Имсол Кумитаи забон ва истилоҳот “Фарҳанги талаффузи сареҳ”-ро интишор хоҳад дод

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки соли ҷорӣ «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод хоҳад кард.
Дар ин бора Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита дар ҳузури хабарнигорон иброз назар намуд.

Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати истиқлолияти давлатӣ аст

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ1 мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.
Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гўшаи фаромўшӣ рафта,

барчасп: 

Эҳёгари Роғун

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак эҳёгари Роғун аст. Маҳз талошҳои рӯзафзуни вай буданд, ки сохтмони Роғун бо вуҷуди мухолифатҳои ҳамсоягон аз сар гирифта шуд. Имрӯз дигар шубҳае нест, ки он бунёд нашавад. “Роғун” сохта хоҳад шуд ва он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

Барҳам хӯрдани лимити барқ бо амри Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам

барчасп: 

Танзи рӯз: Дусад лаънат бар он тақлид бод !!!

Дар ҷомеаи имрӯз ҳар фарди огоҳ изҳори нигароние аз тақлид дорад. Тақлид ба  пӯшиши бегонагон, зистан ба шевае, ки дар фарҳанги миллат нест ва ғайраву ҳоказо. Ва ин тақлидҳои кӯр-кӯрона паёмадҳои хуш ҳам надоранд.

Ва агар нек бингарем тақлид танҳо як ҷузъи фарҳанги имрӯз набудааст. Дар гузашта низ ниёкони мо бонги хатар дар ин бора задаанд. Ҳикояти ибратомӯзе дар ин маврид аз Мавлоно Мавлавии Балхӣ дорем, ки басо хонданиву шуниданист.

барчасп: 

Ҳамоиши “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад

барчасп: 

Майсара Дилдорова-ҳунарманди нотакрор

Майсара ДИЛДОРОВА, ин сарояндаи мумтоз ва овозхони нотакрор соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дида ба олам кушодааст.
Майсара Дилдорова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум шуҳрати бемисл дорад.
Фаъолияти ҳунариашро соли 1955 дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарманди Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров буд.

барчасп: 

Ёддоште аз Сотим Улуғзода: Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ

Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям.
- Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак

барчасп: 

Соли наватон муборак!!!

Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун

барчасп: 

Страницы