Фарҳанг як воситаи қавии ташаккул додани ҷаҳонбинии инсон, рушди қобилиятҳои эстетикӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ мебошад.
Санъат бошад, яке аз зинаҳои олии ифодаи тафаккури эҷодии башар аст, ки тавассути он на танҳо зебоӣ, балки арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ интиқол меёбанд. Маҳз бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ доштани соҳаи фарҳанг ва санъат, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Таъсис ёфтани даҳҳо муассисаи таълимии соҳавӣ дар сатҳҳои миёна ва олӣ, худ нишонаи равшани он аст, ки соҳа аз нав эҳё гардид.
Дар ин замина, бояд махсус таъкид намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро рукни давлатдории миллӣ дониста, борҳо дар баромадҳои худ аҳамияти фарҳанг ва санъатро таъкид намудаанд.
Ҳоло дар кишвар коллеҷҳои санъат, хореография, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ, фаъолият доранд, ки онҳо барои тарбияи насли эҷодкор, хештаншинос ва фарҳангпарвар мусоидат мекунанд. Яке аз дастовардҳои муҳими ин муассисаҳо дар даврони истиқлол, ба барномаи таълим ворид намудани омӯзиши созҳои миллии тоҷикӣ ва мусиқии анъанавӣ мебошад. Дар гузашта таълими ин арзишҳо камранг ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо фаромӯш шуда буд. Илова бар ин, баргузории озмуну фестивалҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ, “Ҷилваи ҳунар, «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», “Фалак”, “Шашмақом”, ва дигар чорабиниҳо, ҳамчун ангезаи ҷиддӣ барои баланд бардоштани сатҳи эҷодӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон хизмат менамоянд. Ҳарчанд дар даврони истиқлол ба рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва муассисаҳои таълимии соҳа барои тарбияи насли эҷодкор саҳми арзанда мегузоранд, аммо мушкилоту камбудиҳои ҷиддие ҳастанд, ки пешравиҳоро то андозае зери таъсир қарор медиҳанд.
Дар робита ба ин, муҳаққиқ профессор Ҷурахон Обидпур бо нигаронӣ таъкид мекунад: “Дар бештари мактабҳои бачагонаи мусиқӣ мутахассисон ва омӯзгорон маълумоти касби надоранд. Ҳоло он ки дар ин мактабҳо бояд хатмкардагони коллеҷҳои санъат ё консервиятория дарс гӯянд. Онҳо на барномаи таълимӣ доранду на китобу дастурҳои методӣ. Он китобу дастурҳои таълимие, ки то соли 1990 таълиф шуда буданд, фарсудаву кор ношоям гардиданд. Бо сабаби набудани барномаҳои таълимӣ муалимон мувофиқи фаҳмиши худ барномаи фардӣ тартиб медиҳанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест. Мушкили дигар нарасидани созҳои мусиқӣ ва дар фурӯш набудани тор барои созҳост. Омӯзгорон бо созҳои шахсиашон дарс мегузаранд, вале шогирдон сози шахсӣ надоранд, ки дар хона вазифаи додаи устодро то дарси дигар машқ кунанд”.
Ин андешаҳо ва мушоҳидаҳои муҳаққиқ бозгӯи онанд, ки новобаста аз рушди муайяни сохторҳои фарҳангӣ, мушкилоти кадрӣ, норасоии заминаҳои методӣ ва таъминоти моддӣ дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ то ҳол ҳаллу фасли ҷиддӣ наёфтаанд. Мавҷуд набудани омӯзгорони соҳибихтисос, камбуди созҳои мусиқӣ ва набудани дастурҳои муосири таълимӣ, метавонад на танҳо ба сифати омӯзиш, балки ба рӯҳияи эҷодии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонад.
Айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ аз рӯи ҳисоботи оморӣ 86 муассисаи таълимии бачагонаи соҳаи фарҳанг мавҷуд аст. Ба истиснои мактаб-филиалҳое, ки бештари муассисаҳо дар деҳаҳои дурдаст ташкил шудаанд. Аз шумораи ин муассисаҳо 62 адад ҳамчун мактаби бачагонаи санъат, 15 адад мактаби бачагонаи мусиқӣ, 4 адад мактаби рассомӣ, 2 адад мактаби ҳунарии бачагона ва 3 мактаби ҳунарӣ-эҷодӣ номгузорӣ шудаанд. Ин муассисаҳо аз руи тақсимоти минтақавӣ 11 адад ба ВМКБ, 31 адад ба вилояти Суғд, 30 адад ба вилояти Хатлон, 8 адад ба ноҳияҳои тобеи марказ, 6 адад ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.
Дар асоси таҳқиқот ва таҳлилҳо муайян гардид, ки дар ҳақиқат вазъи имрӯзаи муассисаҳои фарҳанг ва санъат дар кишвар нигаронкунанда аст. Дар қисме аз минтақаҳои кишвар муассисаҳои фарҳангӣ аз набудани таҷҳизоти замонавӣ ва толорҳои номувофиқ дучори мушкилот мебошанд. Бисёре аз барномаҳои таълимии муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Камбуди кадрҳои ҷавон ва соҳибихтисос, инчунин тамоюли рӯ овардани мутахассисон ба соҳаҳои дигар, аз масъалаҳои нигаронкунанда мебошад. Бо вуҷуди он, ки имкониятҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд, аксар сармоягузорон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи ҷиддӣ намедиҳанд. Дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст низ муассисаҳои фарҳангӣ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд. Дар ҳолате ки маҳз дар ҳамин минтақаҳо истеъдодҳои табиӣ ва ҷавҳари фарҳанги асил нуҳуфтаанд.
