Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтавои ин китоб ҳамин як мисраъ аст. Яъне, сухан ҳар гоҳ “аз сари андеша ояд” ва ҳарфу ҳиҷо ба муроди дили инсон бошад, посух чунин хоҳад буд.
Аммо сухан гуфтан ин худ санъат аст. Як маъноро метавон ба гунаҳои гуногун ифода кард, ки гоҳ хашин ба гӯш расад ва гоҳи дигар форам. Ин аз маҳорати гӯяндаи он вобаста аст, ки хабарро чӣ гуна мерасонад.
Заҳмате, ки олими суханшинос Қурбон Хоҷаев кашидааст, арзиши воло дорад. Дар як китоб талош кардааст маҳорати сухан гуфтан ва сухан шунидану
Субҳи рӯзи ҷумъа, 1-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти раёсати Ҷонишини аввали Райиси Иттифоқ Ато Мирхоҷа рӯнамои ду китоб дар бораи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Китоби аввал “Пешво-ифтихори миллат” НОМ дошт ва он силсилаи мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкорона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, анқши воқеъии ӯро чун Асосгузори сулҳу
Суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пӯхта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.
Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро...
Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода –Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат –ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
19-уми март дар шаҳри Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ баргузор шуд, ки суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии ин оини ниёконро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин Симпозиум донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи ҷаҳониро дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ таҳлил ва баррасии масоили марбут ба Наврӯз, аз ҷумла таърих ва
Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ
Аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки эҳтироми хоса дар ҷомеа дорад. Дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ барандагӣ мекунад. Вақте ӯ шеърр мехонад, бисёриҳо тасаввур мекунанд, ки касе чун ӯ намехонад. Зеро шеърро басо бо дарк мехонад, чун худ маънирас аст.
Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Вале мегӯяд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ таваллудаш иштибоҳан соли 1957
БАҲОР Фирўз Ҳоҷиевич (тававаллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971).
Солҳои 1971 –1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1976 – 1990 котиби Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, 1990 – 1996 муаллими Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба
Наврӯз мерасад, фасли гулбези сол, оғози соли нави шамсӣ, фасли эҳёи табиати афсункор.
Наврӯз мерасад, Наврӯзе, ки соли дароз интизораш будем, Нарӯзе, ки омад-омадашро муштоқона интизорӣ мекашидем. Ва хеле пазмони он лаҳзаҳои вурудем.
Суханро аз Шайх Саъдии Шероз меоғозам, ки дар Дебочаи «Гулистон»-и ҳамешабаҳор меоранд: «...тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду айёми давлати вард расида...