Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои рушду нумӯи соҳаи фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабл аз ҳама, қабул шудани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» (1993) «Дар бораи фарҳанг» (1997), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи иттилоот» (2002)...
Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Забони миллат- бақои миллат» баргузор гардид.
27-уми сентябри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили илмӣ таҳти унвони “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров-омили ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил ходимони илмии муассиса моҳияту муҳтаво ва арзиши илмию таърихии китоби “Тоҷикон”-ро баррасӣ намуданд.
Худкушӣ падидаи зишту номатлубест, ки он аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ҷомеаи инсонӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ривоят аст, ки дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, минбаъд ҷасади урёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шахр ба намоиш гузоранд.
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар қатори дигар ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ мазору зиёратгоҳҳо аз қабили Ҷигдалик-ота дар ҷамоати Турсун Ӯлҷабоев, Ҷабборқул-ота дар ҷамоати шаҳраки А. Ҷомии Навкат, Кӯктунлик-ота ва Лангар-ота дар ҷамоати деҳоти Тағояк ва дигар қалъаву мавзеҳои дигар низ мавҷуданд...
Сурхӣ як навъи хӯроки субҳонаест, ки дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ онро мепазанд. Сурхӣ таъмаш як каме ба ҳарири тӯёнаи ин минтақа монанд аст, аммо тарзи пухтанаш каме дигаргун аст. Сурхиро одатан дар фасли зимистон дар ин минтақа мепазанд, зеро миҷози ин хӯрок хеле гарм буда, ба табиати сарди кӯҳистон мутобиқ аст...
Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.
Имрӯз ҳамаи мо шукургузорем, ки мардуми диёрамон осудаву оромона думболи кору зиндагии хешанд, аммо биёед нигарем лаҳзаи на он қадар дур. Ҳамагӣ андаке бештар аз 23-25 сол дар чи гуна рӯзҳои даҳшатбор мезистем. Инсонҳо чун барги хазон рӯи хок мерехтанд ва дардовараш он буд, ки ағлаби онҳо ҷавононе буданд, ки тавре мегӯянд, аз сад гули онҳо...