Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими никоҳ (пурсон-пурсонак). Ин маросимро бо номи никоҳи мусулмонӣ дар саросари кишвар ном мебаранд. Аз рўи анъана он як навъ маросимест, ки розигии навхонадоронро пурсида, бо хондани хутбаи никоҳи исломӣ онҳоро барои ба зиндагии мустақилона қадам гузоштан раҳнамун месозанд. Ҷараёни никоҳ дар ҳама минтақаи кишварамон қариб, ки якранг мегузарад, аммо тибқи бовару этиқодҳо дар баъзе маҳалҳо тафовутҳои ҷузъӣ дида мешавад.
Ҳунарҳои мардумӣ дар ибтидо аз хоҷагидории табиӣ оғоз шудааст, ки талаботи мардумро аз руйи шароитҳо, ҷойи зист ва иқлими истиқоматкунанда муайян мекардааст. Аз давраҳои ҳанўз падаршоҳӣ касбу кори одамон ба шохаҳои гуногун тақсим шуда, ҳар кадоми онҳо яке аз он намудҳои ашёи рўзгорро истеҳсол мекарданд. Бинобар ин дар ҷомеаи падаршоҳӣ аҳли як оила бо тайёр кардани ашёҳои гуногуни рўзгор, пояфзол, либос, осиёби дастӣ, шолчабофӣ, алочабофӣ,
Боғдорӣ яке аз пешаҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (нашри 2018) дар бахши касбу ҳунарҳои мардумӣ, таҳти рақами Е029 ба қайд гирифта шудааст. Махсусан барои мардуми кўҳистон ин касб василаи асосии рўзгузаронӣ мебошад.
Ҳар як халқу миллат дорои фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои махсусе мебошанд, ки вобаста ба он мамлакаташонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла мардуми тоҷик низ соҳиби анъана, урфу одат, ҷашну маросимҳои миллие мебошанд, ки дар байни дигар қавму миллатҳо фарҳанги волои моро инъикос намудааст. Муҳаққиқони русу тоҷик дар бораи қисми зиёди ҷашну маросимҳо ба қадри имкон тадқиқот анҷом дода, то ҷое онҳоро табақабандӣ намудаанд.
Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои кўҳистон ба шумор рафта, фарҳанги қадима дорад. Агар чи ин ноҳияи дурдасти кўҳистон ба ҳисоб равад ҳам, мардумаш бофарҳанг буда, бо замона низ ҳамқадам мебошад. Аз ҷумла ҳунари дастии мардона ва занона дар ин гўшаи Ватан хеле рушд ёфтааст. Чизе, ки дар ин ноҳия диққати моро ҷалб намуд ин марказҳои ҳунармандӣ буд, ки хеле хуб ба чашм мерасид.
Ҳасиб аз ҷумлаи хўришҳое ба шумор рафта, бонувони тоҷик аз замонҳои қадим онро омода мекарданд. Ҳасибро бисёртар ҳамчун хўриш ва баъзан ба ҷои таом истеъмол менамоянд. Имрўзҳо дар базму хурсандӣ ва ҷашну маросимҳо аз навъҳои гуногуни он истифода мебаранд.
Миёни равшанфикрони тоҷик камтарин нафаронеро метавон пайдо кард, ки фаъолияти меҳнатии худро аз кори омўзгорӣ шурўъ намуда, минбаъд дар самтҳои гуногуни эҷодӣ қувва озмуда, ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошанд. Нависанда Садриддин Ҳасанзода аз зумраи чунин нафаронест, ки бо шарофати фаъолияти рўзноманигорӣ андешаҳои публитсистиаш шакл гирифта,
Бонувони тоҷик бо мақсади осон гардидани корашон ва натиҷаи хуб гирифтан дар аксари корҳои рўзгор усули шарикиро пеша менамоянд. Бо ин васила ба роҳ мондани иддае аз корҳои занон ба манфиати ҳамаи онҳо буда, тифоқӣ, якдилӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ҳамдигарро ба вуҷуд меорад. Яке аз чунин амалҳо, ки таҷрибаи чандинсола дошта, то имрўз дар байни занони кўҳистони Тоҷикистон боқӣ мондааст, ин анъанаи ширнавбат мебошад.