Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Тақриз ба китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» / Мураттиб Д. Раҳимов: Муҳаррир Ш. Комилзода.–Душанбе: Эр-граф, 2017 .–280 с.)
Назар афкандан ба саҳфаҳои таърихи башар барои насли имрўз кофист, ки ба соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик имон биоварад. Ниёгони тамаддунофари мо бо осори бузургпояву гаронмояи хеш дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик дар дарозои таърих санъату ҳунар, расму маросим ва ҷашну анъанаҳоеро ба вуҷуд оварда ба шакл даровардааст, ки фалсафаи зиндагии шоистаро дар худ нуҳуфта медоранд. Мероси гаронбаҳои фарҳангие, ки аз ниёгони хеш ба ёдгор дорем, бидуни шак, боиси ифтихору сарафрозии мо ворисон дар замони муосир аст.
Дар иртибот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ҳамчунин «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» рўзҳои 6-10-уми июли соли 2019 бо ташаббуси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар урдугоҳи кўҳнавардии Артуч конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дирӯз дар чойхонаи “Машрабия”-и меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, рассомон, меҳмонон аз Сафоратҳо ва созмонҳои хориҷии муқими Душанбе, хабарнигорони васоити ахбори дихиливу берунӣ намоиши наққошиҳои рассоми шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров ифтитоҳ шуд. Қарор аст ин намошгоҳ то 15-уми августи соли равон боқӣ бимонад ва дари он ба рӯйи ҳамаи алоқамандони фарҳанги волову дӯстдорони асарҳои наққошӣ боз аст.
Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.
«Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти мамлакатамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ин матлаб иқтибос аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Гуфтанд, мегӯем ва хоҳанд гуфт, ки нақши Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон барҷаста аст ва он дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарин сабт шуда, пас аз садсолаҳо низ ин хизмати Сарвари давлат эътирофу қадршиносӣ меёбад
Чунин ном дошт мизи мудаввар, ик ахиран дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, кормандони Пажӯҳишгоҳ ва рӯзноманигорон баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оғоз карда, аҳли нишастро ба Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар ҷумҳуриамон 27 июн таҷлил карда мешавад, шодбош гуфтанд.
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси гаронбаҳои фарҳангии миллиро ба нақша гирифта, дар ин раванд силсилаи сафарҳои хизматиро ба шаҳру навоҳиии гуногуни кишвар ба роҳ мондааст. Инчунин, дар асоси нақшачорабиниҳо аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳ дар минтақаҳои гуногуни кишвар семинар-тренингҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи фарҳанг доир гардида истодаанд.