Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран аз як сафари хидмативу омӯзишӣ аз шаҳри Маскав баргашт. Бо чанд савол дар мавриди ин сафар ба ӯ муроҷиат кардем.
- Ҳадафи сафар чӣ буд?
- Дар оғоз бояд гӯям, ки сафари хидмати ба пойтахти давлати Русия – шаҳри Маскав
«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил» маҳсули қалами муаллифи номаълуми нимаи аввали асри XVI, аз минтақаи шимолу шарқии Эрон мебошад. Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст. Арзиши таърихии ин рисола дар он аст, ки муаллиф вақоёи таърихии нимаи аввали садаи XVI-ро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон рух додаанд, чун шоҳиди воқеӣ баён мекунад. «Ҷаҳонкушои хоқон» фарогири шавоҳиди мушаххаси таърихиест
Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб то соли 2016 мавриди инъикос қарор гирифтааст. Муаллиф бо баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ин кишварҳо ба натиҷа мерасад, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳо густариш ёфтанд, зеро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорони симпозиум ҳангоми баррасиҳо зикр намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) ва таъмини таълими босифат дар контексти барномаи рушди устувори СММ ҳоло аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ба ҳам овардани ҳар ду масълаи муҳим ба манфиати кор мусоидат хоҳад кард. Барои тадриси мероси фарҳанги ғайримоддӣ барномаҳо ва дастурҳо таълиф кардан лозим мебошад.
Ин мақола ба контекстҳои фарҳангию иҷтимоӣ, одобу русуми таоми суннатии халқи тоҷик- оши палав бахшида шудааст. Палав яке аз хўрокҳои асосии ҷашну маросимҳо, маъракаҳо, маҳфилҳои дўстонаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Инчунин дар фарҳанги суннатии тоҷикон як қатор расму ойниҳое мавҷуданд, ки ба оши палав рабти бевосита доранд. Муаллиф илова бар маълумоти мардумшиносӣ, бо такя бар манобеи забоншиносӣ роҷеъ ба этимологияи калимаиìошî андешаҳояшро баён кардааст.
Яке аз роҳҳои ба талаботи ҷомеа ва дархости журналистикаи амалӣ мувофиқ кардани ҷараёни таълим интихоби дурусти фанҳои интихобӣ ва курсу семинарҳои махсус аст. Дар нақшаҳои таълимии феълӣ барои чунин фанҳо 40 % ҷудо шудааст. Кафедраҳои тахассусӣ ҳуқуқ ва имкон доранд, ки мувофиқи талаби ҷомеа ин ё он мавзўъро барои дарси интихобӣ пешниҳод намоянд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ин талабот ба назар гирифта намешавад ва тадриси мавзўъҳои кўҳнашуда солҳои сол
Дар давоми зиёда аз сад соли охир, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст, яъне дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик рўзноманигорӣ равияи нисбатан навест, ки дар ибтидои
қарни гузашта ба миён омада такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл мегирад.
Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос ва умуман
Аз даврони қадим занҳои тоҷик зебоипарасту хушсалиқа буданд. Ва онҳо ин хушсалиқагии худро тавассут ҳунарҳои волои худ дар ҳар давру замон мутобиқ кунонида, то ба даврони мо оварда расонидаанд.
Ороиши зару зевар аз қадимулайём дар либоси занонаи тоҷикӣ як бахши асосиро ташкил менамуд. Дар гузашта махсусан зару зевари ороишии занонро дар баробари ороишоти замонавӣ бо зару зевари қадима низ омезиши махсус дошт.