Бояд қайд кард, ки соли 2021 аз ҷониби ходимони шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар доираи лоиҳаи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол» як қатор таҳқиқотҳои илмӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ташкил ва баргузор гардиданд. Дар ҷараёни ин таҳқиқотҳо, 18 мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ инчунин муассисаҳои таълимии соҳавӣ низ мавриди омӯзиш ва таҳлили илмӣ қарор дода шуд. Дар 18 муассисаи таҳлилишуда шумораи умумии омӯзгорон ба 448 нафар ва теъдоди толибилмон ба зиёда аз 3859 нафар мерасад. Бо вуҷуди ин, тибқи натиҷаҳои санҷиш, маълум гардид, ки дар фаъолияти ин муассисаҳои таълимӣ то ҳол як қатор камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд.
Инчунин ҷиҳати иҷрои лоиҳаи зикргардида барои омӯзиши вазъи касбомӯзии муассисаҳои таълимии соҳаи санъат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом додашуд. Яъне таълими вазъи имрӯзаи 13 мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ ва 1 Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов дар солҳои 2022-2023 мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар натиҷаи таҳлили фаъолияти 13 муассисаи таълимӣ муайян гардид, ки дар онҳо 229 омӯзгор ба таълим машғул буда, теъдоди толибилмон беш аз 1696 нафарро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои оморӣ қобили таваҷҷуҳанд, вале дар ҷараёни омӯзиш ва арзёбии ҳолати умумии муассисаҳои таълимӣ як қатор мушкилот ва камбудиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида расиданд, ки ба сатҳи таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳоло камбудиҳое, ки дар муассисаҳо ба мушоҳида расидаанд ёдрас менамоям.
1. Аксари муассисаҳои таълимии соҳавӣ то ҳол аз ҷиҳати нарасидани омӯзгорони касби танқисӣ мекашанд.
2. Камбудии дигаре, ки ба мушоҳида расид, ин сари вақт ба курсҳои бозомӯзӣ сафарбар нагардидани омӯзгорон мебошад. Бояд гуфт, ки ин ҷиҳати масъала ба фаъолияти бевоситаи муассисаҳо вобастагӣ дорад.
3. Норасоиҳои китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ дар муассисаҳо ба назар мерасад. Новобаста аз он, ки оид ба баъзе фанҳои таълимӣ, аз қабили “Дарси рубоб”-и Ҷурахон Обидпур, “Мактаби омӯзиши най”-и Ҷурахон Обидпур, “Мактаби омӯзиши чанг”-и Ҷурахон Обидпур, “Фалакӣ”- Қурбони Қурбониён ва ҳатто баъзе аз фанҳои ба касбу ҳунар алоқаманданд китобҳо бо забони тоҷики нашр гардида бошанд ҳам аз ҷониби мақоматҳои соҳавӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас нагардидаанд.
4. Муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои инноватсионӣ муҷаҳҳаз нестанд. Дар баъзе аз мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии бачагона то ҳол компютерҳо ба таври кофӣ мавҷуд нестанд. Дар сурате, ки феълан тамоми машғулиятҳо тавассути тахтаҳои электронӣ ба роҳ монда шаванд. Инчунин баъзе муассисаи таълимӣ сомонаи махсуси хешро надоранд.
5. Дар муассисаҳо созҳои мусиқӣ (зарбӣ, нафасӣ, торӣ) намерасанд. Шогирдон барои омӯзиш аслан аз созҳои шахсӣ ва қисман иҷора мегиранд.
6. Аз фанҳои рассомӣ, рақс ва касбу ҳунарҳо низ маводи зарурӣ, либосҳои саҳнавӣ ва ашёи хом (чубу тахта барои кандакорӣ, хока барои кулолгарӣ, мавод барои ҳайкалтароши) ва амсоли инҳо дастрас нестанд.
7. Шиору овезаҳои дар синфхонаҳо насбшуда бо забони руссӣ ва ҳотто куҳнашуда буда ба талаботи забони давлатӣ мутобик кунонида нашудаанд.
8. Дар синфхонаҳои дарсии созҳои мусиқи нотаҳо нодуруст тасвир шудаанд. Дар баъзе мактабҳо ашёҳои аёнӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ омехта ва бо ғалатҳо насб шудаанд.
9. Сохтмони биноҳо на ҳамаашон барои мактабҳои мусиқи ва санъат мутобиқат мекунанд. Синфхонаҳо паҳлӯи якдигар ҷойгир шудаанд, ки ба фаъолияти дигар фанҳо монеа эҷод менамоянд.
10. Баъзе муассисаҳо то ҳол суратҳисоби худро надошта, қисман ба бахши фарҳанг ва қисман ба маориф вобастагӣ доранд.
