Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба инкишоф оварданд, ки фарҳанг инҷо истисно нест. Имрӯз фарҳанги миллӣ дар контексти илмҳои гуногун рушду нумӯ карда истодааст, ки аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар ғамхории Сарвари он шаҳодат медиҳад.
Бахшида ба ҳамин мавзуъ 28 октябри соли 2025, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар доираи лоиҳаи илмии “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол (2021-2025)” Конфренсияи ҷумҳурявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш номзади илмҳои филологӣ, директори Пажӯҳишгоҳ А. Аминзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба аҳамияти таҳқиқи масъалаҳои фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷомеа ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи фарҳанг андешаронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки барои рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ зарур аст, ки бо таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шавад.
Пасон 10 маърӯза бобати мавзӯи мавриди назар оид ба масъалаҳои гуногуни рушди фарҳанг дар шароити муосир ироа гардиданд.
Азҷумла, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Комилзода Шариф дар мавзӯи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол (2021 -2025)” дар татбиқи масъалаҳои мубрами фарҳанги миллӣ” суханронӣ намуд. Дар баромади худ ӯ ба масъалаҳои муҳими матраҳшудаи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои ниёгон, анъанаҳои миллии тоҷикон, ёдгориҳои таърихӣ ва таҷрибаи китобдорӣ дар даврони истиқлол баромад намуд. Комилзода Ш. зикр кард, ки дар марҳилаҳои аввали давраи истиқлол бо сабаби мушкилоти сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ, пояҳои фарҳанг заиф гардида буданд, аммо бо ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ имрӯз тахқиқи илмии анъанаҳои миллӣ, рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо аҳамияти хос пайдо кард.
Баъдан, директори АМСБРСК –ХКТ Нодирзода Сайзароб дар мавзӯи “Дастовардҳои иноватсионии АМСБРСК –Хонаи китоби Тоҷикистон дар даврони истиқлол” маърӯзаеро ироа намуд. Мавсуф дар бораи рушди соҳаи китобдорӣ ва татбиқи равандҳои иноватсионӣ дар замони муосир сухан гуфт. С. Нодирзода зикр кард, ки замони муосир талаб мекунад, ҳам муассисаҳои давлатӣ бо техника ва техналогияҳои нав таъмин гарданд. С. Нодирзода ба гуфтаҳояш бо техникаҳо муҷаҳҳаз шудани АМСБРСК –ХКТ ва ПИТФИ-ро мисол овард.
Номзади илмҳои таърих Шарифзода Фирдавс дар мавзӯи “Таърихнигории таърихи фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ –фарҳангӣ дар даврони истиқлол” баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои нави рушди фарҳанг ба миён омад, ки яке аз ташабусҳои муҳими давлат дар роҳи рушди фарҳангии ҷомеа ба шумор меравад. Ин рӯйдод дар заминаи кансепсияи таҳияшуда ва пешниҳоднамудаи олимони соҳаи китобдорӣ ва Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил карор гирифта, мусоидат намуд.
Баъдан, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Абдуллоев Шамсуддин дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои театрӣ ва синамо дар тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол” маърӯза ироа намуд. Мавсуф нақши ин муассисаҳоро дар ҷомеа хуб арзёбӣ намуда, ҳамзамон роҳҳои ҳалли баъзе мушкилоти соҳаро низ зикр кард.
Сипас мудири шуъбаи илмӣ –методии ПИТФИ Хоҷамов Фурқат дар мавзӯи “Вазъи фаъолияи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат дар даврони истиқлол” баромад кард. Мавсуф натиҷаҳои аз сафарҳои хидматӣ ба дастомада ва хулосаҳои илмии мутахассисони шуъбаи илмӣ-методиро дар бобати мушкилоти муассисаҳои таълимии мусиқӣ ба ҳозирин ироа намуда, пешравиву мушкилоти соҳаро мухтасар хулоса намуд.
Шарипов Абдусамад мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи “Таҳаввули фаъолияти хонаҳои фарҳанг дар замони истқлол” баромад намуда, мушкилоти хонаҳои фарҳангро ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам кадрӣ баррасӣ намуд.
Директори осорхонаи шаҳри Ваҳдат Гардиев Исломиддин бошад, дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар тарбияи маънавии насли наврас” баромад кард. Мавсуф зикр кард, ки сар карда аз асарҳои драммавӣ то намоишномаҳои театрӣ барои тарбияи насли наврас ва рушди маънавиёти калонсолон саҳмгузор мебошанд.
Дар мубодилаи афкор ходимони илмии ПИТФИ аз қабили профессорон Хоҷаев Қ., Обидпур Ҷ., Муродӣ М., Ҷумъазода М. ва дигарон дар бораи мавзӯи ҳамоиш ва маърӯзаи баромадкунандагон фикру ақидаҳояшонро муфассал баён карданд.
Баҳодурова Озарбону,
ходими илмии шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.


