ҶАШНИ ТИРГОН
Чоп шуд: 07/07/2017Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд