Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бебаҳоӣ ё баҳои оламӣ,
Мову манро, эй забони модарӣ.
Ман бар онам, ки набуду нест, нест,
Аз ту шевотар забони дигаре.
تاجیک و چستی همیباید شعار
Ворухи ворӯйу кӯҳи Панҷшер
Ҳам шимолу ҳам ҷануби Тоҷик аст,
Бар алайҳи қисмати носозгор,
Ҳам тулуъу ҳам ғуруби тоҷик аст.
وارخ وارویو کوه پنجشیر
هم شمال و هم جنوب تاجیک است
Бо чунин унвон рӯзи 05-уми октябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзӣ забон баргузор гардид.
Аз давраҳои пеш дар байни мардуми тоҷик дар хусуси тарзи либоспӯшӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дошт. Як қисми одамон мегӯянд, ки инсон бояд рафтору кирдор, хулқу атвор, хислатҳои нек дошта бошад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки зебдиҳандаи тамоми чиз барои инсон, либос аст.
Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешрафт, мушкилот ва дурнамои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ бо намоиши аксҳои ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи кишвар ва ҷараёни фаъолияти онҳо шурӯъ шуд.
Истиқлол ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ неъматест, ки ба ҷумҳурии нозанинамон 30 сол қабл муяссар гашт. Истиқлол – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд. Сӣ соли даврони соҳибистиқлолии мо, пешрафти сиёсати хориҷию дохилӣ, рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳз ба роҳбарии оқилона ва ғамхоронаи...
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Раҳимӣ Дилшод Камолзода бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шуданд. Воқеан устод Раҳимӣ Дилшод шахсияти арзанда ва олими пуркор мебошанд, ки дар муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас доранд.
Мусобиқа ва бозиҳои варзишии анъанавӣ як бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ мебошанд, ки бештар дар байни насли ҷавон роиҷ ҳастанд. Аз замонҳои пеш ҷавонписарони тоҷик бештар ба бозиҳое, ки мардонагӣ, шуҷоат ва матонатро тарбият мекунанд, машғул мешуданд. Ба таври мисол навъҳои варзиши суннатии гуштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, расанкашӣ, чавгонбозӣ, пиёдапойгаҳ ва монанди инҳо намудҳои варзиши писандидаи ҷавонон буда, то кунун маъмул мебошанд. Яке аз анвои варзиши суннатӣ бузкашӣ ба шумор меравад, ки одатан дар фаслҳои...