Наврӯз ҳамчун пайванди инсон ва табиат, ҳамзамон ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ иимрӯз натнҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Ба ҳамин муносибат 18 марти соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси ҷовидонаи тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони муассисаҳои илмӣ донишмандон муҳақиқон ва кормандони соҳаи фарҳанг иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Пажӯҳишгоҳ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардида, мавсуф аз таъриху ташккул ва вазъи кунунии Наврӯз мухтасар фикру ақидаҳояшро иброз намуд.
Пасон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб бо сухани табрикотӣ баромад намуда, махсус қайд кард, ки Наврӯз ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор дар тӯли таърих арзишҳои бузурги фарҳангӣ маънавӣ ва инсонпарваронаро дар худ таҷассум намудааст. Таъкид гардид, ки имрӯз Наврӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардида ҳамчун рамзи эҳё сулҳ дустӣ ва ҳамдилии мардумон шинохта мешавад. Дар партави ҳамаи ин шукуҳ ва шаҳомати ҷаҳонӣ хизматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бесобиқаву беназир аст.
Дар идома мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои филологӣ Саъди Қосимӣ дар мавзӯи “Ҷашни Наврӯз – рамзи худшиносии миллӣ” маъруза ироа намуд. Мавсуф дар баромади худ аз таърихи қадимӣ ва ҷойгоҳи муҳими Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ёдовар шуда, ҷиҳати таҳкимбахшӣ ва бозтоби бештари ғояҳои миллию умумибашарии Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҳувияти милливу баҳамоии мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва фаъолгардонии зарфиятҳои он дар самти рушди сайёҳию гардишгарӣ чунин пешниҳодҳоро арза дошт.
Пасон мудири шуъбаи фолклори институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ номзади илмҳои филологӣ Абдуламин Мажнунов дар мавзӯи “Наврӯз ҷашне бостонӣ ва инсонӣ дар таърихи мо” суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард ки Наврӯз аз қадим ҳамчун ҷашни оғози баҳор эҳёи табиат ва навсозии зиндагӣ таҷлил гардида, дар фарҳанги мардум бо расму оинҳои гуногун ҷойгоҳи муҳим дорад.
Сипас аз рӯи барнома сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои филологӣ Муллоаҳмад Зебарниё дар мавзуи “Аҳамияти иҷтимоӣ фарҳангии ҷашни Наврӯз дар рушди ваҳдату ҳамбастагии мардум” баромад намуд. Ӯ иброз дошт ки Наврӯз на танҳо ҷашни суннати балки омили муҳими таҳкими Ваҳдат ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардум мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши фарҳанги ғайримодии ПИТФИ Зафар Ҳусейнезода дар мавзӯи “Рамзи об дар маросимҳои Наврӯзӣ” суханронӣ карда, доир ба ҷойгоҳ, шугун ва рамзи об дар суннатҳои наврӯзӣ маълумоти ҷолиберо аз қабили маросимҳои обпошон, обрезон, сайри Оби Раҳмат ва амсоли ин пешниҳод намуд.
Дар мубодилаи афкор сармуҳаррири МД “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Ҳусайнӣ Сайҷалол, директори нашриёти “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ, ходимони пешбари ПИТФИ Муродӣ Мурод ва Ҷӯрахон Обидпур доир ба масъалаҳои марбут ба таърихи Наврӯз, арзишҳои фарҳангии он ва нақши ин ҷашни бостонӣ дар рушди фарҳанги миллӣ фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.
Ифтихор ЮСУФӢ ,
мудири шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.



