Таҳти чунин унвон санаи 04.11.2025 бо мақсади иҷрои банди 16 Нақшаи амали “Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии “устод-шогирд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” дар сатҳи баланд баргузор намудани мизҳои мудаввар ва тибқи талаботи банди 10 Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 тасдиқ шудааст, дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр, роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ иштирок доштанд.
Мизи мудавварро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, н.и.ф., муҳтарам Аминзода А. Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, доир ба кори ҳамоиш чанд нуктаи муаррифкунандаро иброз намуд.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳр Шарифзода ҳозиринро хайру мақдам гуфта, оиди Фалак ва таърихи он аз гузашта то ба имрӯз маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар рушд ва инкишофу оламгир гаштани Фалак хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои ин марди пуштибони фарҳанг, Фалак дар Рӯйхати репрезентивии ЮНЕСКО шомил гардид.
Баъдан, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов Қурбони Қурбониён дар мавзуи “Думбра ва лаҳни он дар системаи лаҳнии Фалак” баромад кард. Профессор суханони худро бо оҳанги тор (дутор), ҷӯр сохта, бо ин васила чӣ тавр навъҳои фалак иҷро карда мешаванд, нишон дод. Сужае ки бахшида ба навъҳои Фалак аз ҷониби Олими Ҷумахон таҳия шуда буд ба суханони Қурбони Қурбониён ҷазобияти дигаре бахшид.
Пасон, доир ба “Фалак ва собиқаи таърихии он дар фарҳанги мардуми тоҷик” и.в. дотсенти кафедраи мусиқии мардумии ДДФСС Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Дона Баҳром баромад намуда, дар такя ба арқому далелҳои таърихӣ аз Авасто то ба имрӯз андешањояшро таќвият бахшид.
Сипас, мудири бахши Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов дар мавзуи “Фалак: аз эҳё то сабт дар Рӯйхати репрезентивии ЮНЕСКО” гузориши хешро тариқи слайд доир ба ҳуҷҷатикунонӣ аз оғози кор то анҷом пешниҳоди ҳозирин гардонд.
Доир ба “Нақши сози таблак дар мусиқии сунатии тоҷик” омӯзгори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов Солеҳ Одиназода бо пешниҳоди матну оҳанг гузориши муфассал пешниҳод кард.
Оид ба “Нақши мактаби “устод-шогирд” дар рушди анъанаҳои мусиқии суннатӣ” ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Раҳимов Билолиддин суханронї намуд.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш китобҳои тозанашр “Мутриби дилнавоз”, “Дуои моддар” ва “Гулдаста аз гулзори фалак” аз ҷониби муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр ба ҳозирин таќдим карда шуд.
Дар қисмати мубодилаи афкор директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода А., и.в. дотсенти кафедраи мусиқии мардумии ДДФСС Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Дона Баҳром, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов Қурбони Қурбониён ва дигарон ибрози андеша намуданд.
Ҳамоиш барои ҳамагон судманд буд.
Каримова Гулзира