11. Дар баъзе муассисаҳо синфхонаҳои рақсӣ мувофиқӣ талабот муҷаҳҳаз нашудаанд. Ҳато аксари муассисаҳо толорҳои консертиву намоишгоҳ надоранд.
12. Аз ҳама муҳим омӯзгорон аз паст будани музди меҳнат шикоят намуданд ва роҳбарияти муассисаҳо ҳам яке аз сабабҳои ба пуррагӣ таъмин нагардидан ба омӯзгорони касбиро дар кам будани музди меҳнат арзёбӣ намуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба камбудиҳо ва мушкилоте, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат мавҷуд аст, эҳтиёҷ ба андешидани тадбирҳои муассир ва ҳамоҳангшуда бештар эҳсос мешавад. Дар ҳамин замина, андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати як раҳнамои фикрӣ ва амалӣ барои ҳамаи онҳое, ки дар рушди соҳаи фарҳанг саҳм доранд, басо арзишманд аст. Президенти кишвар зикр намуданд: «Оре, ҳаёти иҷтимоӣ бе камбудӣ буда наметавонад. Мутаасифона, аксари мо ин камбудиҳоро ё намебинем ва ё дидаву худро ба нодонӣ мезанем. Ин ба манфиати кишвар нест, камбудиҳоро бояд бериё ошкор созем ва баҳри рафъи онҳо якҷо камари ҳиммат бандем».
Ин суханон моро водор месозанд, ки бо масъулияти бештар ба арзёбии вазъ нигарем, норасоиҳоро пинҳон накунем ва барои бартарафсозии онҳо бо иродаи коллективӣ иқдом намоем.
Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар ин паём, ки ҳамчун ҳуҷҷати стратегии сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар пазируфта мешавад, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузаштаи таҳлилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дурнамои марҳилаҳои ояндаи ин равандҳо мушаххас карда шуданд.
Дар доираи паём, соҳаи фарҳанг, чун анъана, мавқеи хоси худро ишғол менамуд. Сарвари давлат бо таъкиди иброз намуданд, ки дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 20 осорхона таъсис ёфтаанд. Ин муассисаҳо дар рушди маърифати аҳолӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои зикршуда, тибқи маълумоти расмӣ, то ҳол дар кишвар 75 муассисаи фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 368 муассисаи дигар ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. Ин ҳолат зарурати ҷалби таваҷҷуҳи бештари сохторҳои дахлдорро ба масъалаи ҳифз ва таҷдиди инфрасохтори фарҳангӣ тақозо менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳими матраҳшуда дар паёми мазкур, вазъи муассисаҳои таълимии мусиқӣ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Тибқи таҳқиқоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2024 гурӯҳи кории махсусро ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар намуд, мушоҳида гардид, ки дар баъзе манотиқ то ҳол мактаби мусиқӣ вуҷуд надорад. Дар ҳолатҳои дигар, мактабҳои мавҷуда ба талаботи муосири таълимӣ ва инфрасохторӣ ҷавобгӯ набуда, имкониятҳои таълими мусиқии наврасону ҷавононро маҳдуд месозанд. Ҳамзамон, ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки биноҳои муассисаҳои таълимии мусиқӣ ғайримақсаднок истифода шуда, наметавонанд рисолати худро дар рушди фарҳанги мусиқӣ иҷро намоянд.
Ҳануз дар асри Х донишманди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино таъкид карда буд, ки “Мусиқӣ муқаддасотарини тамоми хислатҳои некуи инсонист”.
Бо дарки амиқи аҳамияти масъала, Пешвои миллат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2026, дар маркази ҳар як шаҳру ноҳия мактаби мусиқии замонавӣ таъсис ва ба истифода дода шавад. Ин иқдом ҳамчун асоси муҳим барои рушди фарҳанги мусиқии миллӣ, тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод ва васеъ намудани зеҳни эҷодии наврасон ва ҷавонон арзёбӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, беҳсозии вазъ ва фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат танҳо як вазифаи соҳавӣ набуда, балки як иқдоми муҳими стратегии миллӣ маҳсуб меёбад. Ин раванд бевосита ба тақвияти иқтидори фарҳангии кишвар, рушди истеъдодҳои наврасу ҷавон, ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳувияти миллӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ва санъатӣ ҳамчун ниҳодҳои муҳими тарбиявию маърифатӣ метавонанд заминаи устувор барои рушди шахсияти созанда, тақвияти худшиносии миллӣ, ва ташаккули ҷомеаи фарҳангсолор бошанд. Дар баробари ин, беҳсозии фаъолияти ин муассисаҳо метавонад боиси ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунар ва эҷод, коҳиши муҳоҷират ва рӯ овардани онҳо ба арзишҳои милливу маънавӣ гардад.
Илова бар ин, рушди соҳаи фарҳанг ва санъат имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо мероси ғании фарҳангии худ муаррифӣ гардад, робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигар густариш ёбад ва нуфузи фарҳангии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ боло равад.
Мудири шуъбаи илмӣ методии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот
Хоҷамов Ф.

