ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Чоп шуд: 03/11/2023«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».
КОНСТИТУТСИЯ – ҲАМЧУН САНАДИ МУҚАДДАС
Чоп шуд: 03/11/2023Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.
ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД ВА НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (аз натиҷаи таҳқиқот)
Чоп шуд: 03/11/2023Тибқи нақшаи корӣ кормандони шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ дар доираи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (солҳои 2021 – 2025) вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор доданд.
ҲАМОИШИ ФОЛКЛОРШИНОСОНИ ТОҶИК
Чоп шуд: 17/10/2023АЗ ДИДИ ХИРАД БОЯД БИНГАРЕМ
Чоп шуд: 04/10/2023Мо аз Истиқлолияти кишвар шукргузорем, ки беш аз сӣ сол аст дар фазои оромиву осудагӣ ва хуррамиву сериву пурӣ умр ба сар мебарем. Дар фазои озод ва иршод пайи пажуҳандагӣ ва таълиму тарбияи ҷавонони сарзамини хеш қарор дорем. Хушбахтона, мо дигар аз ҷиҳати таърих ва фарҳангу забон пойбанди кишвари дигаре, хосатан Россия нестем. Забону фарҳанг, таъриху адаби мо мустақилу озод дар ихтиёри ҷомеа аст. Ба қонуну ҳуқуқҳои умумибашарӣ қариб ҳамрадифем...
ЗАБОН – НИШОНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Чоп шуд: 04/10/2023АҲАМИЯТИ ПАЖӮҲИШӢ ВА ИРТИБОТИИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ДАРСҲОИ ТАХАССУСИИ СОҲАИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ (НАТИҶАИ ТАҲҚИҚОТ)
Чоп шуд: 21/09/2023Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ПИТФИ) таи чандин солҳост, ки дар доираи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои илмии мухталифро роҳандозӣ намудааст...
Мушкилоти қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг дар ВМКБ ҳанӯз ҳам ҳалталабанд
Чоп шуд: 20/09/2023Мушкилоти қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг дар ВМКБ ҳанӯз ҳам ҳалталабанд Падидаи некӣ рушди фарҳанг дар замони истиқлолият дигаргунӣ дар сохтор ва мазмуни фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тарбиятгари аҳолӣ ва тарғибгарӣ сиёсати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Яке аз омилҳои инкишофи фарҳанг бунёди қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг, ки ба талаботи имрӯзаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа муносиб буда, фаъолияти онҳо ба хотири ташаккули маънавии шаҳрвандон маҳсуб мегардад...
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- …
- следующая ›
- последняя »