “Осор” ба табъ мерасонад.

Пажўҳишгоҳ дорои шароити мусоид барои корҳои илмию тадќиќотӣ ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, толори маҷлисгоҳ, даҳҳо компютери фардии пайваст ба шабакаи Интернет ва дигар таҷҳизоти муосири нусхабардорию чопӣ, сабтнамоию аксбардорӣ ва ѓайра мебошад.

Аз ҷониби гурӯҳи муҳақиқони пажӯҳишгоҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» тартиб дода шудааст, ки он манбаи муҳимми иттилооти илмӣ буда, барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, инвентаризатсияи унсурҳо, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи номинатсияҳо ҷиҳати пешниҳод кардан ба рӯйхатҳои ЮНЕСКО, таблиғу густариши намунаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муассире дорад.

Инчунин Пажӯҳишгоҳ дар таҳияи пешниҳодот, нақшаҳои дурнамо, консепсия, ва барномаҳои рушди соҳаи фарҳанг ва иттилот нақши бориз дорад. Дар пажўҳишгоҳ мутахассисони варзидаи соҳаҳои фарҳанг, санъат ва иттилоот, фаъолияти китобдорӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ,  монанди Ҷӯрахон Обидпур, Комил Шарифзода, Мурод Муродӣ, Шарофат Мирзоӣ, Дилшод Раҳимӣ, Абдуфаттоҳ Аминӣ ба корҳои илмию тадќиќотӣ машѓул буда, бо олимони маъруфи кишвар ҳамкории судманд доранд ва дар тарбияи олимони ҷавон заҳмат мекашанд.

Олимони ПИТФИ дар тули 35 соли истиқлият барои заҳматҳои кашидаашон дар соҳаи илм аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор мукофотҳои давлатӣ  Ифтихорнома, Сипоснома, нишони Аълочии фарҳанг, медали хизмати шоиста ва дигар унвонҳо сарфароз гардидаанд, ки боиси ифтихори ҳамаи ходимони илмии пажўҳишгоҳ мебошад.

Дар оянда Пажўҳишгоҳ нақша дорад бо як ќатор муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ фаъолияти кориашро густариш дода, дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомўзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиѓи фарҳанги миллӣ, нашри маҷмуаҳои илмӣ, китобу рисолаҳо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, нашриётҳо, дигар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигар ҳамкориҳоро тақвияи бахшад.

Каримова Гулзира

муовини директори оид

ба корҳои методи ва умуми

барчасп: