ҲУНАРМАНДЕ, КИ АЗ НАҚШҲОИ ХУРД ОБРАЗҲОИ ХОТИРМОН МЕОФАРАД
Чоп шуд: 09/10/2024Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид.
Натиҷагирӣ аз сафари хидматӣ ба Ховалинг
Чоп шуд: 09/10/2024Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд.
ЭЙ ҲАМЗАБОНОН, РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК!
Чоп шуд: 05/10/2024Боиси ифтихормандист, ки дар масири таърихи пурмоҷарои миллати тоҷик ва таҳоҷуми фарҳангҳо забони тоҷикӣ асолати худро гум накарда, ҳамчун муаррифгар ва ҳастии миллат боқӣ монд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҷаҳду талоши равшанфикрону ватанпарварони миллати тоҷик боис гардид, ки забони модарии мо мақоми давлатиро касб кард ва аз он пас забони коргузории расмӣ эълон гардид...
ЗАБОН - ОИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ
Чоп шуд: 04/10/2024Таҳти чунин унвон рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур дар қатори кормандони пажӯҳишгоҳ меҳмонони зиёд, аз ҷумла сардори раёсати фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомӣ Хуршед, директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ, муовини директори Муассисаи давлатии Агентиии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва рӯзноманигорон аз ВАО иштирок доштанд.
Хусусиятҳои эътиқодии испанд дар расму ойинҳои мардумӣ
Чоп шуд: 16/09/2024Яке аз гиёҳҳое, ки дар тибби халқӣ маъмулу машҳур буда, мавқеи хосаро ишғол намудааст испанд мебошад. Он ҳамчун растании тирреша то 20-80 см қад кашида, намудаш гули 5-гулбаргаи зард, сафед, ғӯзаи сертухм тухми қаҳвагӣ ё буртоби ашхабӣ дорад. Ин растанӣ аввал сабзранг мешавад, ҳангоми пухта расидан оҳиста-оҳиста ба ранги зард табдил меёбад...
Ривоҷи ҳунари гулдӯзӣ дар Файзобод
Чоп шуд: 16/09/2024Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, ба хусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарзу чо ва гулдӯзиро ёд диҳад. Мавриди зикр аст, ки барои офаридани гуле дар матоъ заҳмати чанд ҳунарманд сарф мешавад...
Драматургия ва театр: аз муқовимат то ҳамкорӣ
Чоп шуд: 13/09/2024Драматургия ва театри миллии мо дар ҳоли талош ва ҷустуҷӯи дарёфти за-бони муосири муошират бо мухлисони хеш ҳастанд. Мо шоҳиди кӯшишҳое ҳастем, ки ба рушди ин ду навъи муҳими ҳунарӣ мусоидат менамоянд. Яке аз ин тадбирҳои муваффақ ва самарабахш дар рушди драматургияи миллӣ Оз-муни ҷумҳуриявии драматургон мебошад, ки қариб ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар амалӣ ва тибқи одат ба санаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бахшида мешаванд...
Сирк риштаҳои дӯстиро мепайвандад
Чоп шуд: 13/09/2024Аҳли санъату ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони сирк дар пайванди робитаҳои фарҳангӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Як ҳунарманди сирк метавонад бо номераи худ сайри ними ҷаҳон кунад, риштаҳои дӯстиро бипайвандад, фарҳангу ҳунари кишвари хешро ба халқҳои гуногун муаррифӣ намоянд. Агар ба ин муваффақ шуд, ин рисолати муборак ва бахти баланд аст барои ӯ, барои сирки тоҷик ва аҳли санъату ҳунари кишвараш...
Страницы
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »