Ҳунаркада

Ҳунарҳои мардумӣ: САБАДБОФӢ

Бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофтанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорат нишон медиҳад. Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида ҷамъ меоварад. Ин навдаҳоро барои осон шудани кор

барчасп: 

Рўзи чакандўзон дар пойтахт

Дар маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ин намоиш 7 июли соли ҷорӣ аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба

барчасп: 

Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар омӯзишҳои дувуми минтақавии Алмаато

Ҳадаф аз баргузории ин омӯзиш тайёр кардани мураббиёни минтақавӣ ва миллӣ мебошад, ки онҳо дар оянда дар кишварҳои худ ба таълими усулҳои ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддӣ машғул шаванд. Бояд ёдрас кард, ки омӯзиши якуми ин лоиҳа соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барпо шуда буд. Мавзўи имсолаи омӯзиш феҳристсозӣ ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ якҷоя бо ҷомеа буд.
Аз  25-ум то 29-уми июни соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон

барчасп: 

Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Исфара

Форум ва Намоишгоҳи байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ субҳи рӯзи 30-уми июн дар шаҳри Исфара сухани муқаддимавии Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин оғоз ба кор кард. Дар кори он ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ширкат карданд.

барчасп: 

Оҳангарӣ: гузашта ва имрӯз

Ҳоло  вобаста ба тағйир ёфтани шароити моддии зиндагӣ ва бо молҳои истеҳсоли фабрикӣ таъмин гардидани аҳолӣ эҳтиёҷ ба устоҳои оҳангар кам шудааст. Вале дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мардум ҳоло ҳам ба баъзе маҳсулоти оҳангарони маҳаллӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин оҳангарӣ ҳамчун касби авлодӣ ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру деҳоти Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Турсунзода, Кулоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг,

барчасп: 

Ҳунари кокулбофӣ дар Восеъ

Аз асрҳои пеш мафҳуми “кокул” дар байни тоҷикон бо истилоҳҳои ҷамолак, пилта, пўпак, пилик ва ғайра номбар шуда, истифодабарандагони он, асосан, занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ онро чолбандак ва шаддае (пўпак), ки дар давомаш пайваст мекунанд, чолбандгирак меноманд.

Оро додани мўйҳо, бофтани кокул ва овехтани зеварҳои ороишӣ байни занону духтарони тоҷик суннати дерина буда, дар ҳар минтақа бо тарзҳои мухталиф роиҷ аст.

барчасп: 

ШАШМАҚОМ ДАР ЗАМОНИ ИМРЎЗ

Дар мақола таърихи шашмақом бо зикри эҷодиёти бархе аз донандагон, ҳофизону мусиқанавозони мумтози тоҷик баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар ин макола давраҳои таърих ва аҳамияти шашмақомро дар замони ҳозира ифода мекунад. Аз Авесто то замони имрўз ин шоҳасари мукаммали мусиқӣ ҳаматарафа омўзонида нашудааст ва муаллиф дар айни замон маҷалаҳои ривоҷу равнақ дошта, дар илм ва санъат дар ансон олимон ва иҷрокунандагон ба роҳ монда шудааст.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

Раҳматии падарам мегуфтанд, ки вақте ки пайғамбар Нуҳ алайҳисалом хабари зери об мондани дунёро аз Ҷабраил мешунавад, аз пайи сохтани киштии калон мешавад. Дар он вақтҳо оҳан набудааст ва Ҳазрати Нуҳ (а) киштиро аз чўб месозад. Киштии сохтаи Ҳазрати Нуҳ (а) хеле калон будааст. Чун ки дар он махлуқоту ҷонварони зиёде аз марг наҷот ёфтаанд. Барои сохтани он киштӣ дарахтони зиёд ва гуногун истифода шудааст. Пас аз анҷоми тўфон Ҳазрати Нуҳ (а) мебинад, ки дар ҷои сохтаи киштӣ, ки онҷо тарошаҳои зиёди чўб боқӣ

барчасп: 

Страницы