Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде пештар китоби нави олими тоҷик, номзади илмҳои филология, фолклоршинос, Дилшод Раҳимӣ таҳти унвони «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» (муҳаррир Ш. Комилзода) аз чоп баромад. Китоби мазкур бо теъдоди 300 нусха дар ҳаҷми 304 саҳифа аз ҷониби нашриёти «Аржанг» нашр гардидааст. Китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» баҳри шинохти ҷашнҳои қадимаи мардуми орёитабор ганҷинаи бебаҳо ба шумор рафта, нашри онро дар арафаи ҷашни Сада метавон ҳамчун армуғон арзёбӣ намуд.
Ниёгони тоҷикон аз даврони қадим дар чор фасли сол чор ҷашни махсуси табиатро қайд мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо бо унсурҳои моддии табиат пайванд буданд. Наврўз дар баҳор таҷлил шуда, марбут ба замин ва хок мебошад. Дар тобистон аҷдодони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки он ба об алоқаманд буд. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ – иди ҳосилот буда, ба осмону ҳаво ва хуршед рабт дорад. Дар меҳвари ҷашни чорум – Сада оташ қарор гирифтааст.
Сада дар қатори ин ҷашнҳо аз даврони қадим яке аз идҳои бошукўҳу шаҳомати
Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод.
Ба маълумоти ӯ, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз
Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон намудани солҳои 2019-2021
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
1. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.
31.12.2018 21:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид. Бино ба гузориши АМИТ «Ховар» озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд. Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик
Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна
Дар рақси яккаи занона, ки дар базму маъракаҳои занонаи водии Кўлобу Рашт баргузор мегардад, дар он тарзи таҳия ва пухтани оши бурида таҷассум меёбад. Иҷрокунанда ба арзи шартӣ ашёи ошбурӣ: тахтаву тираки ошбурӣ, суфра, элак ва дегро тасвир мекунад. Ў бо куртаи дароз, дар сараш рўймоли калон партофта, нисфи поёнии рухсораашро бо нўги рўймол пинҳон медорад. Раққоса қадамҳои хурд-хурд гузошта, пои росташро мувофиқи зарби доира ба замин оҳиста-оҳиста мезанад.