Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб дар таърихи халқи мо ҷойи сазовореро мақом намуда, аз замонҳои қадим то ба имрўз барои ҳар фарди тоҷик ҳамчун яке аз арконҳои муқаддас шинохта шудааст. Китобу китобдорӣ пешаи қадимаи аҷдодони мост. Ниёгони мо ба китоб арҷгузорӣ намуда онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ менамудандва аз насл ба насл интиқол медоданд. Да ҳаёти рўзмарраашон ҳатто ҳангоми дар гаҳвора будани кўдак, баҳри рафъи ноҳинҷории ў китобро дар болои са-раш мегузоштанд, ки имрўз низ ин анъана дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин давом дорад.
«Абёти шашмақом» рисолаи мусиқӣ оид ба «Шашмақом», ки охири асри XYIII – ибтидои асри XIX дар Бухоро таълиф гардидааст.
Муаллифаш номаълум. Рисола сохт ва шакли анъанавӣ дошта, аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст ва бо хати хонои настаълиқ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар муқаддима тафсири муъҷази мусиқӣ чун илму санъат ва мавқеи он дар байни илм ва ҳунарҳои дигар, инчунин мақсади таълифи рисола зикр ёфтааст. Дар рисола (одатан дар ибтидо) аз соқиномаҳои классикони адабиёти форсу тоҷик порчаҳ
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо — ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.
Бино ба навиштаи шоир пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад.
Агар ибтидои асри равон дар тарбияи маърифати иҷтимоии мардуми Осиёи Марказӣ, минҷумла тоҷикон васоити электронии ахбор, аз ҷумла интернет нақши бештар пайдо карда бошад, дар ибтидои садаи ХХ ҳамин нақшро, асосан, матбуоти даврӣ иҷро мекард. Ин аст, ки ҳанўз соли 1917 Зайнолобиддини Мароғаӣ дар китоби худ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» чунин навишта буд: «Дар рўи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтиионҳо ба воситаи матбуот аст».
Ансамбли тарона ва рақси Помир дастаи ҳунариест, ки замонешуҳрат дошт, вале баъдан пароканда шуд.
Ин дастаи ҳунарӣ, ки аз сарояндагон, навозандагон, раққосаҳо ва ҳаҷвнигорон иборат буд, соли 1955 дар заминаи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Аз оғоз беҳтарин ҳунармандни минтақаи Помири кишвар дар он гирд омаданд ва ҳудудан 60 нафар бо таронаву рақс ва саҳнаҳои дилнишини дар қалби ҳазорон
Аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони театр ва синамои кишвар аст. 7-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 факултаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Соли 1964 бошад курси олии коргардонии Академияи санъати шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Аз соли 1960 то соли 1961 дар театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ)- шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) кор
Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.
АРТИСТИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ, ки 6 сент. 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст.
Унвони мазкур ба барҷастатарин ходимони санъати халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шўравӣ дода мешуд.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт. Нафарони зерин аз Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд: