Дар мубориза ба зидди экстремизму терроризм бетараф набошем
Чоп шуд: 31/08/2023Ҷомеаи имрӯзаро бе Интернет тасавур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар мардум ба он дастрасӣ доранд ва мувофиқи завқу талабот, инчунин дараҷаи заковат ва фаҳмиши худ аз он истифода мебаранд. Мутаассифона, бо он имкониятҳои васеъ ва бартарияту афзалиятҳое, ки Интернет ба мо фароҳам овардааст, он паҳлӯи дигар, манфии худро дорад ва гоҳҳо мо ноогоҳона ба сӯи он майл карда, ба қавле сари бебалои худро ба бало гирифтор мекунем.