Интишорот
Баҳси матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир дар Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг
Чоп шуд: 07/03/2017Дар Мизи гирде, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, масоили марбут ба матуботи даврӣ ва таҳлили мушкилоти замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар суханони ифтитоҳии худ ёдрас шуд, ки Мизи гирд дар остонаи рӯзи матбуот – 11-уми март доир мешавад ва ҳадаф аз он муруре ба вазъи матбуот ва инъикоси масоили мубрами рӯз дар расонаҳои кишвар аст.
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуъи
Вопасин каломи Лоҳутӣ
Чоп шуд: 02/03/2017Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!
Алиакбари Деҳхудо - сипаҳсори адаби порсӣ
Чоп шуд: 28/02/2017То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш
Аҷдод ва авлод
Чоп шуд: 27/02/2017Ва ё шарҳи он ки чи тавр бархе қаламбадастони мо волидонашонро ба дунё овардаанд
Бархе аз қаламбадастони тоҷик зоҳиран маънои вожаҳои содаи «авлод» ва «аҷдод»-ро намефаҳманд ва гоҳе онҳоро ба ҷои якдигар истифода мекунанд. Ин амр фаротар аз саҳву иштибоҳ аст ва бояд бесаводӣ унвон бишавад. Ба ҷумлаҳои зер таваҷҷуҳ фармоед:
«Империяи сохтаи Чингиз ду аср устувор монд. Аҷдодони ў амали вайро идома
«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»
Чоп шуд: 21/02/2017Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.
Таҳияи 2 рисолаву се китоби дарсӣ дар як сол
Чоп шуд: 21/02/2017Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соли гузашта барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ, навиштанд ва муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва инглисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.
Соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳ доир ба мавзўи илмӣ 55 номгўй маводи чопӣ, аз ҷумла 2 рисола, 1 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ, 1 тақвим ва 48
Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷўйҳои илмӣ
Чоп шуд: 18/02/2017Чунин ном дорад китобе, ки ахиран интишороти “Аржанг” чоп кард.Дар ин китоб натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва нашрии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳо ва раванди татбиқи воқеии мавзўъ ва лоиҳаҳои илмӣ хулоса шудааст.
Дар китоби мазкур фаъолияти ҳар як шуъбаи ПИТФИ бо дарназардошти раванди татбиқи мавзўъҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, иҷрои нақшаҳои илмӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар поёни китоб рўйхати осори интишорёфта, аввал дар шакли нашри алоҳида,
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 52
- 53
- 54
- 55
- 56
- 57
- 58
- 59
- 60
- следующая ›
- последняя »